Бақайдгирии номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ

№12 (3313) 26.01.2015

22 январи соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, тибқи пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 12, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати 27 нафар номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳафт нафар номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо ба қайд гирифта шуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии 28 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби як нафар номзади пешбаришуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби хаттӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии ӯ тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Сафиаллоев Усмон Исматуллоевич аз рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзадии 15 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарраргардида аз ҷониби ҳашт нафар номзади пешбаришуда Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби хаттӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии онҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ ба қайд гирифта нашаванд. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Ёрматова Гулчеҳра Камолиддиновна, Давлатов Фаридун, Қобилова Сулҳия Яшиновна, Шарипов Алишер Назаралиевич, Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, Ашуров Ихтиёр, Шулашов Нурулло ва Абдуллоев Меҳроҷ Санонович, ки тибқи рӯйхати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешбарӣ шуда буданд, аз рӯйхати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Ҳамчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 135 нафар шахсони боэътимоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва 25 нафар шахсони боэътимоди Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

 

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»