Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, замоне ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлобро ба зимма доштанд, ҳангоми баррасии масъалаи авзои кишвар пайки наҷот ва орзуи расидан ба сулҳу суботро бо итминон ва бовар ба неруи ақлонии миллат чунин баён доштанд: «Ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ қуввае қисмат кардани Тоҷикистони азиз муяссар намегардад.
Онҳое, ки ба зӯрии яроқ сари қудрат омадаанд ва ҳокимияти конститутсиониро ғасб кардаанд, лаънатзадаи халқ ҳастанд. Мо омода ҳастем ва қувваи кофӣ дорем, ки ба онҳо муборизаи беамон барем». Дар он фурсат, ки толори иҷлосия ҳанӯз аз баҳсу сару садои мухталиф лабрез буд, бори нахуст фазои сукуту оромии таҳаммулборро соҳиб шуд. Ҳатто аксар андаруни қалб нидо дар доданд, ки кош ин марди ҷасур ва соҳибифтихору мутмаин бар қудрати худу миллати хеш соябони сари халқ гардад. Чунки дар ҳар як ҳарфу ҳиҷои ӯ эътимод, бовар, огаҳӣ аз таҷрибаи таърихии миллат ва андешаи мутакко дар андӯхтаҳои зиёди ҳаётӣ нуҳуфта буд, ки метавонист маҷмӯан роҳеро барои фардо чароғон карда, истиқлоли воқеии миллатро таҳким бахшад. Ба бахти мардуми тоҷик ҳамин тавр ҳам шуд ва ба қавли маъруф: «фариштаи омин дар гузар будааст», ки вакилон якдилона садои ниҳонии қалби хешро ба берун кашиданд ва бо ҳамовозии самимона раҳнамову ҳодӣ ва Пешвои асили миллат – Эмомалӣ Раҳмонро соябони ҳақиқӣ бар сари миллат пазируфтанд. Сарвари тозаинтихоб дар аввалин фурсати роҳнамоӣ ба мардуми ҷумҳурӣ бо муроҷиати бародарона ва фарзандона изҳор дошт, ки «халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷиатноктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа, будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд». Роҳбари нави кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди инсонӣ дар назди таърих ва такя ба неруи бузурги ақлонии аҳли ҷомеа паёмадҳои ногувор ва дардноки ҷанги шаҳрвандиро барои мардум шарҳу тафсир намуданд, то ки мардум бо эҳсоси баланди ватандорӣ, ки дар ниҳод нуҳуфта доранд, аз хоби ғафлат бедор шуда, фоҷиаи нангини таърихиро ҷилавгирӣ намоянд. Дар он суханронӣ бо дард таъкид шуд, ки «даҳҳо ҳазор одами бегуноҳ шаҳиду маҷруҳ шуданд. Имрӯз халқи тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одамон бе хонаву дар ва сарсону саргардон шудааст. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад». Ин пайки воқеан наҷоти миллат тавонист бо манзур намудани барномаи муҳими давлати тозабарқарори тоҷикон роҳи равшану пайдоро рӯнамоӣ кунад. Бо натиҷагирӣ аз авзои баамаломада, барқарор намудани маҷмӯи мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо, бахусус сохторҳои қудратӣ, хомӯш кардани оташи ҷанг, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, таҳкими пояҳои иқтисодии давлати фалаҷгардида муҳимтарин вазифаҳое маҳсуб мешуданд, ки дар барномаи азнавсозии Эмомалӣ Раҳмон мақоми меҳварӣ касб намуданд. Муҳимтарин нуктае, ки дар он суханронӣ таъкид гардид, паёми сулҳ барои ҳамватанон ба шумор мерафт ва онро ҳамчун ваъдаи таърихию маҳсули анҷоми рисолати аслии инсонӣ ва роҳбарӣ арзёбӣ намуданд. Ба ибораи дигар, раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини сулҳу субот пайванд меёфт, ки он дар шумори муҳимтарин ҳадафҳои Роҳбари давлат қарор гирифт. Ба ин хотир буд, ки Сарвари давлат бо дарки масъулияти баланд дар ҳузури намояндагон баён доштанд, ки: «Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мефаҳмам, ки дар ин давраи барои Ватан ва халқи ҷумҳурӣ хеле душвор кадом масъулиятро ба дӯш дорам». Талош барои эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳ ёфтани кишвар ба харитаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин мақсад ва авомили муроҷиати Роҳбари кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мерафт, ки воқеан дар фурсати хеле кӯтоҳ самараҳои матлуберо барои миллат насиб гардонд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хирадварз, бедордил, меҳанпараст ва дӯстори халқ нахустин иқдоме, ки пеш гирифт, афви умумӣ буд. Ин тадбир эътимод ва боварии мардумро боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон ва наздик омадани замони сулҳу оштии миллӣ тақвият бахшид. Маҳсули ин тафаккур ва андешаи хирадварзона дар сароғози марҳилаи соҳибистиқлолӣ батадриҷ рӯ ба хомӯшӣ расидани ҷанги хуниншиор ва тантанаи сулҳу салоҳу ваҳдати миллӣ гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат ин барномаи мубораки миллатсоз бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат пиёда гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷудонопазир шинохт. Гузашта аз ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб кард, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шуда, ҳамчун модели оштии зидҳо дар давлатҳои рӯ ба ташаннуҷи сиёсӣ ба кор гирифта шуд. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Аннан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва ғайраҳо ба таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тавр, бо такя ба маҷмӯи барномарезие, ки дар паёмҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, метавон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро сароғози истиқлоли воқеии мамлакат арзёбӣ намуд. Чунки дар меҳвари он барномаҳои рушду эъмори давлатӣ — таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ҷойгоҳи мустаҳкам пайдо ва ба гунаи дигар дурнамои тараққиёти кишварро пайрезӣ намуданд.
Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, тибқи шартномаи сармоягузорӣ бо кишварҳои Федератсияи Россияю Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун шарикони боэътимоди стратегӣ ду неругоҳи бузурги барқи обӣ — «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Соли 2016 корҳои сохтмонӣ ва бунёди садд дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», чун бузургтарин иншооти аср, бо ҳузури бевоситаи Пешвои миллат оғоз ёфт, ки саҳифаи тозаеро дар низоми истиқлолияти энергетикии мамлакат ифтитоҳ намуд.
Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар солҳои 2009-2020» раванди ислоҳоти энергетикиро майлони тоза бахшида, татбиқи муваффақонаи он кишварро ба манбаи нур табдил дод. Агар қабл аз қабули барнома то соли 2008 дар мамлакат 94 неругоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуда бошад, пас аз ду соли амалкард соли 2011 теъдоди онҳо ба 240 адад расид, ки нисбат ба соли 2008 қариб 3 маротиба зиёд мебошад. Дар назар аст, ки мутобиқи барномаи зикршуда то соли 2020 190 неругоҳи дигар ба истифода дода мешавад, ки теъдоди зиёди онҳо дар рӯдхонаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон қарор хоҳанд гирифт. Инчунин, анҷоми босамари Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки воқеан иншооти муҳими аср эътироф шудааст, метавонад мамлакатро ба сарчашмаи муҳими истеҳсоли неруи барқ ва захираи пурғановати энергетикӣ табдил диҳад. Дар поёни соли 2016 бо ҳузури бевоситаи Пешвои миллат баста шудани маҷрои дарёи Вахш ва оғози кор дар самти бунёди садди он раванди сохтмони ин иншооти асрро суръат бахшида, ҷомеаи кишварро ба ҳадафҳои наҷиб ва қуллаи ормон наздик гардонид. Бо ба истифода додани хатти интиқоли барқи 500 киловатаи «Ҷануб-Шимол», ки муҳимтарин қадами устувор дар роҳи васли низоми ягонаи барқии кишвар маҳсуб мешавад, ҳолати таъмини вилояти Суғд бо неруи барқ хеле беҳтар гардид.
Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ шоҳроҳи бузурги Душанбе – Хуҷанд – Чанок эҳё гардида, муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо манотиқи Ҷанубу Шарқӣ ва маркази мамлакат – шаҳри Душанбе дар ҳама фасли сол гардид. Соли 2012 сохтмони нақби Шаҳристон ба анҷом расида, роҳи ормони миллат ба сӯи васли ҳамдигар ва тантанаи дӯстиву садоқату рафоқатҳои абадӣ боз шуд.
