Тағйиру ислоҳи санадҳои ҳуқуқӣ аз ниёзи замон бармеояд. Инсон низ дар оғоз қонунро ҳамчун василаи ҳалли мушкилот ва заминасози рушди минбаъда бо дарназардошти тақозои хоси замони муайян эҷод намуд. Аз ин нигоҳ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва гузаштаи таърихи башарият падидаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фаровонанд, ки вобаста ба эҳтиёҷи ҷомеа амалӣ гашта, барои таъмини ҳадафҳои тараққиёт дар марҳилаи мушаххаси вақт поя ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Имрӯз мо дар пешорӯи маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки дар асоси дархосту хоҳиши интихобкунандагон таҳия шудааст, зеро мукаммалсозии меъёрҳои конститутсионӣ ба рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи муҳайё намудани шароити кафолати давлатии он мусоидат мекунад.
Шаҳрвандони ватандӯсту соҳибташаббуси Тоҷикистон маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии сиёсӣ нишон дода, дарк намудаанд, ки такмил додани муқаррароти конститутсионӣ ҷанбаи илмиву мантиқӣ дошта, аз нигоҳи зарурат ва моҳият саривақтиву ҳадафманд аст. Аз ин ҷост, ки иқдоми пешгирифта баҳри тағйиру такмили меъёрҳои конститутсионӣ ҷонибдорӣ ва ҳамовозӣ пайдо намудааст.
Аз он нигоҳ, ки Тоҷикистон бо шарофати сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди рушди устувори бемайлон афзоянда ворид гардидааст, зарурати такмили меъёрҳои Конститутсия ва дар идомаи ин ислоҳоти ҳуқуқӣ такмил додани низоми қонунгузории амалкунанда ҳақиқати воқеист.
Як паҳлуи дигари басо муҳими тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда дар он аст, ки ба ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ равона шудааст. Бо ин мақсад моддаи 85 дар таҳрири нав ифода меёбад, ки тибқи он ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки на кам аз 25- сола бошад.
Бо таъкид ба он ки шаҳрвандони ҷавон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бештаранд, тағйиру иловаҳои ба иштироки васеи ҷавонон дар идоракунии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ пешниҳодшуда, агар аз як ҷониб, ҳадафи асосӣ – ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони навинро дар пай дошта бошад, аз ҷониби дигар, такмили низоми мақомоти давлатӣ ба воситаи таъмини самаранокии кори он ва таҳкими ҳамкориву ҳамбастагии байни рукнҳои ҳокимиятро бо ширкат ва саҳмгузории неруи фаъолу созандаи ҷавонон такони тоза мебахшад.
Суҳроб Рушанзода, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе