1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаи комил дорад

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Тагоймуродов Анвар Хайдарович1Тӯли фаъолияти чандсолаи рӯзноманигорӣ мо бо кормандони зиёди соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот суҳбату вохӯриҳо доштем ва бо кору фаъолияти онҳо шиносоӣ пайдо намудем. Хушбахтона, дар ин миён буданд нафароне, ки бо дониши зиёду фаҳмиши баланд, тафаккури созандаю судбахши хеш оид ба ин ё он паҳлуи масъалаҳои гуногуни рӯзгори мардум, пешрафту мушкилоти ҷомеа андешаҳои ҷолиб пешниҳод менамуданд. Яке аз ин нафарон Анвар Ҳайдарович Тағоймуродов аст. Ӯ шахси хирадманду масъулиятшинос, соҳибтахассус ва фидокору заҳматпешаест, ки бо тамоми ҳастӣ пайи беҳбудии рӯзгори халқ, пешравии ҷомеа заҳмат мекашад.

Чунин шахс танҳо дар муҳити хубу созанда, ки дар камолоти инсон нақши неку солим мегузорад, ташаккул меёбад. Анвар Тағоймуродов дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падару модари меҳрубон бо тамоми ҳастӣ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки фарзанди худро бо тарбияи хуб ба камол расонанд. Хушбахтона, муҳити мактаб низ барои дониши хуб гирифтанаш созгор омад. Аз нахустин рӯзҳои таҳсил ва солҳои минбаъда омӯзгороне ба ӯ таълим медоданд, ки соҳиби дониши хубу малакаи баланди касбӣ буданд.

Хизмати сесола дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ низ барои ҷавонписари тоҷик Анвар Тағоймуродов мактаби бузурги тарбияи иродаву мардонагӣ ва бо душвориҳои минбаъдаи зиндагӣ мардона тоб овардан гардид. Ҳамаи ин боис шуд, ки оянда ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор ояд. Соли 1984 мактаби миёнаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро хатм намуд. Соли 1991 бошад, Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошкенти Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро, ки яке аз мактабҳои беҳтарини он айём ҳисоб меёфт, бо баҳои хубу аъло ва дониши касбии зарурӣ ба итмом расонд. Анвар Тағоймуродов чӣ дар айёми шӯравӣ ва чӣ солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун яке аз кадрҳои беҳтарини мақомоти корҳои дохилӣ муаррифӣ кард.

Солҳои зиёд аст, ки дар вазифаҳои масъули ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Моҳи марти соли 2002 ба боварии интихобкунандагон сазовор гардида, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то январи соли 2005 дар парлумони касбии мамлакат фаъолият намуд.

Дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳайати фаврии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз моҳи январи соли 2005 то моҳи майи соли 2007 фаъолияти хешро идома бахшидааст. Аз ҷумла Анвар Тағоймуродов чанд сол сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Раёсати мазкур вазифаи хеле душвору пурмасъулиятро ба уҳда дорад. Мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, беяроқгардонии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, пешгирӣ ва ошкор намудани дигар амалҳои ҷинояткорона аз самтҳои асосии фаъолияти ин Раёсат аст. Дар таркиби Раёсат шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон, бахши мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ амал мекунанд, ки иҷрои вазифаҳои мураккабро ба уҳда доранд. Ошкор намудан ва пешгирии чунин амалҳои ҷиноятӣ донишу таҷриба, доштани дараҷаи баланди касбиятро тақозо менамояд. Тӯли солҳои роҳбарии генерал-майор Анвар Тағоймуродов аз ҷониби кормандони ин раёсат бисёр амалҳои ҷиноятӣ, гурӯҳҳои муташаккил, ҳолатҳои хариду фурӯши одамон ошкор ва ҷинояткорон дастгиру ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мавсуф ҳамчунин дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори Раёсати  фаврии махсус ва муовини директори ҳамин Агентӣ (солҳои 2007- 2009), муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011-2012) фаъолият намудааст. Баъдан ба сифати сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон (солҳои 2012-2015) фаъолияти худро идома додааст.

Барои хизматҳои арзанда дар назди халқу Ватан бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Ҷасорат» ва 31 мукофоти соҳавӣ қадршиносӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки чунин нафари воқеан ҳам соҳибэҳтирому шоиста, дорои ахлоқи ҳамидаю нек, ки солҳои тӯлонии заҳмат дар сафи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои ҳалол танҳо суханони хуб, барои кумаку дастгирии холисона аз нафарони зиёд миннатдорӣ шунидааст, ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 пешбарӣ гардидааст. Ӯро ба ин маснади олии пурмасъулият 31 декабри соли 2014 вакилони Конференсияи муштараки шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Бохтар аз ҲХДТ пешбарӣ намудаанд.

Барои парлумони касбии мамлакат Анвар Тағоймуродов барин ҳуқуқшиноси варзида, дорои рутбаи генерал — майори хизмати дохилӣ, нафаре, ки аз мактаби хуби тарбияю такмили маҳорат гузаштаасту набзи ҷомеаро хуб эҳсос менамояд, зарур аст.

Ба Анвар Тағоймуродов таҷрибаи солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯхтааш имкон медиҳад, ки дар сурати ба боварии интихобкунандагон сазовор гардидан, ба манфиати миллату мамлакат корҳои бештару беҳтарро боз ба сомон расонад.

Давоми фаъолияти пурсамари худ дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ, тинҷию оромии сарзамин, сулҳу субот, пойдории Ваҳдати миллӣ чун ҳомии қонуну тартибот садоқатмандона ифои вазифа намудааст. Аз нигоҳи мо Анвар Тағоймуродов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои панҷ соли оянда интихоб мегардад, номзади арзанда аст.

Аъзам МӮСОЕВ, Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»