Интихоби мо чӣ маъно дорад?

№22 (3323) 17.02.2015

Ба мо на аз рӯи ваъдаҳо, балки аз рӯи корҳоямон баҳо диҳед

Барои кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи нав фаро мерасад. Он дар ҳаёти ҳар яки мову шумо, ҳам дар ҳаёти ҷомеа марҳилаи нав мекушояд. Баъди чанд вақти дигар, рӯзи 1 марти соли равон мо ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ омада, вакилони худро ба яке аз муҳимтарин пояҳои ҳокимияти давлатиамон, ба мақоми олии қонунгузори мамлакат- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои панҷ соли оянда интихоб мекунем.

Ин чӣ маънӣ дорад? Оё ҳамагон ба хубӣ сарфаҳм меравем, ки иштироки мо дар интихобот, дидаю санҷида ва бо риояи инсофу адолат, воқеъбинона овоз доданамон барои ин ё он номзад, барои намояндаи ин ё он ҳизб, қувваи сиёсӣ чӣ иқдоми муҳим ва масъулонаест?

Шаҳрвандони азизи кишвар медонанд, инро мо дар рӯзгори ҳамарӯзаи хеш даҳҳо бор шоҳид будаем, ки давлатдории навини мо бар пояи қонун устувор аст, тамоми ҷомеа пойбанди қонун аст. Муносибатҳои гуногунпаҳлуи давлат, фард ва ҷомеа тавассути қонун танзим гардида,иҷрои он, муқаддам гузоштани он барои ҳамагон- аз хурд то бузург ҳатмист. Қонун рушди моро таъмин месозад, ояндаи моро равшан мекунад. Волоияти қонун яке аз бахшҳои умда ва ба чашм намоёни низоми демократӣ дар кишварамон аст.

Мо ин роҳро ҳанӯз аз қадамҳои нахустини ба истиқлолияти давлатӣ расидан, бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан он ҳам бо раъйдиҳии ҳамаи мову шумо сурат гирифт, интихоб карда будему имрӯз бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари муаззами кишварамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти номбурда собитқадамона пеш рафта, онро зина ба зина таҳкиму тақвият дода истодаем. Конститутсия Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муқаррар кардааст.

Дар таърихи башарият он имрӯз беҳтарин роҳи таъмини ҳокимияти мардумӣ мебошад. Ҷаҳон ягон амсилаи дигари давлатдориро намедонад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон беҳтар аз роҳи номбурда таъмин мешуда бошанд.

Ба ҷуз ин, аз муҳимтарин нишонаҳои табиати демократӣ доштани давлатдории мо, ки тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, таҷзия ё тақсими қудрати давлатӣ бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ба ин васила тавозун дар идораи давлат таъмин мегардад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳамон се шохаи ҳокимият аст, ки салоҳияти қонунгузориро ба зимма дорад. Қонун бошад, усул, тартиби зиндагии мову шумо, имрӯзу ояндаи мову шумо, муносибатҳои мо бо давлату ҷомеа мебошад. Қонунҳо, ки тавассути намояндагони мардумӣ пешниҳоду таҳия ва баррасиву қабул мегарданд,  ба туфайли иҷрои ҳамагониашон ба истиқрори адолати иҷтимоӣ замина фароҳам меоваранд.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияту масъулияти бузургеро бар дӯш дорад. Ҳамаи он дастоварду пешравиҳое, ки то имрӯз, давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мо воқеъ шудаанд, рафъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими қонуният, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, пайваста боло рафтани сатҳи зиндагии мардумамон аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти огоҳона ва пурсамари ин мақоми олии намояндагӣ мебошад.

Оё мо мехоҳем, ки ин дигаргуниҳо идома пайдо бикунанд? Оё мехоҳем он корҳои бузурге, ки то имрӯз оғоз шудаву ҳоло давом доранд, муваффақона ба итмом бирасанду зиндагии шоиставу осудаҳолонаи мову наслҳои баъдиамон таъмин бишавад? Пас хеле муҳим аст, ки ин бор ҳам, вақте назди қуттиҳои овоздиҳӣ меравем, мисли ҳамеша ба парламентамон беҳтарин намояндагони хеш, афроди ватандӯсту ватанпараст, донишманду босалоҳият, дорои мавқеи фаъоли  шаҳрвандӣ, соҳибнуфуз ва бо симои неку писандидаи маънавию ахлоқиро пешбарӣ ва интихоб кунем.

Сифатҳои мазкур на фақат ба намояндагони мо дар мақоми олии қонунгузор муҳим ҳастанд, балки дар интихоби вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ба мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот низ мо бояд сифатҳои мазкурро дар симои ин ё он номзад шарти муҳимтарини аз ӯ ҷонибдорӣ кардан ё накардан, ба тарафдориаш овоз додан ё надодани хеш қарор бидиҳем. Чунки Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳам зинаҳои муҳими ҳокимияти давлатианд. Онҳо мақомотеанд, ки бо мардум аз ҳама зичтар робита доранд.

Татбиқи амалии қонунҳои қабулшуда, барномаҳои пешрафт, дигар иқдомҳои муҳими давлат маҳз ба уҳдаи онҳост. Аз ин рӯ, бурду бохти ҳамаи ибтикороти пешгирифтаи давлатро ҳам дар ниҳояти кор онҳо муайян мекунанд. Агар ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, заковату ҷаҳонбинии васеъ набошад, бе одобу рафтори нек ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ иҷрои ин рисолати бузург аз ҷониби ҳайатҳои намояндагию иҷроияи мақомоти маҳаллии мо душвор хоҳад буд.

 ҲХДТ-ҳизби мардумӣ

Баъзан дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ҳизби ҳоким ё худ ҳизби аксарияти парлумонӣ ном мебаранд. Табиист, ки мардум нисбати ташкилоти сиёсии дар ҷомеа нуфуз пайдокарда ва татбиқкунандаи ормонҳояшон ҳамин гуна муносибат ва муомила мекунанд. Ҳизби мо дар давоми 20 соли гузашта аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа таҳким бахшидааст. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ва сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирӯзӣ мерасад.

Ташкилотҳои ҳизби мо пайваста дар ҷараёни ҳалли мушкилоту проблемаҳои мардум мебошанд. Одамон бо эътимоду боварӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарра ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб муроҷиат мекунанд. Ягон таклифу дархост ва арзу пешниҳодоти онҳо бенатиҷа ва беэътибор намемонад. Ҳамин аст, ки ба он аъзо мешаванд ва тақдирашонро ба он мепайванданд. Бинобар ин, ҳизби моро на ҳизби ҳоким ё ҳукмрон, балки  ҳизби хизматгори халқ гуфтан беҳтару хубтар аст, зеро ки мо мудом бо халқ ва дар хизмати халқ ҳастем.

Дар айни замон ақидае роиҷ аст, ки гӯё мо истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст овардем. Дар нигоҳи аввал шартан ин дуруст менамояд. Аммо баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ мо шоҳид будем, ки чӣ гуна ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гаштем. Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ба иқтисоди мамлакат миллиардҳо доллар зиён ворид кард. Хисороти маънавии он низ беандоза буд. Барои чӣ мо ба чунин ҳол гирифтор шудем? Фикр мекунам мансабталошию манфиатхоҳии баъзе гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида омили бесарусомониҳо гардид.

Сабаби дигар, фаъол гаштани исломи сиёсӣ буд, ки бо идеологияи   коммунистӣ ихтилофоти зиёде дошт. Ҳарчанд ки низоми коммунистӣ барои ҷомеа паҳлуҳои хуб ҳам дошту зарарнок ҳам. Бинобар ин, муқовимати онҳо авзои сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ гардонд. Гузашта аз ин, аён буд, ки дар пушти муътақидони исломи сиёсӣ баъзе доираҳои ғаразҷӯйи хориҷӣ қарор доштанд ва мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурии нав ба истиқлолият соҳибгаштаи мо як фазои ноороми сиёсию иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, ки оқибатҳои ногувори онро дар солҳои минбаъда дидем.

 Пешвои миллат ва ҳизби сиёсӣ

Агар ба воқеияти инкишофи ҳодисаҳои Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта аз диди имрӯз назар кунем, мебинем, ки дар ҷумҳурии мо аввал Роҳбару пешвои халқ интихоб шуда, Ҳукуматро ташкил кард ва сипас ҳизби сиёсии худро таъсис дод. Яъне, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зодаи Ҳукумат аст. Агар дигар ҳизбҳо барои соҳиби қудрат шудан ташкил шуда бошанд, пас ҳизби мо аллакай соҳиби Ҳукумат шуда буд. Аз ҷониби дигар, дар ҳамон шароит ташкил намудани ҳизби сиёсӣ кори осон набуд, зеро ки аҳзоби мавҷуда бо мусаллаҳ шудану талоши Ҳукумат кардан обрӯи худро дар ҷомеа резонда буданд. Бинобар ин, ташкил намудани ҳизб кори осон набуд.