Сиёсати маънавиятасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи худро аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ то ба имрӯзу фардо пайванди маҳкам мебахшад, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа, бавижа, насли наврасу ҷавонро ба ҳукми пойдевори мустаҳками Истиқлолияти давлатӣ эътироф намуда, дар заминаи он зуҳури барномаҳои муҳим аз сар гирифта шуд. Бар ин асос, соли 1993 дар мамлакат ба шоистагӣ ва дар сатҳи баланд ҳазорумин солгарди ҳамосаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» таҷлил гардида, тавонист дар шуури маънавии ҷомеа таъсири пурбаракат гузошта, рамзи ваҳдатгароӣ, эътироз аз бародаркушиву фарзандкуширо миёни мардуме, ки он айём ба гирдоби ҷанги бемаънӣ ғӯтида буд, таблиғ намояд, то роҳ ба сӯи ҳамдилӣ бигирад. Ин сиёсати дурусту дурбинона воқеан, барои сабақомӯзии миллат аз гузашта мусоидат намуда, дар нуқтаи олии шинохтанҳо ба ҳукми намунаи барҷастаи давлатсозиву миллатофаринӣ маҳз таҷлили шукӯҳманди 1100 — солагии давлатдории Сомониёнро моҳиятан ба амал пайванд бахшид. Воқеан, батадриҷ амалӣ шудани бахшҳои муҳими сиёсати маънавии Сарвари давлат дар заминаи бузургдошту гиромидошти шахсиятҳои таърихиву адабӣ, солгарду солномаҳои олишон омили фаровонро барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва маънавӣ дар остонаи қарни нави таърихӣ, дар айёми нуфузи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо заминагузорӣ намуд. Маҳз, футӯҳи ин сиёсат буд, ки ҷаҳониён дубора дар асри муборизаҳои технологӣ ба фарҳангу мероси пурбаракоти таърихии миллат бо диди нав назора намуданд. Таҷлил аз Мавлонои Румӣ ҳамчун инсони ормонӣ ва офаринандаи шоҳасари мавсум ба «Қуръон» дар забони паҳлавӣ дигарбора башариятро ба муколамаи фарҳангу тамаддунҳо даъват намуд ва ба унвони китоби соли Амрико пазируфта шудани он таваҷҷуҳи Ғарбро ба фарҳанги инсонсолории ниёкон собит сохт. Дар заминаи бузургдошти 1150- солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Маҷмааи СММ баргузор шудани ҳамоиши илмӣ ва дар симои Одамушшуаро шинохта шудани муаллими одамият ва дар таълимоти ҷаҳонсози Имом Абӯҳанифа шарҳ дода шудани фалсафаи таҳаммулпазирӣ ва мадоро, ки бозгӯкунандаи муколамаи адёну мазоҳиб буда, ҷаҳони пуртазоди имрӯзро ба оштии фикрӣ мехонад, боз ҳам ба ҷаҳонӣ шудани падидаҳои сиёсати фарҳангии Пешвои миллат — ин ҳадяи таърих барои наҷоти миллат дар остонаи ҳазорсолаи нави таърихӣ ба шумор меравад.
Ба поён расидани барномаи мукаммали сатҳи ҷаҳонӣ – «Барномаи даҳсолаи амалиёт барои оби тоза», ки солҳои 2005 – 2015 дар ҷаҳон бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат ҷараён гирифт, инчунин, истиқболи боз як ташаббуси Пешвои миллат таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал — «Об-барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028, ба падидаҳои сиёсати умумибашарӣ роҳ ёфтани иқдомоти кишвар дар симои ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд. Соли 2014 низ дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти миллӣ 700-умин солгарди бузургдошти мутафаккир ва орифи номовари Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҳузури муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ таҷлил гардид, ки аз идомаи бомаром ва бобарори татбиқи сиёсати маънавиасос ва инсонгароёна паём расонида, нақши пурфайзи онро дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ, бедории маънавӣ ва ҳувияти мардум барҷаста намоён мегардонад.
Имрӯз вақте ба қуллаи бузурги шукӯҳу нусрати Истиқлолияти давлатӣ наздик мешавем, беихтиёр зарурати таваҷҷуҳ ба он пеш меояд. Дар оғози нигошта ба барномаи Пешвои миллат дар айёми баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ руҷӯъ намудан беҳикмат набуд, зеро зарурат пеш омадааст, ки ба он фурсатҳои барои миллатсозӣ муҳим ҳамчун сабақи таърих ва дарси давлатдориву давлатсозӣ назар афканем. Яъне, аз имрӯз ба баъд бояд зиёдтар барои насли имрӯз, ки зодагони даврони истиқлол ҳастанд, корномаҳоро ба ҳукми дарсҳои навини таърихи давлатдорӣ ва миллатсозӣ нақл намоем, то барои онҳо сабақи ибратомӯз бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки чеҳраи ҷавонони имрӯз воқеан аз чеҳраи насли ҷавони солҳои 90-и асри гузашта фарқ мекунад. Ҳикоят аз он достонҳои мондагор ва беназири бунёди давлати навин, ки пушти онҳо ҳазорон қиссаву достони мардонагӣ ва ҷасорату қурбониҳои беназир нуҳуфтааст, воқеан барои насли имрӯз сабақи муҳим хоҳад буд, чунки ваҷҳи ин саодатро бояд ҷавонон дарку эҳсос кунанд ва ҳамин шеваи муносибат ба таърих ҳамчун рукни муҳими давлатсозӣ метавонад онҳоро ба сӯи корнома ва муҳимтар аз ҳама, расидан ба қадри озодиву нишоти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳидоят созад. Боварӣ аст, ки таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ марҳилаи тозаеро барои шинохти таърихи навини мамлакат ҳамчун дарси бузурги миллатсозӣ ва оини давлатдорӣ фатҳ намуда, нусрату шукӯҳи фузунро барои имрӯзу фардо ато хоҳад овард.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент