Интихобот зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатиро дорад

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

додозода КМИР2Мутобиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ барои баргузории маъракаи интихобот корҳои омодагӣ идома доранд. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода Абдуманон Махсуд ҳамсуҳбат гашт.

- Дар арафаи баргузории интихоботи парламентӣ ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон интихоб карда шуд. Мегуфтед, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ниҳод аст, тартиби ташкили он чӣ тавр сурат мегирад?

- Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин панҷумин интихоботи парламентӣ дар кишвар мебошад. Тибқи моддаи 10-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон чор комиссияи зерини интихобот ташкил карда мешавад:

- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;

- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;

- комиссияҳои участкавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон.

Гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ба мисли интихобот зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатиро тақозо менамуд. Дар ин замина, тибқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини роҳбарӣ ҷиҳати омода кардан ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсӣ, дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1995 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) таъсис дода шуд.

Таъсиси сохтори мазкур яке аз дастовардҳои муҳими низоми интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тӯли қариб 20 сол аст, ки КМИР рисолати хешро доир ба тариқи шаффоф, озоду демократӣ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории интихоботӣ ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор намудани интихобот ба субут расонида истодааст. Давоми фаъолияти худ, аз соли 1995 инҷониб КМИР барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ду раъйпурсӣ, се интихоботи Президентӣ ва парламентӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

То имрӯз КМИР ба системаи комиссияҳои интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, шахси ҳуқуқӣ ва мақоми доимоамалкунанда мебошад. Муҳлати ваколати КМИР панҷ сол аст ва он ҳангоми интихоби ҳайати нави КМИР қатъ мегардад. Ҳайати КМИР аз раис, муовин ва 13 нафар аъзо иборат аст. Раис, муовин ва аъзои КМИР-ро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се рӯзи баъди таъин шудани интихобот тасдиқ мекунад.

Тавре маълум аст, дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2014 ҳайати нави КМИР иборат аз 15 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис ва 13 нафар аъзо ба муҳлати панҷ сол интихоб карда шуд, ки ҳоло ин ҳайат  фаъолият дорад.

- Барои омодагиҳо ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои ҳавзавии интихобот ташкил карда мешавад. Дар бораи тартиби ташкили ин комиссияҳо ва ваколатҳои онҳо чанд сухан мегуфтед.

-Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ гардидааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ташкил карда шудааст.

Ҳавзаҳои интихоботро КМИР таъсис медиҳад. Муқаррар карда шудааст, ки дар ВМКБ -2 ҳавза, дар вилояти Суғд-13 ҳавза, дар вилояти Хатлон-14 ҳавза, дар шаҳри Душанбе -4 ҳавза ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 8 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, ҷамъ 41 ҳавза ташкил карда шавад.

Баъд аз таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ бо қарори КМИР комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шудааст.

Имсол ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ боз ҳам зиёд шуд, ки он ба муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон вобастагӣ дорад. 9 июли соли 2014 КМИР бо қарори худ дар ин бора Дастурамалро тасдиқ намуд.

- Тибқи талаботи қонунгузорӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон участкаҳои интихоботӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот ташкил карда мешавад. Ин комиссияҳо чӣ корҳоро ба анҷом мерасонанд?

- Яке аз чорабиниҳои муҳими омодагиҳо ба интихобот ин ташкили участкаҳои интихоботӣ мебошад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои интихобкунандагон мавзеи муносиби ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳоро ба назар гирифта, участкаҳои интихоботиро ташкил менамоянд. Ҳудуди ин участкаҳо набояд аз сарҳади ҳавзаи интихобот берун бошад.

Участкаҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо дар давоми бисту панҷ рӯзи баъди таъини интихобот ташкил карда мешаванд ва на камтар аз 20 ва на зиёдтар аз 3000 нафар интихобкунандагон бояд дошта бошанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 3207 участкаи интихоботӣ ва дар хориҷи кишвар 35 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.

Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз, ҳар як участкаи интихоботиро барои гузаронидани интихобот ройгон бо бино таъмин менамояд. Пас аз он ки участкаҳои интихоботӣ таъсис дода шуданд, бояд комиссияҳои участкавии интихобот дар муҳлати дар қонун пешбинишуда таъсис дода шаванд.

Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияи ҳавзавии интихобот камаш 45 рӯз пеш аз интихобот  дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссия ташкил мекунад.

Бо дастури КМИР ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сардорони кооперативҳои соҳибмулкони манзил, корхонаҳои ғайридавлатӣ, собиқадорони меҳнат, ки шахсони обрӯманд, таҷрибадор ва холис мебошанд, тавсия дода мешаванд.

Ваколати аввалиндараҷа ва хеле муҳими комиссияҳои участкавии интихобот сари вақт, саҳеҳ ва дуруст тартиб додани рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ мебошад, ки бояд бо сифати баланд анҷом дода шавад. Бо мақсади сари вақт тартиб додани рӯйхат қонунгузор муқаррар кардааст, ки комиссияи участкавии интихобот барои тартиб додани рӯйхат аҳли ҷомеаро ҷалб карда метавонад.

- Рӯзи 1 марти соли 2015 интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ баргузор мегардад. Барои гузаронидани ин интихобот кадом комиссияҳо ташкил карда мешаванд?

- Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешавад:

-ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе — на бештар аз 70 ҳавзаи интихоботӣ, ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихоботӣ.

Аз ҳар ҳавзаи интихоботӣ як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад.

Ҳавзаҳои интихоботиро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо дарназардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад.

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рӯзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад.

Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор, бо дарназардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда, на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд.

Раис, муовини раис, котиби комиссия ва аъзо дар аввалин маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот дар бораи ҳайат, нишонӣ ва рақамҳои телефони худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.

- Комиссияҳои интихоботие, ки номбар кардед, чӣ ваколатҳо доранд ва кадом корҳоро ба сомон мерасонанд?

- Барои иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар қаламрави дахлдор назорат мебаранд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунанд ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳанд.

Участкаҳои интихоботӣ бо дарназардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон, аз ҷумла дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияҳои интихоботии шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз рӯзи бисту панҷуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон муҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панҷ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Комиссияҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳо участкаҳои интихоботиро рақамгузорӣ мекунанд ва ҳудуди онро бо зикри маҳали комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор, бо дарназардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда, на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз ҳашт аъзо ташкил мешавад.

Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати ҳафт нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.

Ваколатҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро қонунгузории интихоботӣ дақиқ муайян кардааст ва онҳо уҳдадор мебошанд, ки дар доираи ваколатҳои худ амал намоянд.

- Дар ин радиф мегуфтед, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳо чӣ гуна баргузор мегардад?

- Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 5 декабри соли 2014 таҳти №306 интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад.

Интихоботи вакилони ҷамоат на дертар аз 40 рӯзи ба охир расидани муҳлати ваколати вакилони Ҷамоати даъвати амалкунанда бо қарори Ҷамоат таъин карда мешавад.

Барои интихоботи вакилони Ҷамоат на кам аз 15 ва на зиёда аз 40 ҳавзаи интихобот ташкил карда мешавад. Шумораи ҳавзаҳои интихоботро Ҷамоат муқаррар менамояд. Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакили Ҷамоат интихоб мешавад.

Барои гузаронидани интихоботи Ҷамоат комиссияи интихоботӣ на дертар аз панҷ рӯзи баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 нафар ташкил карда мешавад.

Комиссияи ҳавзавии интихоботиро комиссияи интихоботии Ҷамоат на дертар аз даҳ рӯзи баъди таъини интихоботи Ҷамоат дар ҳайати 5-11 нафар ташкил намуда, раис, муовини раис, котиби комиссияро интихоб мекунад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот рӯйхати интихобкунандагонро тартиб медиҳад, онҳоро ба ин рӯйхат шинос менамояд, номзадҳоро ба қайд мегирад, аҳолиро дар бораи маҳали ҷойгиршавии комиссияи ҳавзавии интихобот, вақти кори он, инчунин рӯзи интихобот, ҷойи овоздиҳӣ хабардор мекунад, бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботро тайёр мекунад, овозҳои интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихобот ҳисоб менамояд.

Мусоҳиб М. АЪЗАМ, «Садои мардум»