Муваффақият, дастовард ё худ маҳбубияту бурди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ӯ ҷумҳуриро аз нав сохт. Нахуст мардуми фирориро баргардонд, бо мухолифон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшид. Яъне, тақдири Президент ва мамлакат ба ҳам тавъам омад. Ин ду мафҳум як маъниро гирифтанд. Барои ҳамин ҳам таҳлилгарон иқдомҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Шарл де Голи фаронсавӣ, Камол Отатурк, Конфутсийи хитойӣ ва дигар пешвоёни халқу миллатҳои ҷаҳон монанд мекунанд.

Масъалаи дигар ин татбиқи меъёрҳои демократӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон мебошад, ки ин масъулият, пеш аз ҳама, бар дӯши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вогузор мебошад. Ё ҳадди ақал ҳизби мо ин рисолатро ба зиммаи хеш мегирад.

Мафҳуми демократия ва бунёди давлати демократӣ барои мо вожаҳои нав мебошанд. Президенти кишвар дар ин бора борҳо таъкид намудаанд, ки мо бояд қолаби демократии кишварҳои пешрафтаро айнан нусхабардорӣ накунем, балки бояд дар Тоҷикистон демократияе созем, ки дар пояи арзишу унсурҳои миллӣ ва фарҳанги сиёсии худамон устувор гашта бошад. Танҳо дар ҳамон сурат мо ба ҷонибдории оммаи васеи мардум, пешрафту шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи сокинон ноил мегардем.

Асоси интихоби давлати демократии моро интихоботи озодонаи мардум ва ифодаи соҳибихтиёрии иродаи халқ ташкил медиҳад.

Хушбахтона, имрӯз мову шумо барои озодона раъй додан ва мусоидат кардан ба пешбарии ашхоси варзидаи ҷомеаамон ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ тамоми шароитро дорем.  Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» барои баргузории  як интихоботи озод ва шаффофу демократӣ фазои созгори ҳуқуқиро фароҳам овардаанд.

Тағйиру иловаҳои солҳои охир ба қонунгузории марбути интихобот воридшуда бошанд, имкониятҳои ширкати аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии  кишварро дар ин маъракаи муҳим ва ҳамчунин зимни баҳисобгирии овозҳои интихобкунандагон боз ҳам васеътар сохтанд.

Ҳамаи ҳизбҳои  сиёсии мо ҷиҳати ширкат дар интихобот, таблиғи ҳадафҳои усулӣ  ва барномаҳои пешазинтихоботии хеш, муаррифии номзадҳои пешбарикардаашон ба вакилӣ аз шароиту имкониятҳои баробар истифода мекунанд.  Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло дар Маҷлиси намояндагон аз ҷумлаи ҳашт ҳизби сиёсии дар кишвар расман сабтиномшуда панҷ ҳизб вакил доранд. Иштироки умумии интихобкунандагон дар овоздиҳӣ бошад, соли 2010, ҳангоми охирин интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 90,3 фоизро  ташкил дода буд. Ин шаҳодати он аст, ки мардум ба интихобот эътиқоду эътимоди хеле зиёд доранд ва умеду орзуҳои хешро ба натиҷаҳои он марбут сохтаанд. Сазовори ин эътимод кору амал кардан масъулияти бузургест.

Мо аз он ифтихор дорем, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон чун неруи тавонои сиёсии кишвар дар эҷоди фазои бовару эътимоди зикршуда миёни давлату ҷомеа, ба вуҷуд овардани муҳити рақобати солиму созандаи миёниаҳзоб давоми солҳои истиқлолият нақши бузургеро ба ҷо овардааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти кишвар мебошад. Ақидаи таъсиси ин гуна ҳизб нахустин маротиба аз ҷониби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад ва таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ соли 1994 омодагиҳо ба бунёди ҳизб шурӯъ шуда буданд. Вай аъзои худро дар заминаи ҳадафу мақсадҳое муттаҳид гардонидааст, ки ҳоло зербинои пешрафтро дар мамолики мутамаддини ҷаҳон ташаккул додаанд. Онҳо барои мардуми мо бегона нестанд, наздику фаҳмоянд, ки қисман аллакай ба воқеияти имрӯзи Тоҷикистон табдил ёфтаву қисми дигарашон марҳилаи иҷрову такмилу тақвиятро сипарӣ мекунанд: тақсими давлатдорӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, интихоботи шаффофу демократӣ ва беғаразона, гуногунӣ ва озодии афкори сиёсӣ, бисёрҳизбият, волоияти қонун, озодии баён ва матбуоти озод, озодӣ дар диндорӣ аз ҳамин қабиланд.

Озодиҳои  иқтисодӣ, ба монанди имкони мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият ва рақобати озоди онҳо, рушди иқтисоди бозорӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки дахолати давлатро ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон, ба фаъолияти иқтисодии онҳо хеле коҳиш дода, заминаро барои рушди босубот фароҳам меоваранд. Мақсади ниҳоии мо бунёди ҷомеаи шаҳрвандиест, ки дар асоси худидоракунӣ ва иқдомҳои инфиродии шаҳрвандон пеш хоҳад рафт.

Ин ҳама ҳадафу мақсадҳои  мушаххас, ки аз умқи  ҷомеаи Тоҷикистон  реша гирифта, хостаҳои дили аксари  мардуми кишварро ифода мекунанд, дар барномаи ҳизби мо ҷой гирифта, миёни аксари шаҳрвандон ҷонибдории дилгармона пайдо намуданд. Мақсаду маром ва ҳадафҳое, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон назди худ қарор додааст ва барои амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, бо дарназардошти манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар, ҳамаи қишрҳои гуногунранги мардум ба миён омадаанд. Онҳо нуқтаи эътидол ва муросову мадороанд, ки ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа таъмин гардонда, кишварро ба сӯи пешрафт ва рифоҳу хушбахтӣ равона месозанд.

Сабаби маҳбубияти ҳизби мо низ миёни мардум дар ҳамин аст. Ҳамин аст, ки сафҳои он аз ҳисоби наслҳои нав ба нави ҷавонон афзун мешавад. Ҳамин аст, ки дар ҳар даври интихобот аксари кулли шаҳрвандон ба ҷонибдорӣ  аз сиёсати он ва барномаи пешазинтихоботию номзадҳои он ба президентию вакилии зинаҳои гуногун овоз медиҳанд.

Ҳизби мо имрӯз бо 250 ҳазор нафар аъзою 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ мерасад ва аз бузургтарин, муассиртарин ва писандидатарин неруҳои сиёсии кишвар аст. Он дар тамоми қаламрави мамлакат, то дурдасттарин маҳалҳои маскунӣ фаъолият дорад. Ба ҷуз ин, мо садҳо ҳазор, балки миллионҳо нафар ҷонибдорон дорем, ки гарчанд аъзои мо нестанд, вале мақсаду маромамонро дар роҳи бунёди Тоҷикистони пешрафта ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва барои амалӣ шуданашон талош меварзанд.

Тамоми давраи фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳайати мақомоти намояндагию иҷроияи кишвар гувоҳ аст, ки ҳизби мо ҳамеша пойбанди ҳадафҳои барномавии хеш барои бунёди фазои озоди сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани рақобати солиму созандаи миёни аҳзоб  ба хотири пешрафтҳои бештари Тоҷикистони азиз будааст.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз қонунҳои кишвар барои фаъолияти озодонаи  ҳизбҳо  заминаи мусоид фароҳам овардаанд ва онҳо барои касби нуфуз дар ҷомеа, барои дастёбӣ ба овозҳои бештари шаҳрвандон ҳангоми интихобот ягон монеае надоранд. Гузашта аз ин, давраҳои охир мо ба сӯи ҳарифони сиёсиамон қадами боз ҳам фарохтар гузоштем. Бо иқдоми  Раиси муаззами ҳизби мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи гузашта на фақат Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, балки пешниҳодҳои барномавии аҳзоби дигар низ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, ба сифати нақшаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷумлаи ҳадафҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд.

Имрӯз, дар пешорӯи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии  вакилони халқ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон садоқати худро ба ҳадафҳои усулии хеш, интихоботи шаффофу  демократӣ, рақобати солиму созанда ва ҳамкорӣ бо тамоми аҳзоб дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин боз як бори дигар таъкид мекунад.

Ин даъвати мо аз тамоми аъзои ҳизбамон, ҷонибдоронамон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи 13-уми декабри соли гузашта, ҳангоми суханронии Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз сари нав садо дод. Роҳбари муаззами мо  назди созмонҳои ҳизбӣ вазифа гузоштанд, ки минбаъд низ зиёдаравӣ накарда, усулҳои наву муосири рақобати солим ва муборизаро дар маъракаҳои сиёсӣ аз кишварҳои пешрафта омӯзанд. Зеро бурду бохти ҳар як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи оянда аз он вобаста аст, ки имрӯз дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ чӣ мақому мавқеъ дорад ва мардум ба ҳадафҳои сиёсӣ ва барномаҳои  пешазинтихоботии вай то чӣ андоза таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ҷаноби Олӣ ҳамчун Роҳбари давлат, таъкидан гуфтанд, ки дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба ягон ҳизб, аз ҷумла Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон берун аз муқаррароти қонун имтиёзе дода намешавад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мақоми устувор дорад ва он бояд таҳким бахшида шавад, ки имкониятҳои онро дар интихобот бештар месозад. Ҳизб фақат ба неру ва имкониятҳои воқеии худ такя карда,  бояд зимни рақобат, аз доираи қонун берун набарояд, дар баргузории интихоботи озоду шаффоф барои дигар ҳизбҳо намунаи ибрат бошад. Фаъолияти таблиғотӣ чунон ба роҳ монда шавад, ки он мактаби тақвияти фарҳанги сиёсии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа гардад.

