1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Барномаи ӯ дар заминаи воқеӣ қарор дорад

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

MЧун шунидам, ки  Муҳаббатшоҳ  Рӯзадоров- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа аз   ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ № 40 номзади ҲХДТ ба  вакилии Маҷлиси намояндгони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шудааст, хурсанд шудам, зеро ин марди шариф ҳам саводи баланд дораду ҳам меҳнатдӯст ҳастанд.   Масъулияти сомони ҳар як корро комилан ҳис мекунад. Кӯшиш менамояд, кор он тавре ки лозим бошад бояд сомон дода шавад. Дилаш ба  халқу диёру  миллаташ месӯзад. Муҳаббатшоҳ зиёиест бо кулли маънияш. Ҳангоме ки муовини раиси шаҳри Хоруғ буд, маҳз бо ибтикораш «Барномаи маънавиёт» рӯи кор омад, зеро он рӯзҳо маънавиёт хеле коста шуда буд.Баъдан дар амалӣ гардидани он пайваста меҳнат мекард. Ин буд танҳо як мисоле аз фаъолияти  ин инсони комил.

Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров соли 1975   факултети  таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро бо баҳои аъло хатм карда,бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба   муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Орҷоникидзеобод ба кор меравад.Баъди муддате  ба ҳайси омӯзгор  кор карданаш, муовини  директори  муассисаи таълимӣ таъин шуд. Дар пешбурди кори таълиму тарбия дар мактаб дар ҳамбастагӣ бо коллективи омӯзгорон  кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Заҳматҳояш  ройгон нарафтанд. Эътибори  ин муассисаи таълимӣ  баланд гардид.

Соли 1978 роҳбарияти  Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ӯро ба ҳайси коромӯз- тадқиқотчӣ ба кор даъват намуд, аммо ҳамон сол ӯро барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Иттиҳоди Шӯравӣ даъват  карданд. Натиҷаи дониши баланди Муҳаббатшоҳ буд, ки  хизматро ба ҳайси  котиби озоди  кумитаи комсомолии қисми ҳарбӣ ба ҷо овард.

Чун ташнаи илм буд, соли 1981 ба Институти фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравии шаҳри Москва дохил   гардид.Аспирантураро низ дар ҳамин институт хатм   намуда, дар  шуъбаи фалсафаи  Академияи илмҳои  Тоҷикистон ба фаъолият оғоз   намуд.  Панҷ  сол дар Донишгоҳи навтаъсиси шаҳри Хоруғ  вазифаи  мудири кафедраи фалсафаро бар   дӯш дошту ҷавонони зиёдеро чун шогирд ба воя расонд, ки чандин нафарашон на танҳо дар Донишгоҳи  давлатии шаҳри Хоруғ  ба номи М. Назаршоев, балки дар донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ  ва берун аз он   низ ба ҳайси устодони фанни фалсафа кор мекунанд.

Доираи тадқиқоти   илмии академики   Академияи умумиҷаҳонии бехатарии комплексӣ Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров хеле   доманадор  буда, оид ба масоили миллию этникӣ, ҷавонон, лидери сиёсӣ ва мақоми ӯ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, самтгирии маънавии  қишрҳои гуногуни ҷомеа дар шароити нави иҷтимоӣ, демократия ва давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули шуури миллӣ  ва муҳоҷирати меҳнатӣ   мақолаҳои илмии сершумореро дар китобу маҷалла ба табъ расонидааст.

- Соли 1997 дар шаҳри Душанбе  озмуни барномарезии «Барномаи инсоншиносии Оғохони  IV  барои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.Дар байни чандин довталабон, ки аксарияташон олимон буданд, Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров  ғолиб баромад.То соли 1999 дар ин Барнома фаъолият дошт. Инчунин  дар таълифи китоби шашҷилдаи дарсии «Барномаи инсоншиносӣ барои Осиёи   Марказӣ» ширкат варзида, яке аз муаллифони он ба    шумор  меравад. Аз соли 1999 то соли 2006 дар вазифаи директори «Барномаи инсоншиносии Оғохони  IV  барои Осиёи Марказӣ»  дар назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият намудааст. Дар чанд соли охир бошад, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дорад.

Барномаи пешазинтихоботии Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров пурмуҳтавост. Тавре аз барномааш маълум аст, ӯ бо дарки амиқи  масъулият сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамчун номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда, бо ифтихори бузург садоқати худро ба Ватани азиз- Тоҷикистон, ҳифз ва эҳтироми муқаддасоти  миллию бумӣ,таъмини баробарҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ,ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар рукнҳои давлатдории миллӣ  эълон дошта,  самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии ҳизбро асоси фаъолияти худ қарор дода, кулли донишу  қудрати илмӣ, маҳорат ва таҷрибаи кориашро баҳри таҳия ва қабули қонунҳои ба талаби замон мувофиқ равона хоҳад   кард.

Дар бораи барномаҳои  номзадҳо аз ҳавзаи   якмандатии  интихоботии № 40 бо интихобкунандагони зиёде ҳамсуҳбат шудам, ба аксарияти онҳо Барномаи  пешазинтихоботии  Муҳабббатшоҳ Рӯзадоров хеле писанд аст.

-Барномаи ҳамаи номзадҳо хуб аст, аммо барномаи Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров, ки дар заминаи воқеӣ қарор дорад,ҷолиб аст, — мегӯяд рӯзноманигор Лутфишоҳ Қимматшоев. Андешаи аксарияти интихобкунандагон  чунин  аст.

Лутфуллоҳ  ҚУРБОНОВ, рӯзноманигор