Дар ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ идома дорад. Аз ҷараёни ин омодагиҳо бо фаъолияти ҳавзаи интихоботии Рашт №9, ки марказаш бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт мебошад, шинос гардидем.
Аз суҳбат бо раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт №9 Ғайниддин Манонов маълум гардид, ки комиссия корашро мутобиқи нақшаи тартибдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. — Дар муҳлати муайянгардида дар ҳудуди ноҳия 64 участкаи интихоботӣ ва ҳайати он ташкил гардид. Қарорҳои комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт №9 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани участка ва комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» чоп шуд. Қарори мазкур ба ҳама участкаҳои интихоботӣ дастрас карда шуд, -гуфт Ғайниддин Манонов.
Ҳамчунин маълум гардид, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ бо маводи зарурӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастурамали комиссияи ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ, Дастурамал оид ба тартиби иштироки нозирони байналмилалӣ ва миллӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра таъмин карда шудааст.
Дар ҳавзаи интихоботӣ нақшаи тақвимӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхат ва шумораи умумии интихобкунандагон, гӯшаи интихобкунанда омода мебошад. Аз ҳисоби аъзои комиссияи ҳавзавӣ навбатдорӣ ташкил шудааст ва ба саволу дархости интихобкунандагон ҷавоб дода мешавад.
Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ тамоми тадбирҳо андешида шудаанд, ки ин маъракаи муҳим мутобиқи талаботи қонунгузорӣ доир гардад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Дар сурат: раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт №9 Ғайниддин Манонов (аз рост) бо муовини раиси комиссия Нигина Раҳимова ва котиби комиссия Раҳматҷон Наботов суҳбат дорад. Суратгир М. РИЗВОНОВ