Ҳамин тавр, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар даври навбатӣ ҳам бо дасту дили пок, бо таҳкурсии қавии ғоявию сиёсӣ, бо таҳкими ҳар чӣ бештари қатори аъзову ҷонибдоронаш дар атрофи ҳадафҳои созандаи хеш вориди рақобатҳои интихоботӣ шудааст ва омода аст, ки ҷиҳати дар доираи қонун, озод ва ошкору демократӣ баргузор сохтани ин маъракаи муҳиму сарнавиштсоз бо ҳамаи неруҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳамкорӣ дошта бошад.

Мо аз корҳои то имрӯз, давоми панҷ соли охир, анҷомдодаи хеш розиву қаноатмандем ва метавонем перомуни онҳо ба мардумамон бо сари баланд ҳисобот диҳем. Вале дар айни замон  нуқсонҳою мушкилоти мавҷуда низ аз чашмамон пинҳон нест, ки рафъи онҳо  ва таҳкиму тақвияти минбаъдаи дастовардҳои кишвар дар барномаи навбатии пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои панҷ соли оянда инъикос шудаанд.

Мо ба касе ваъдаҳои хушку  холӣ доданӣ нестем, касеро ташвиқ карданӣ ҳам нестем, ки кӯркӯрона аз паи мо рафта, ба тарафдориамон овоз бидиҳанд. Ташвиқи мо иқдомҳои мушаххаси мо давоми ду даҳсолаи охиранд, ки Тоҷикистони азизамонро тавассути таъмини суботи сиёсию иқтисодӣ ба як кишвари рӯ ба пешрафт табдил додаанд. Ташвиқи мо барномаи навбатии пешазинтихоботиамон аст, ки бо нақшаву ниятҳои мушаххас барои оянда, рушди устувори мавҷуда дар мамлакат бебозгашт ва зиндагии мардумамонро фаровонтару осудатар мегардонанд.

 Панҷ соле, ки ормонҳои миллиро наздиктар сохтанд

Панҷ соле, ки мегузарад, мо чун давраҳои қаблӣ амонатдори мардуми Тоҷикистон будем. Кӯшиш кардем ин амонати бузургро, ки қудрати давлатӣ ном дорад ва интихобкунандаҳои азиз онро такроран ба дасти мо супурда буданд, дар ҳамкорӣ бо иддаи зиёди ҳамсафонамон, ашхоси дигари дилсӯзи Ватану ҷомеа, чун амонатдорҳои воқеӣ, бо эҳтиёти тамом нигоҳ бидорем, онро ҳар қадаре метавонем, ҳифз бикунем, рушду камол, такмилу тақвияташ бубахшем.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон то чӣ ҳад ба иҷрои ин вазифаҳои бузург муваффақ шуда, нақшаву ниятҳояшро, ки дар интихобот якдилона ҷонибдориаш карда буданд, ба ҷо овардааст? Биёед, натиҷаҳои ин давраро иҷмолан, бо як нигоҳи сатҳӣ ёдоварӣ кунем.

Солҳои 2010-2015 дар ҳаёти мамлакат давраи минбаъдаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди демократия, тақвият ёфтани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардид. Омодагиҳою баргузории ҷашнҳои бузурги 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба муттаҳидии ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ ва баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон такони ҷиддие бахшиданд.

Соли 2013 шаҳрвандони мамлакат дар ҷараёни интихоботи озод ва шаффофу демократӣ Раиси муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд. Ин чунин маъно дорад, ки ормонҳои олӣ ва роҳи пешгирифтаи ҳизби мо, Роҳбари муаззами мо чун пешина ҷавобгӯйи орзую омол ва хостаҳои дили аксари кулли мардуми кишварамон мебошанд. Соли 2010-ум мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аввалин маротиба ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбарӣ шудани вакилон бошад, тавассути интихобӣ гардонидани боз як зинаи ҳокимияти давлатӣ пояҳои демократии ҷомеаамонро маҳкамтару устувортар намуд.

Барномаи пешазинтихоботие, ки барои давраи мазкур аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба мардуми мамлакат манзур гардидаву ҷонибдорӣ ёфт, «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» унвон дошт. Имрӯз, бо гузашти панҷ сол аз давраи қабули он мо мебинем, ки иҷрои ҳадафу вазифаҳои муайянкардаи ҳизб воқеан ҳам ба таҳкиму навсозии тавлидот, густариши бахши воқеии иқтисодиёт, ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва раванди созандагиҳои кишвар роҳ кушода, ба ҳамин васила болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандонамонро таъмин гардондаанд.

Самти асосии сиёсати иқтисодии давлат ба бунёди шароит барои рушди устувори кишвар равона гардида, се ҳадафи муҳими стратегӣ-истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ мисли пешина дар меҳвари ҳамаи тадбирҳо ва нақшаву барномаҳои  таҳиянамудаву амалишавандаи ҳукуматамон қарор доштанд.

Дар натиҷаи ҳамин таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки то соли 2010 дар аксари мамолики олам доман паҳн карда, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ латмаи шадид ворид сохта буд, дар кишвари мо то ҳадде пешгирӣ гардид ва бо вуҷуди буҳрон афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ нигоҳ дошта шуда, давлат уҳдадориҳои иҷтимоии нисбати шаҳрвандон ба зимма гирифтаашро муваффақона ба ҷо меовард.

Соли 2010 қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ нахустин маротиба ба буҷети иҷтимоӣ ва буҷети рушд ҷудо карда шуд. Боло рафтани имконоти иқтисодии давлат барои рушд, бешубҳа, падидаи некест, ки аз самарабахшии сиёсати иқтисодӣ башорат медиҳад.

Татбиқи Стратегияи миллии рушд, ки давраи то соли 2015-ро дар бар мегирад, заминаҳоро барои пешрафти устувори иқтисоди миллӣ таҳким бахшиданд. Тараққиёти устувори макроиқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзим ва навсозии тавлидот, таҳкими иқтидорҳои содиротии кишвар, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва махсусан, соҳибкории хурду миёна, тақвияти неруи инсонӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи бахшҳое мебошанд, ки дар доираи стратегияи мазкур ва ислоҳоти иқтисодӣ самтҳои фаъолияти Ҳукумати мамлакатро муайян намуданд.

Дар натиҷа, суръати афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, ки дар давраи буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ то андозае  суст шуда буд, барқарор гардид ва соли 2013, масалан, 7,4 ва соли  2014   6,7 фоизро ташкил дод. Даромадҳои пулии аҳолӣ соли 2013-ум  16,5 ва ҳаҷми маош 20 фоиз афзоиш ёфтанд. Болоравии маош соли 2014 – ум 12 фоиз буд.

Торафт боло бурдани иқтидори содиротии кишвар, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳоро барои рушди устувори иқтисодӣ таҳким бахшиданд.

Аз он ҷумла дар саноат ба содирот, ба пуркунии ҷойи воридот равона сохтани раванди тавлиди маҳсулот ва бо ҳамин тағйир додани таркиби содирот, даст кашидан аз амалияи содироти ашёи хом ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани коркарди он дар дохили мамлакат, ба вуҷуд овардани низоми умумидавлатии  дастгирии содирот ва бо ин мақсад таъсис додани  қарзҳои имтиёзнок самтҳои афзалиятноки рушд қарор гирифтанд. Номгӯйи маҳсулоти саноатии ватанӣ дар бозори дохилӣ васеътар шуд. Давоми солҳои 2012 – 2013-ум 324  ва соли 2014-ум 150 корхонаи нави хурду миёна, бо ҳазорон ҷойи кор ба фаъолият пардохтанд.

Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии рушди саноати сабук барои солҳои 2006 – 2015, коркарди пурраи нахи пахта барои давраи то соли 2015, рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015 як силсила иқдомҳои мушаххас ба миён омаданд. Баробари ин, имкониятҳои рушд дар соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла оҳан, азхудкунии захираҳои табиии кишвар, саноати металлургияи ранга, саноати сабук, истеҳсоли хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва бахшҳои дигар мавриди омӯзишу истифода қарор доранд. Саноати масолеҳи бинокорӣ, истеҳсоли семент дар мамлакат босуръат пеш меравад.

Ҳамаи ин пешрафтҳо дар давраи сипаришуда ва ҳамчунин заминаҳое, ки барои оянда  гузошта шудаанд, имконият доданд, то мо акнун дар бораи аз як кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ мубаддал сохтани Тоҷикистони азизамон сухан ба миён оварем. Яъне, аз рушди саноату энергетика барномаҳои иқтисодии давлати мо мақоми торафт баландтарро касб карда, ин соҳаҳо дар Тоҷикистони фардо афзалиятро соҳиб хоҳанд шуд. Мавзӯи мазкурро нахустин бор Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми соли гузаштаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ намуданд.

