1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Баҳри зиндагии сазовор ба ҳар як сокини кишвар

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

Исмоилзода Зуфар Муртазохон 1 январи соли1964 дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Ғончӣ дар оилаи  деҳқон ба дунё омадааст.  Маълумоташ олӣ.

Соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон соли 1988 ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо хонандагон, ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ноҳиявии комсомоли Ғончӣ оғоз бахшидааст. Баъдан дар вазифаҳои дастурдеҳи Кумитаи Марказии комсомоли ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳарбию ватандӯстӣ, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Ғончӣ, мудири бахши шуъбаи идеологии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Идораи кор бо ҷавонони вилоят, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбари Маркази аналитикии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2007-2011 раиси шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) буд. Дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Ситораи сурх», медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои фидокорӣ» (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), «Ба иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ», медали «Ба ҷанговари интернатсионалист», ордени «Барои хизмати шоён»-и Иттифоқи мудофиавии ташкилоти варзишӣ-техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Фонди умумироссиягии шараф ва мардонагии Федератсияи Россия, медали «Шараф» дараҷаи II-и Комиссияи мубориза бо коррупсияи Федератсияи Россия, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мукофотҳои соҳавӣ ва якчанд медалҳои ҷашнӣ мебошад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати  IV) ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) аст.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон соли 2011 раиси ноҳияи Ғончӣ таъин шуд.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ғончӣ №24 мебошад.

Таҳти роҳбарии З. М. Исмоилзода корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии маҳалҳо вусъати тоза гирифт ва тӯли солҳои охир ноҳияи Ғончӣ хеле ободу зебо шуд. Дар миқёси вилояти Суғд дар озмуни «Шаҳр, ноҳия, ҷамоати беҳтарин» ҷойи сеюмро ишғол кардани ноҳияи Ғончӣ, дар озмуни «Маҳали аҳолинишини беҳтарин» ҷойҳои намоёнро сазовор гаштани деҳоти «Яхтан», «Ғазантарак» ва «Далёни Боло»-и ноҳия исботи ин гуфтаҳост.

Серталабӣ нисбати худ ва зердастон, маърифати баланди муносибат бо ҳамкорон, адабу фарҳангпарварӣ, шеърдӯстӣ аз хислатҳои хоси Исмоилзода Зуфар Муртазохон мебошад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон Барномаи пешазинтихоботии худро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба интихобкунандагон манзур карда, пуштибонии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба рушди босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дохилию хориҷии кишвар, саҳми арзанда гузоштан дар амалисозии  мақсад ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ оид ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандию адолатпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии шоиста барои ҳар як инсон, қабули қонунҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, таҷдиди низоми маориф, тибби оилавӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,  эҳтиром ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои конститутсионии қонунҳо, мусоидат  дар татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», солимгардонии муҳити ахлоқии ҷомеа, беш аз пеш ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани ҷавонон, занон, саҳмгузорӣ баҳри амалигардонии дастуру нишондодҳои Президенти кишвар оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани фаъолияти озодонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳдошти ҳолати истифодаи замин, самаранок истифода бурдани об, густариши соҳибкории хурду миёна, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, барқарор намудани муҳити оштинопазир нисбат ба қонуншиканӣ аз муҳимтарин масъалаҳои барномаи хеш медонад.

-Дар сурати интихоб шуданам ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки масъалаҳои зерин роҳи ҳалли худро ёбанд: ҳалли муаммоҳои мавҷудаи ҳудуди ҳавза оид ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла роҳҳои байни Ғончӣ – Муҷун -Калининобод ва Истаравшан -Калининобод; роҳандозӣ ва амалишавии фаъолияти хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой ва «Барномаи рушди иқтисодӣ – иҷтимоии ноҳияи Ғончӣ барои солҳои 2016-2020»; сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Қалъаи Ҳоҷии деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ; азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти «Муҷун»; сохтмони бинои таваллудхона дар шаҳраки Ғончӣ; нигоҳдорӣ, таъмир ва ободонии роҳҳои маҳаллии ҳудуди деҳоти шаҳри Истаравшан, — мегӯяд Исмоилзода Зуфар Муртазохон.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»