1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Кӯш, то халқро ба кор ойӣ

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Шариф ШарифОВОмӯзгорӣ касби пуршараф аст, зеро соҳиби ин пеша пайваста пайи соҳибмаърифат кардани ҷомеа мекӯшад. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз рӯйхати ҲХДТ Шариф Шарифов низ соҳиби касби омӯзгорӣ аст.

Номбурда соли 1958 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, соли 1975 мактаби миёнаи рақами 5-и зодгоҳашро хатм намудааст.  Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1975 -1977 дар колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Айнӣ фаъолият карда, сипас, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) супорида, сазовори номи пуршарафи донишҷӯӣ мегардад. Пас аз хатми донишкада, аз соли 1981 то соли  1985 ҳамчун омӯзгори  фанни забони фаронсавӣ дар мактаби миёнаи рақами 5-и ноҳияи Айнӣ фаъолият намуда, пасон дар вазифаҳои мудири бахши бақайдгирии кумитаи комсомолии колхози «Тоҷикистон», котиби масъули ҷамъияти «Ҳушёрӣ», мудири бюрои ахборот ва кортаъминкунии аҳолӣ, мудири шуъбаи умумии  комиҷроияи ноҳияи Айнӣ фаъолият кардааст. Соли 1999 ба ноҳияи Зафаробод кӯч баста, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳия низ дар вазифаҳои масъул кор кардааст. Аз ҷумла вазифаҳои мудири бахши назорат, мудири шуъбаи умумӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, мудири шуъбаи маориф, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, директори ОКТ №4, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Зафарободро бар уҳда дошт. Айни ҳол мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур мебошад.

Шариф Шарифов дорои  нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, аз соли 2013 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Мавсуф дар ҳар вазифае, ки кор кардааст, худро чун шахси ватандӯсту меҳнатдӯст нишон дода, пайи гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз талош намудааст. Номбурда аз пешравиҳои мунтазами Тоҷикистони  соҳибистиқлол ҳамчун шаҳрванди ин кишвари офтобӣ меболаду шукргузор аз қисмат ҳаст, ки бо ҳидояти Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин пешравиҳо ба шоистагӣ татбиқ шуда, нуфузи мамлакати моро дар арсаи ҷаҳон боло бардоштаанд. Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаҳои нави иқтисодиву фарҳангӣ арзи ҳастӣ намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ дар низоми давлатдории кишвар амалӣ шуда истодаанд.

Шариф Шарифов мегӯяд, ки дар сурати аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш, кӯшиш менамояд, ки бо иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсии мамлакат, таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ саҳм гузорад.

-Таблиғу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон, дастовардҳои Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба чунин арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ, ширкати фаъолона дар иҷрои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумлаи мақсадҳое мебошанд, ки дар сурати вакил интихоб шуданам ҳам барои амалӣ намуданашон, ҷидду ҷаҳд менамоям,- изҳор дошт номбурда.

Мавсуф, ки омӯзгор аст, мехоҳад дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати ҷалби ҳар чӣ бештари аҳолӣ, аз ҷумла дастрасии духтарон ва занонро ба таҳсилот беҳтар намуда, бо ин кор дар соҳибмаърифат гардонидани ҷомеа саҳм гузорад.

Мутмаин аст, ки чопи осори гаронбаҳои гузаштагон, таблиғи қаҳрамонону шахсиятҳои барҷаста ба шинохти воқеъбинонаи орзуву ормонҳои халқ мусоидат мекунанд.

Шариф Шарифов аз нафароне ба ҳисоб меравад, ки шиораш дар зиндагӣ некӣ кардан ба халқу Ватан аст. Аз ин рӯ, месазад, ки дар парлумони касбии мамлакат имкони фаъолият намудан ба манфиати халқу Ватанро пайдо намояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»