Ҳадафҳои стратегӣ: иқдомоти нав дар таҳкими заминаҳо

 Чун дар бораи саноат ҳарф задем, бамаврид аст, ки акнун дастовардҳои  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар рушди энергетика мухтасар ёдоварӣ кунем, зеро саноат ва умуман, ягон соҳаи ҳаёти имрӯза бе энергетика пеш намеравад. Ба ҳамин хотир аст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон шуморида мешавад.

Бояд гуфт, ки давраи гузашта дар ин бобат ҳам дигаргуниҳо хеле зиёд буданд. Аз ҳама муҳим он аст, ки  дар ин миён Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда- 2» дар дарёи Вахш ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» мавриди истифода қарор гирифтанд. Вазифаи навбатӣ бунёди навбати дуюм ва то 400 мегаватт расонидани иқтидори маркази зикршуда аст. Ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд. Манбаъҳои нави энергетикӣ имкон доданд, ки истеҳсоли неруи барқ дар кишвар афзоиш пайдо бикунад.

Вобаста ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ ва оянда ба яке аз мамлакатҳои содиркунандаи энергияи барқи арзон табдил додани Тоҷикистон дар кишвар лоиҳаҳои зиёде доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, кашидани хатҳои нави интиқоли он мавриди татбиқ қарор гирифтаанд ва ё қисмеашон ҳоло татбиқ шуда истодаанд. Ҳамзамон  ҷиҳати коҳиш додани талафот ва инчунин кам кардани масрафи он тавассути истифодаи технологияҳои нави сарфакунандаи неру тадбирҳо андешида мешаванд.

Соли 2010 дар доираи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ 12 лоиҳаи энергетикӣ мавриди татбиқ қарор дошт, ки ҷалби маблағи умумӣ қариб 3 миллиард сомониро дар бар мегирифт. Дар доираи Консепсияи рушди энергетикаи Тоҷикистон маблағгузории пайвастаи соҳа ба роҳ монда шуда, соли 2011 бо ин мақсад 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба хотири рафъи танқисии неруи барқ ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо он дар маҳаллаҳои дурдасти кӯҳистон давоми солҳои истиқлолият, то охири соли 2013- ум, 310 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 29 ҳазор кВ/с сохта, ба истифода дода шудааст ва мутобиқи барномаи махсуси марбути ин соҳа барои солҳои 2009 – 2020 бунёди боз 190 неругоҳи хурди барқи обии дигар дар назар аст, ки сохтмони 10-тои он ҳоло давом дорад.

Дар айни ҳол лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баъди омӯзиши тӯлонӣ аз ҷониби ташхисгарони Бонки Умумиҷаҳонӣ баҳои мусбат гирифт ва кор дар ин ҷо суръат гирифта истодааст. Ҷиҳати кашидани хатти баландшиддати барқи КАСА-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон барои содироти неруи барқи изофии кишварҳои номбурда созишномаи  байналмилалӣ ба имзо расид ва татбиқи лоиҳаи мазкур соли равон оғоз мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мо барқи барзиёди фасли тобистонамонро ба фурӯш гузошта, воридоти маблағро ба буҷет афзунтар гардонем.

Баробари ин, дар панҷ соли гузашта тадбирҳо ҷиҳати мавриди истифода қарор додани манбаъҳои дигари энергия, аз қабили ангишт ва нафту газ, рӯ овардан ба манбаъҳои алтернативии он -офтобу бод ва пасмондаҳои биологӣ, бунёди зербинои «Иқтисоди сабз»-и аз ҷиҳати экологӣ безарар идома доштанд. Ҳоло чандин сол аст, ки дар 87 кони ояндадори нафту гази  қаламрави ҷумҳурӣ 21 ширкати ватанию хориҷӣ ба корҳои ҷустуҷӯйиву иктишофӣ машғуланд, ки ширкатҳои азими байналмилалии «Тотал», «Газпром», «Тетус-Петролиум» ва ширкати миллии нафту гази Хитой аз ҳамон ҷумлаанд. Таваҷҷуҳи ин ширкатҳои овозадори ҷаҳонӣ ба захираҳои табиии Тоҷикистон башорат медиҳад, ки моро дар соҳаи нафту газ низ ояндаи умедбахше интизор аст.

Яке аз ҳадафҳои дигари стратегии давлатамон, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон давраи сипаришуда дар роҳи он талош варзид, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Роҳҳо на фақат пайвандгари шаҳру минтақаҳо, сарҳадҳою миллатҳо мебошанд, балки онҳо ҷойҳои нави корӣ, воридоти сармоя, марказҳои нақлиётию логистикии хизматрасониҳои байналмилалӣ, пардохтҳои транзитӣ ба буҷет, фаровонию арзонии бозорҳо низ ҳастанд.

Аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани қарордод ва оғози корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани байналмилалии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, идомаи корҳо дар  хатти роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе –Кӯлоб- Хоруғ — Кулма, Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент, Восеъ – Ховалинг ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати мамлакат буданд. Дар ин давра нақбҳои Чормағзак ва Шаҳристон сохтаю мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтанд. Танҳо соли 2011 доир ба ҳалли мушкилоти нақлиётӣ татбиқи се лоиҳаи нав шурӯъ шудааст.

Ҳоло  46 фоизи аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунад, соҳа 21 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин, ҳолати кор дар бахши кишоварзӣ ба рушди босуботи иқтисодӣ таъсири калон дорад. Гузашта аз ин, таъмини амнияти ғизоӣ сеюмин ҳадафи стратегии давлатамон аст, ки мо ба ин нуқтаи мурод торафт  наздиктар мешавем ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумат, ки дар қатори дигар масъалаҳои барномавии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буданд, ба амалисозии мақсади мазкур равона гардидаанд.

Идомаи ислоҳот, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастгирии давлатии соҳа, таҷдиди инфраструктураи хоҷагиҳо, тавассути ворид намудани технологияҳои ҳозиразамони парваришу нигоҳубини  зироатҳо афзун намудани маҳсулот, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ мусоидат кардан ба рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ номгӯйи нопурраи иқдомҳое ҳастанд, ки дар давраи номбурда  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат рӯи кор гирифта шудаанд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои обёрию азхудкунии заминҳои нав, бозгардонидани заминҳои бекорхобида ба истеҳсолоти кишоварзӣ, таҳияи барномаи дарозмуддати давлатии  марбути соҳаи мазкур бо ҷалби манбаъҳои гуногуни сармоягузорӣ, истифодаи самараноки замин ва тавсеа бахшидани майдони кишти тирамоҳӣ, таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, ривоҷи боғдорию ангурпарварӣ, тақвияти ҷанбаи содиротии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он дар дохили кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардид. Дар соҳа солҳои 2011- 2014 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор доштанд.

Фаъолияти Ҳукумат дар самти сиёсати минтақавӣ вусъати тоза пайдо карда, ба рушди ҳамаҷониба ва ободонии шаҳру ноҳияҳои кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таҳкими имкониятҳои дохилии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст. Дар ин давра барои рушд ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ сармояҳои гуногун равона гардида, таҳияву қабул ва амалисозии барномаҳои алоҳидаи рушди шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуд.

Албатта, заминаи ҳама гуна рушд, чӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва чӣ дар бахши иҷтимоӣ, сармоя аст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли солҳои гузашта барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити созгори ҳуқуқии ҷалби сармояи дохилӣ, маблағҳои соҳибкорони ватанӣ ва сармояи хориҷӣ ба рушди соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ як силсила иқдомоти муассирро роҳандозӣ намуд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки сармоягузорӣ ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт сол ба сол зиёд мешавад. Фақат соли 2010   оид ба татбиқи 27 лоиҳаи нави сармоягузорӣ созишномаҳо ба имзо расидааст, ки ба татбиқи онҳо 2,5 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст. Давоми солҳои 2012-2014 бошад, беш аз 100 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ бо маблағи умумии 13 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошт.

Дар нақшаи кории Ҳукумати мамлакат таҳияи Консепсияи  сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи  сармоя қарор дорад, ки дар он ба бахши  иқтисодиёт, аз қабили  гидроэнергетика, саноати маъдан, саноати сабук, соҳаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи захираҳои қаъри замин, туризм ва монанди инҳо эътибори махсус дода мешавад.

Бахши соҳибкории мамлакат  яке аз манбаъҳои умдаи сармоягузорӣ  ба рушди иқтисод, воситаи муҳайё гардонидани ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи ғановати буҷет ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир аст, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар давраи гузашта тавассути намояндагонаш дар парламент ва ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои бамиёнгузоштаи хешро ҷиҳати тақвияти мавқеи ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ дар ҳаёти кишвар собитқадамона амалӣ гардонд.

Танҳо соли 2011 соҳибкорон 1000 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд кардаанд, ки 100-тои онҳо корхонаҳои саноатӣ бо 12 ҳазор ҷойи нави кор мебошанд. Солҳои 2010 ва 2014 мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон баргузор гардида буданд, ки натиҷаҳои онҳо ба рафъи бисёр мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа мусоидат карда, роҳро ба фаъолияти озодонаи бахши хусусӣ доир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар боз ҳам фарохтар сохтанд.

Мораторийҳои чандинбораи аз ҷониби Президенти мамлакат муқарраргардида доир ба манъи сесолаи  санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони хурду миёна ва соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷониби мақомоти назоратии давлат ба иҷрои ҳамин ҳадафҳо равона гардида буданд. Сиёсати пешгирифта ва амалкарди  Ҳукумати мамлакат дар беҳбуд бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби созмонҳои муътабари байналмилалӣ  баҳои баланд гирифт ва Тоҷикистон ду сол паи ҳам ба қатори беҳтарин давлатҳои ислоҳотгар шомил карда шуд.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» қабул гардид, масъалаи қабули қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав ба миён гузошта шуд, ки онҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро таҳким бахшида, тавассути фароҳам овардани имтиёзу сабукиҳо онҳоро ба рушди бахши воқеии иқтисоди кишвар ташвиқ ва раҳнамун месозанд.

Дар давраи гузашта, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ сурат гирифта, теъдоди иҷозатҳо чандин баробар кам гардид. Низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ ҷорӣ карда шуд. Бо мақсади таъмини шаффофият, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва озод сохтани соҳибкорон аз монеаҳои маъмурию бюрократӣ, муросилоту муомилоти электронӣ бо корафтодагон, бо соҳибкорон дар ҳама бахшҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Давлат соҳибкории хусусиро тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок низ дастгирӣ мекунад, ки он ба ривоҷи истеҳсолот ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст.  Аз ҷумла давоми солҳои охир  садҳо миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ба соҳибкорони  соҳаи кишоварзӣ дода шудааст. Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсис шудааст, беш аз ҳама ба  соҳибкорони истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад.

Солҳои 2014– 2020 дар кишварамон давраи дастгирии  соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди бахши коркарди  ашёи хоми  маҳаллӣ муқаррар шудааст, ки он бояд ба ворид сохтани технологияҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши содирот ва роҳандозии истеҳсолоти аз ҷиҳати  экологӣ безарар мусоидат намояд.

Ба ҳамин тариқа, афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, рушди иқтисодиёт ва пайваста баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳое ба вуҷуд оварданд, ки мо боз як қадам болотар пой гузошта, ба тақвият додани табақаи миёнаҳоли аҳолӣ, густариш додани он ва бештар сохтани саҳми соҳибкорон дар ин равандҳои сарнавиштсоз камар бубандем.

 Андозу буҷет:тақвияти тавонмандиҳои давлат

 Яке аз фишангҳои хеле муҳим, ки давлатро бо соҳибкорон пайванд месозад, андоз аст. Соҳибкорӣ, бахши хусусӣ барои давлат аз ҷумлаи манбаъҳои асосии андозбандист. Буҷети давлат бошад, асосан аз андоз ташаккул меёбад. Бинобар ҳамин, ба он хотир, ки ин манбаъ ҳаргиз коҳиш наёбад, балки рушд кунаду афзунтар шавад, сиёсати давлат дар бахши андоз бояд ҳассосона бошад, то ҳам ғановати буҷет таъмин гардад ва ҳам  раванди рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шавад.

Кодекси андоз дар таҳрири нав соли 2012 бо ҳамин мақсад қабул гардид. Он тавассути ба иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоиашон ҳавасманд сохтани андозсупорон, васеъ намудани заминаҳои андоз шароиту имкониятҳои воридоти маблағро ба буҷет таҳким бахшид. Низоми андозбандӣ содатар, номгӯйи андоз кам, теъдоди  санадҳои нолозим дар расмиёти андозсупорӣ ихтисор карда, маъмурикунонии андоз  такмил дода шуд. Ҳамаи ин имкониятҳои нави рушди иқтисодиётро фароҳам овард.

Дар Кодекси нави андоз ҷамъулҷамъ 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо ба соҳибкорон пешбинӣ шудааст, ки махсусан ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд ва ҳавасмандии соҳибкоронро ба ворид сохтани технологияҳои нав, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ зиёд мегардонанд.

Сиёсати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар самти молияву бонкдорӣ давраи сипаришудаи фаъолияташ ба ҳифзи қурби пули миллӣ ва дар сатҳи пешбинигардида нигоҳ доштани андозаи таваррум, таҳкими имкониятҳои пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ дар ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандону ашхоси ҳуқуқӣ, афзун сохтани ҳаҷми пешниҳоди қарз, махсусан қарзҳои хурд барои рушди бахши воқеии иқтисодиёту соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон равона гардида буд. Ин тадбирҳо ба беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карданд.

Самарабахшии  ҳама гуна сиёсати иқтисодӣ дар Буҷети давлатӣ таҷассум меёбад. Афзоиши босуръати Буҷети давлатӣ тайи солҳои охир баёнгари он аст, ки роҳи пешгирифтаи мо, роҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти номбурда дурусту оқилона будааст. Аз соли 2000-ум сар карда, то соли 2012 дар маҷмӯъ он ҳамасола 37 фоиз боло рафтааст.

Афзоиши бахши даромади буҷет имкон додааст, ки маблағгузории  соҳаҳои  иҷтимоӣ дар кишвар, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, маошу нафақа, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони ниёзманд, ки ҳамеша аз ҷумлаи афзалиятҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, зиёд карда шавад, имкониятҳои рушд, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва пешниҳоди ҷойҳои нави корӣ бештар гарданд. Ин тамоюл дар панҷсолаи гузашта низ нигоҳ дошта шудааст. Ҳаҷми буҷети иҷтимоӣ, масалан соли 2011-ум 52,4, соли 2012- ум 50, соли 2014- ум 54,2 фоизи андозаи умумии хароҷоти буҷетро ташкил додааст.

Ин имкон дод, ки давоми солҳои 2010-2015 маоши кормандони соҳаҳои буҷет, нафақаву стипендия ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ то 2,5 — 3  баробар зиёд карда шавад. Дар давраи номбурда, ҳамчунин таваҷҷуҳ ба истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ афзун гардид ва бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар ҳайати Ҳукумат Палатаи  ҳисоб таъсис ёфт. Ба хотири таъмини шаффофият кор дар самти ҷорӣ намудани низоми электронии харидҳои давлатӣ, мубодилаи электронии маълумот миёни мақомот вусъат гирифт. Ба манзури баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ воҳидҳои кории мавҷудаи онҳо то 15 фоиз кам карда шуданд.

Беҳбуди рӯзгори мардум-муҳтавои сиёсати мо

Панҷ соли гузашта ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи тақвияти  хусусияти иҷтимоии давлатдориамон, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар муқаррар шудааст, маҷмӯи тадбирҳоро амалӣ гардонд. Ин на фақат маошу нафақа аст, ки болотар дар бораашон сухан гуфтем. Ҷавҳари аслии ҳамаи иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумат боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст, ки яке аз натиҷаҳои ин иқдомот дар поён овардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ зоҳир мегардад. Сатҳи камбизоатӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат сол ба сол ва зина ба зина коҳиш меёбад.

Ёдовар мешавем, ки соли 1999-ум  81 фоизи аҳолӣ гирифтори камбизоатӣ буданд. Соли 2010 он  45 фоиз, соли 2011-ум 42 фоиз, соли 2012- ум 38,3 фоиз, соли 2013-ум 35,6 фоиз, соли 2014 бошад, 32 фоизро ташкил додааст. То охири соли 2015-ум ба 30 ва  то соли 2020-ум ба 20 фоиз расонидани он аз нуктаҳои барномаи пешгузоштаи Ҳукумат ва ҳизбамон мебошад. Давраҳои аввал тадбирҳои мазкур дар доираи «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012» сурат мегирифтанд, баъд дар заминаи он «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» таҳия гардидаву мавриди амал  қарор дошт.

Хонанда тавофутро, албатта, пай мебарад. Дар ҳуҷҷати аввал ҷиҳати сатҳи камбизоатӣ сухан меравад, дар ҳуҷҷати дуюм перомуни  сатҳи некуаҳволӣ, яъне, мо остонаи хатарноки камбизоатиро пушти сар гузоштем ва акнун метавонем пеши худ вазифаҳои бузургтарро бигузорем. Соли 2010 мувофиқи ҳисобҳо 84 фоизи хароҷоти хонаводагиро дар мо хариди ғизо ташкил медод, яъне, фақат 16 фоиз барои пардохтҳои ғайриозуқавӣ, соли 2014 ин нишондод ним ба ним — 50 ба 50 шудааст ва имконияти мардум барои хариди молҳои рӯзгор, пардохти хизматрасониҳою истироҳат ва пасандоз кардан бештар гардидааст.

Пасандозҳои бонкӣ дар панҷ сол 3,2  баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб 4 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ин муддат 870 ҳазор, аз ҷумла соли 2013- ум 185 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шудааст. Соли 2014 он 252 ҳазорро ташкил дод. Марказҳои шуғли калонсолон аз рӯи 48 касбу ҳунар коргар омода мекарданд ва барои пеша кардани кор аз ҷониби давлат қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд.

Бист соли охир ҷиҳати бунёди манзил ба аҳолӣ 127 ҳазор гектар (49 ҳазор гектараш обӣ) қитъаҳои наздиҳавлигии замин (ба 1 миллиону 300 ҳазор оила) дода шудааст.

Дар соҳаи маориф, ки яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии кишварамон мебошад, намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парламент Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дар таҳрири нав қабул карданд ва дар он мақому манзалати омӯзгор, ҳамчун симои асосии мактаб, ҷойгоҳи шоистаи хешро пайдо намуд. Барои омӯзгорон як силсила имтиёзҳо муқаррар гардиданд, ки ҳавасмандии онҳоро ба пешаи пурифтихорашон зиёд мекунад. Соли 2010-ум «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардида, дар доираи он таваҷҷуҳи мардум, аҳли ҷомеаи кишвар ба донишомӯзӣ ва пайвастан ба олами техникаву технология ҷалб гардид.

Ҳамзамон бунёди таълимгоҳҳои нав, азнавсозӣ ва таъмири макотиби мавҷуда, татбиқи минбаъдаи барномаҳои давлатии қабулшудаи компютерикунонии мактабҳо, таҳкими омӯзиши забонҳои хориҷӣ идома пайдо кард. Рушди шабакаи муассисаҳои тарбияи томактабии атфол, кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, афзун сохтани маблағгузорӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳа аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки давраи номбурда Ҳукумати мамлакат талошҳои худро ба ҳалли онҳо равона намуда буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ба ин бахши зиндагии мо такони ҷиддӣ бахшид.

Таъсиси Маркази миллии тестӣ бошад, тавассути ба роҳ мондани низоми ягонаи қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бояд сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавонро дар кишварамон таҳким бахшида, шаффофият ва рафъи омилҳои коррупсиониро  зимни қабули афроди арзандаи таҳсил дар ин таълимгоҳҳо таъмин гардонад.

Дар кишвар баробари дигар соҳаҳо, ҳамчунин маблағгузории соҳаи илм сол ба сол зиёд гардида, фаъолияти кормандони соҳа ба татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2010-2015», «Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоту саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» рушди инноватсионии илм, таҳияи технологияҳои барои иқтисоди ҷумҳурӣ зарурӣ, таҳқиқоти нав дар самтҳои мураккаби улуми  бунёдӣ, тайёр намудани кадрҳои ҷавони соҳа равона гардида буд.

Фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар бошад, татбиқи нақшаву стратегияҳои қабулшуда дар мавриди ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҷдиди кори муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, тадбирҷӯйиҳо ҷиҳати ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, махсусан аҳолии камбизоат дастрас кардани он, ворид намудани техникаву технологияҳои муосири ташхису табобат, кӯшишҳо доир ба рафъи танқисии кадрҳои тиббӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирифт.

Фарҳанг ҳамчун яке аз василаҳои муассири ташаккули худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳию ваҳдати миллӣ дар рушди маънавии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон  мақоми бештарро касб карда истодааст, ки натиҷаи сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба пешрафти ҳамаҷонибаи ин соҳаи муҳим, таҳия ва амалигардонии барномаҳои рушди бахшҳои ҷудогонаи он дар давраи зикршуда мебошад.

Аз ҷониби СММ мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни бостонии Наврӯзи аҷам дар соли 2010 яке аз рӯйдодҳои намоёни фарҳангии ин давра маҳсуб мешавад, ки он ҷиҳати ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги тоҷикон нақши бузурге хоҳад бозид.

Ислоҳот дар низоми судӣ, тадбирҳои иловагии муқовимат бо коррупсия

 Тамоми фаъолияти Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки барои давлати мо арзиши олӣ доранд, бахшида шудааст. Суд, прокуратура, милитсия, дигар сохторҳои қудратӣ мақомотеанд, ки ин ҳуқуқу озодиҳоро ҳар яке дар ҷанбаи хеш таъмин ва муҳофизат  мекунанд. Бинобар ин, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон давраи зикршуда ҳам тавассути намояндагонаш дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба тақвияти кор, баланд бардоштани сатҳи касбӣ, сифатҳои маънавию ахлоқии ходимони ниҳодҳои мазкур ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар ин сохторҳо эътибори ҷиддӣ медод. Аз ҷумла дар ин миён чанд дафъа мутобиқи барномаҳои давра ба давраи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ мақомоти мазкур такмили сохтор карда, мустақилияту масъулияташон барои баровардани ҳукмҳои қонунию одилона таҳким ёфт.

Таъмини амнияти миллӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, тиҷорати одамон мисли пешина самтҳои афзалиятноки фаъолияти кишвар буданд. Соли 2010 Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии  тақвияти муқовимат ба коррупсия» ба имзо расид ва ҳамон сол назди Президенти кишвар Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис ёфт, ки ба пешбурди фаъолияти зиддикоррупсионӣ хеле мусоидат намуданд.

Тадбирҳо, минҷумла, дар доираи татбиқи «Барномаи мубориза бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2020» вусъати тоза пайдо карданд. Ҳамзамон давраи мазкур корҳо дар роҳи амалӣ сохтани «Стратегияи миллии мубориза бо маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020» оғоз гардиданд. Зимни қабули қонуни дахлдор ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва таҳкими фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа аҳамияту эътибори махсус касб намуд.

Ҳифзи манфиатҳои миллӣ-самти меҳварии сиёсати хориҷӣ

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта хусусиятҳои фаъол, мутавозин ва воқеъбинонаи хешро нигоҳ дошта, ҳифзи манфиатҳои олии кишварро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин мегардонид. Сиёсати «дарҳои кушода» самараҳои нав ба бор овард, ки дурустии роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишварро собит месохтанд.

Муносибати кишвари мо ба масъалаи таҳкими равобит бо мамолики ҳамсояи Осиёи Марказӣ хайрхоҳонаю беғаразона буда, аз ҷониби он хоҳиши миёни давлатҳои мазкур ба роҳ мондани чунин сатҳи ҳамкорӣ, ки ҳаракати озодонаи одамон, сармоя, бору коло ва хизматрасониҳоро  дар тамоми қаламрави минтақа таъмин сохта тавонанд, борҳо ба миён гузошта шуда буд. Тоҷикистон ҳамчунин ташаббускори пешниҳод ҷиҳати эҷоди камарбанди эътимоду субот ва амният дар тӯли сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ба ҳамин манзур, таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаъ бо давлатҳои минтақа дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад ва табиист, ки раванди мазкур тӯли давраи сипаришуда идома пайдо карда, тақвияти бештар ёфт. Равобити зичи пойдоршудаи миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой  дар заминаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию гуманитарӣ ва ғайра акнун хусусияти стратегӣ касб мекунанд. Давраи мазкур, инчунин  ҳамкориҳо бо шарики анъанавии стратегии мо-Федератсияи Россия, давлатҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон, бо дигар кишварҳои ИДМ, бо Ҳиндустону Покистону Туркия, бо мамолики арабӣ, бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупою ИМА дар самтҳои гуногун таҳкиму густариш пайдо карданд.

Мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои муътабари байналмилалие, ки мамлакати мо узви онҳо ба шумор меравад, фаъолона буд. Душанбе чандин бор маркази баргузории форумҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, аз ҷумла нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2014 қарор гирифт.

Тоҷикистон чун кишваре, ки дар самти пеши бархӯрд бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ қарор дорад, аз густариши фаъолияти ин дастаҳои харобкор дар давлатҳои ҷаҳон амиқан изҳори нигаронӣ карда, борҳо ҷонибдории хешро аз муборизаи муштарак алайҳи ин равандҳои хатарноки аср баён доштааст.

Таҳаввулоте, ки ҳоло дар ҷаҳони ислом, хусусан дар кишварҳои мусулмоннишин ба амал омада, доман паҳн карда истодаанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошанд. Мо чандин гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ғайриқонунӣ, чун Ҳизби таҳрир, Ҳаракати толибон, давлати ба ном исломии нав базуҳуромада ва дигар гурӯҳҳои мазҳабиро медонем, ки бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳонӣ ва ғаразҷӯёнаашон даст ба куштору ғорату террори мардуми осоишта зада, авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳоро ноором мекунанд.

Қариб бист сол мешавад, ки Ҳаракати толибон дар кишвари ҳамсояи мо-Афғонистон ва давлати ба ном исломии Ироқу Шом дар мамлакатҳои арабӣ барои бунёди давлати исломӣ мубориза бурда истодаанд. Дар ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки магар мардуми кишварҳои мусулмоннишин эътиқодмандони дини мубини ислом нестанд? Ё онҳо мехоҳанд, ки ин мардуми ҳазорсола мусулмонро дубора мусулмон кунанд?

Мусаллам аст, ки зери ин шиорҳо мақсадҳои дигар ниҳон аст. Бо куштори мусулмон аз ҷониби мусулмон, даҳшатафканӣ ва террор мардумро иҷборан ба зиндагии асримиёнагӣ бурданианд ё худ зери парчами ислом ҳадафҳои ғаразнок ва қудратталабии баъзе доираҳои муайянро амалӣ кардан мехоҳанд.

Мо дар асри пешрафту инкишофи илму технологияҳои нав қарор дорем. Насли ҷавонро бояд бо дастовардҳои навини он шинос кунем ва омӯзонем, меъёрҳои демократии бунёди ҷомеаро амалӣ гардонем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем. Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум талош намоем, анъана ва арзишҳои миллиамонро такмил диҳем ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошем.

Дар бораи ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мардуми кишвар хуб медонанд. Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо табиист, ки барои муаррифии Тоҷикистон, тамаддуни баланди миллати тоҷик, хиради азалӣ, обрӯ ва мақому манзалати он равона гардидааст. Дар ҳамин доира СММ ташаббуси навбатии Тоҷикистонро маъқул дониста, соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон кард, ки ба таҳкими мавқеи байналмилалии кишвари мо мусоидат карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро  боз як бори дигар ба ҳалли таъхирнопазири мушкилоти марбути об ҷалб сохт.

Ҳамин аст мухтасари он бунёдкориҳо, иқдомоту ибтикороти бузург, ки дар кишварамон давоми панҷ соли охир, тавассути татбиқи Барномаи пешазинтихоботии  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Аммо ин дастовардҳо фақат маҳсули заҳмати мо, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон нестанд. Онҳо фақат маҳсули заҳмати ҳизбиёни мо ҳам нестанд, ки давоми ин панҷ сол шарафи вакилии шумо, интихобкунандагони азизро дар мақомоти намояндагии кишвар ба зимма доштанд. Балки ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳар як пиру ҷавони мамлакат мебошанд. Мо ҳамватанони азизро барои ин ҷонибдорӣ ба хотири ободии Ватани азизамон аз сидқи дил ташаккур мегӯем.

Барномаи нав: «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»

Акнун дар бораи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки барои давраи нави рушди мамлакат, барои панҷ соли оянда пешбинӣ шудааст, ба таври мухтасар маълумот медиҳем. Он ниятҳое, ки  дар ин барнома оварда шудаанд, он нақшаҳое, ки пешниҳод мешаванд, суханҳои ҳавоӣ нестанд. Ҳар яке бар заминаи имрӯз, ба он имконоте, ки мардуми мо, сарзамини муқаддаси мо дар ниҳодашон доранд, такя мекунанд. Ва, албатта, мисли барномаҳои пешинаи мо иҷро мешаванд. Агар ин барнома ба мардум писанд ояд, агар онҳо ин бор ҳам дар рӯзи интихобот ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он барои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз диҳанд, он бечунучаро амалӣ карда мешавад.

Барнома «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон дорад. Ин шиори мо, мағзи ҳамаи кору тадбирҳои нияткардаи мо дар панҷ соли оянда мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ минбаъд ҳам нигоҳ хоҳад дошт ва барои тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ хоҳад кард.

Барномаи пешазинтихоботии мазкур аз он мақсадҳое сарчашма мегирад, ки дар Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муқаррар шудаанд. Он вазифаи ҳар як узви ҳизби моро барои таъмини рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат муайян мекунад.

Ҳадафҳои мо аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва ҳизб тавассути ширкат дар рушди кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити созгори зиндагӣ фароҳам меорад.

Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи пешинаро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқи «Стратегияи миллии рушд то соли 2015» ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат -таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми неруи худро равона месозем.

Барои ба ин ҳадафҳои олӣ расидан Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодӣ ҳафт самти афзалиятнокро муайян кардааст:

Якум. Такмили сохтори иқтисодиёт, ки он бояд рушди пайвастаи бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро таъмин карда тавонад. Бо ин мақсад ҳизб беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ, иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, таҳия ва татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», таъмини микроиқтисодӣ ва сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт, пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна, ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёт аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриалию аграрӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, замин ва дигар василаҳои амсоли инҳоро зарур мешуморад.

Дуюм. Рушди комплекси энергетикӣ ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи энергетикаи обӣ, зиёд кардани сармоягузории соҳа, амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди  хатҳои интиқоли неруи барқ, таъмини рушди комплекси энергетикию сӯзишворӣ тавассути афзун намудан ва ба роҳ мондани истифодаи манбаъҳои дигари энергия-ангишт ва нафту гази ватанӣ, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат.

Сеюм. Таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаҳои пешрафти шаҳру ноҳияҳо, таҳкими фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави ташаккули буҷети ҷамоатҳо, таъмини худкифоии буҷети шаҳру ноҳияҳо, фароҳам овардани шароит ба рушди иқтисодиёти деҳот зимни тавсеаи корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар онҳо.

Чорум.  Сиёсати самараноки  молиявӣ, истифодаи Буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими танзими нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, назорати истифодаи мақсадноки хароҷоти давлатӣ, афзун намудани даромади буҷет тавассути такмили низоми андозбандӣ, таъмини устувории қурби асъори миллӣ, тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои нигоҳдории пасандозҳояшон дар бонкҳо, рушди бозори молиявӣ.

Панҷум. Рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, идомаи тадбирҷӯйиҳо барои таҳкими фазои сармоягузорӣ, чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки истифодаи технологияҳои замонавӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро пешбинӣ кардаанд, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули табақаи миёнаҳол, соҳибкории истеҳсолӣ дар заминаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, тақвияти ҳимоя аз ҳуқуқҳои соҳибкорон, ислоҳот дар низоми санҷишу иҷозатдиҳиҳо, таъмини шаффофият ва самарабахшӣ дар ҷудокунии маблағ тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ.

Шашум. Пешрафти минбаъдаи инфрасохтори  нақлиётӣ, бунёди хатҳои нави роҳи оҳан, таҷдиду барқарорсозии саривақтии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳое, ки имконоти транзитии кишварро  зиёд мекунанд, ташкилу рушди марказҳои нақлиётию хизматрасонӣ, идомаи ислоҳот дар соҳаи нақлиёт.

Ҳафтум. Беҳбудӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ, суръат бахшидан ба раванди татбиқи Барномаи «Ҳукумати электронӣ», таъмини идораи самараноки амволи давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ба хизмати давлатӣ.

 Пешниҳодҳо дар бахши сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ

Пешниҳодҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилӣ нуҳ бахши асосиро дар бар гирифтаанд:

Бахши якум — Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ. Шароити имрӯза  аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  тақозо мекунад, то ҳимояи манфиатҳои миллии кишварро бахши афзалиятноки фаъолияташ муқаррар кунад. Бо ин мақсад ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, пойдорӣ ва рушди арзишҳои моддию маънавии ҷомеа, тағйирнопазирии сохти конститутсионии мамлакат, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, иқтисодиёт, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ эътибори махсус дода мешавад.

Бахши дуюм — Идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати симои ҷаҳони муосир таҳкими асосҳои конститутсионии давлату ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллию соҳибихтиёрӣ, тақвияти пояҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияту иҷтимоияти давлатдориамон аз нигоҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар панҷ соли минбаъда ҳам аҳамияти хосаи худро гум намекунанд.

Беҳтар ба роҳ мондани муносибатҳои байни шахс, давлат ва ҷомеа, идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, интихоботи шаффофу демократӣ, рақобати озоди аҳзоби сиёсӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, дунявият ва эҳтироми муқаддасоти динии мардуми гуногунмиллатамон мисли пешина дар ҷумлаи афзалиятҳои фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт.

Бахши сеюм - Ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия.  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зимни ислоҳот дар сиёсати кадрӣ эътибори қатъӣ додан ба хислатҳои шахсии боло гузоштани Ватан ва манфиатҳои  умумимиллӣ, касбият, қобилияти ташкилотчигӣ ва зеҳниву таҳлилӣ, ҳисси масъулият, фарҳанги баланди маънавию сиёсӣ ва ахлоқи ҳамида, инсондӯстию оштинопазирӣ ба зуҳуроти коррупсиониро ҳангоми интихоби хизматчиёни давлатӣ муҳим мешуморад.

Бахши чорум - Ҳуқуқу озодиҳои зотии инсон, мисли ҳаёт, қадр, номус, шараф, озодии баён ва амсоли ин барои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муқаддасанд ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон минбаъд ҳам таъмини ҳуқуқи пурраи ин арзишҳои олии инсониро дар ҷомеа вазифаи худ ҳисоб мекунад.

Бахши панҷум - Муколама ва ҳамдигарфаҳмии миёни ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва табақаҳои ҷомеа, ҳифзи гуногунандешӣ мавриди пуштибонии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Бахши шашум  - Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон рисолати ҳамешагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст.

Бахши ҳафтум — Амнияти миллӣ. Мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкор ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез. Таъмини амнияти шахсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд. Таассуботи динӣ таҳдид ба амнияти миллист. Ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дохилию хориҷӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири густариши арзишҳои умумиинсонӣ дар ҷомеа.

Муқовимати ҳизб бо зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар афкору рафтори аъзои алоҳидаи ҷомеаи кишвар. Давлат ҳомии озодиҳои динӣ буду мемонад ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ ба хотири таъмини  муҳити солими диндорӣ, таҳкими ваҳдати миллию суботи сиёсӣ амри зарурӣ ба шумор меравад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  қудратҳои зеҳнӣ ва ташкилии хешро ба таҳкими мафкураи миллӣ бар пояи илм бунёдёфта ва пешгирии равияҳои хатарнок дар ин ҷомеа равона месозад.

Бахши ҳаштум — Омили инсон. Барои тақвияти неруи инсонӣ, ба камол расонидани шахсияти донишманду бомаърифат, соҳибҳунар, ватандӯсту дорои хислатҳои неки инсонӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон татбиқи барномаҳои қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси мақсаднокро зарур мешуморад.

Бахши нуҳум - Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои ҳамкории ҳамешагии давлат ва созмонҳои ҷамъиятӣ кӯшиш мекунад, ба хотири ҳифзи манфиатҳои олии  давлатӣ муколамаҳои сиёсиро тавсеа мебахшад, фарҳанги сиёсиро тақвият медиҳад.

Дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ Ҳизби халқии демократииТоҷикистон ҷонибдори идомаи «сиёсати дарҳои кушода» ва стратегияи бисёрсамтаи равобити хориҷӣ мебошад, ки онҳо ҳифзи манфиатҳои  олии миллӣ, шароити мусоиди берунаро барои татбиқи стратегияҳои рушди кишвар таъмин мегардонанд.

Ҳизб таҳкими сиёсати хориҷиро дар бахши ҳимоят аз амнияти миллӣ ва амну суботи дохилӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Бинобар ҳамин, вазифаи аввалиндараҷаи мо таҳкими ҳамгироӣ бо шарикони боэътимоди деринамон ва иштироки фаъол дар равандҳои  таъмини амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Ҷанбаи дигар ҳамкориҳои иқтисодӣ ба хотири рушди босуботи кишвар аст. Дар маҷмӯъ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд минбаъд чун таҷассумгари ормонҳои ҷомеаи кишвар ва табиати сулҳҷӯёнаи мардуми тоҷик хусусияти фаъоли хешро нигоҳ дорад.

 Вазифаҳои навбатии сиёсати иҷтимоии давлат

Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ самти дигари муҳим дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад. Мо дар давраи минбаъда таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот, ташаккули раванди ҳамкории байни кордиҳандагон ва муассисаҳои ибтидоии касбӣ, ҷалби аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишии касбӣ, таъмини ҳамгироӣ дар барномаҳои таҳсилоти касбӣ, зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбиро вазифаи давлатиамон мешуморем. Занону ҷавонон дар сиёсати давлатӣ бояд дастгирии ҳамаҷониба дошта бошанд.

Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷомеаамон ҳастанд. Бинобар ҳамин, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тақвияти корро дар самти муҳайё кардани ҷойҳои корию паст намудани ҳаҷми муҳоҷирати меҳнатӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибҳунар барои бозори кори давлатҳои хориҷа, мутобиқсозии қонунҳои амалкунандаи мо доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа, ба роҳ мондани суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирон зарур мешуморад.

Дар соҳаи тандурустӣ мо такмили низоми идоракунии соҳа, рақобати солими бахшҳои давлатию хусусии ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нави соҳа ва тақвияти низоми омодасозии кадрҳои тиббиро муҳим арзёбӣ мекунем. Дар ҳалли мушкилоти соҳа бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ ва таҷдиди иншооти мавҷуда, ба меъёрҳои ҳозиразамон мутобиқ сохтани онҳо, тибби оилавӣ ва тадбирҳои дигари ба талабот ҷавобгӯй аҳамияти хос доранд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботӣ ба рушди илм, маориф ва фарҳанг боби алоҳида ҷудо кардааст.  Ин аз ниёзмандиҳои давлат ва ҷомеаамон бармеояд, ки рушди ин соҳаҳои афзалиятнок ояндаи ободу осудаи моро таъмин месозад.

Татбиқи давра ба давраи дастовардҳои илмӣ, омода намудани заминаҳои моддиву техникии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои болаёқати соҳаҳои гуногуни таҳқиқот, ҳамкории бахшҳои илму маориф ба иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаи ҳизб нисбати рушди илми мо мусоидат мекунанд. Ҳизб дар барномаи пешазинтихоботии хеш вобаста ба ин ҳамоҳанг сохтани фаъолияти пажуҳишгоҳҳои гуногуни илмӣ, ба роҳ мондани фармоишҳои давлатӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои азим, таъсиси шабакаи ягонаи иртиботию иттилоотӣ дар бахши илму инноватсия, ҷудо кардани грантҳои давлатӣ ба олимони ҷавон барои таҳқиқоти инноватсионӣ, вусъати таҳқиқоти проблемаҳои  муосири ҷомеашиносӣ барин вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштааст.

Маорифро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,  таври маълум, самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат ҳисоб мекунад. Дар ин ҷода мо барои намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеа таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, аз ҷумла олӣ, тақвияти минбаъдаи мақоми омӯзгор ва мунтазам баланд бардоштани маошу таъминоти иҷтимоии онҳо, рушди муассисаҳои гуногуни томактабӣ, ҷалби бахши хусусӣ ба ин соҳаи кор, таҳкими таъминоти моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, таъсиси марказҳои таълимию истеҳсолӣ, таъмини дастрасии мактабҳо ба интернет, таҳкими фаъолияти литсею коллеҷҳои касбӣ ва амсоли инҳоро вазифаҳои муҳими ҳизб ва давлатамон мешуморем.

Таҷдиду бозсозии муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҷойгоҳи онҳо дар рӯзгори мардум, мутобиқсозии фаъолияташон ба талаботи замони нав, такмили сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг ва гузариши тадриҷии муассисаҳои соҳа ба низоми худтаъминкунӣ, ташаккули муҳити сифатан нави маънавӣ дар ҷомеа, таҳкими низоми тарбияи зебоипарастии ҷавонону наврасон, омодасозӣ ва боло бурдани сатҳи касбии мутахассисони фарҳанг, танзими масъалаҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ дар китобдорӣ аз ҷумлаи иқдомоти пешбиникардаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар бахши фарҳангии ҳаёти ҷомеаамон барои давраи оянда мебошанд.

Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳизби мо ҳамаи иқдомоти неки пешгирифтаи солҳои охирро давом дода,таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби хонандагони болаёқат ба таълимгоҳҳои  махсусгардонида, дастрасии ҷавонон ба грантҳо барои марказҳои ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат дар назди мақомоти ваколатдори давлатии ҷавонон, дастгирии соҳибкории истеҳсолии ҷавонон тавассути ҳавасмандсозию грантҳо барин мақсадҳои мушаххасро барои давраи минбаъда пешбинӣ кардааст.

Соҳаҳои варзишу сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори кишварамон буда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи онҳо ниятҳои зиёдеро амалӣ карданист.

Ҳамчунин таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, мустаҳкам сохтани пояҳои оиладорӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии хушунати оилавӣ мисли пешина аз ҷумлаи иқдомҳои умдаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд қонун асоси ҳама гуна низом ва рушди давлат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузориро минбаъд низ давом дода,ба он талош меварзад, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон густариш ёфта, қонун ба меъёри зиндагии ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пешбинишуда, бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандон, арзишҳои миллию байналмилалӣ, ки маҳаки онро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад, пеш равад. Дар ҷараёни қабули қонунҳо ба ҳимояи манфиати табақаҳои ниёзманд, нафақахӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҷанбаҳои адолат ва башардӯстиро дар мадди аввал мегузорад. Инъикоси фаъолияти парламентро тавассути воситаҳои ахбори омма амри муҳим мешуморад.

Ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва пайванди он бо иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини шароити озодонаи фаъолияти иқтисодӣ қонунгузории марбутро мунтазам такмил медиҳад. Қабули қонунҳоро вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вусъат бахшида, амнияту суботи кишварро  таъмин месозад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар робита бо ин масъала, боз як силсила иқдомҳои муҳиму мушаххаси хешро дар амал татбиқ карданист.

Ҳамин аст муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки мо мехоҳем онро дар панҷ соли оянда, дар сурати сазовор шудан ба боварии шумо ва оғози фаъолиятамон дар парламенту дигар мақомоти  ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонем.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тавассути рӯйхати ягонаи ҳизбӣ барои интихобот дар доираи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 27 намояндаи хешро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ҳамчунин садҳо нафар номзадҳои мо барои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ ва барои вакилӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вакилии ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти кишвар пешбарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо шахсони дар ҷомеа соҳибобрӯ, дар пешаашон босалоҳият, ватандӯст мебошанд ва рафтору ахлоқи писандида доранд.

Фақат ҳаминро мегӯем, ки дар миёни 27 нафар номзадҳои ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳодшудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 11 нафарашон зан ҳастанд, ҳамаашон маълумоти олӣ доранд. Дар байнашон панҷ нафар унвони доктор ва шаш нафар номзади илмро доранд. Аксар таҷрибаи зиёди сарварӣ, донишҳои ҳозиразамон доранд. Дар ин рӯйхат касоне низ ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои муътабари хориҷ аз кишвар маълумоту ихтисос гирифтаанд.

Мо азм дорем, ки нияту мақсадҳои дар барномаи пешазинтихоботӣ банақшагирифтаамонро  бо сарпарастию ҳидояти Раиси ҳизбамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба вакилони интихобшудаамон ва бо истифода аз ҷонибдории дилгармонаи  тамоми мардуми шарифи кишвар амалӣ гардонем.

Боқӣ, интихоб аз ҳамватанони азиз аст ва мо ба онҳо эътимоду боварии комил дорем, ки ба ҷонибдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон овоз медиҳанд.

С.ФАТТОҲЗОДА, муовини якуми Раиси ҲХДТ