1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 2 марти соли 2015 доир ба натиҷаҳои пешакии интихобот иттилоъ дод.
Аз рӯи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни интихобот аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафаранд, 3 миллиону 791 ҳазору 727 нафар (87,7 фоиз) интихобкунандагон иштирок намуданд. Ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 450 ҳазору 275 нафар (11,8 фоиз), Ҳизби демократи Тоҷикистон 64 ҳазору 547 нафар (1,7 фоиз), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар (7,6 фоиз), Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар (2,3 фоиз), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 58 ҳазору 28 нафар (1,5 фоиз), Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон 210 ҳазору 328 нафар (5,5 фоиз), Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 18 ҳазору 875 нафар (0,5 фоиз) ва ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 миллиону 472 ҳазору 267 нафар (65,2 фоиз) овоз дода шуд.
Ҳамин тариқ, ба Парлумони кишвар намояндагони чор ҳизби сиёсӣ-Ҳизби аграрии Тоҷикистон –бо се номзад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – бо ду номзад, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон – бо як номзад ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон- бо 16 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби курсӣ гаштанд.
Мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 103 нафар ва дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 185 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла 79 нафар номзадҳо ба тариқи худпешбарӣ мебошанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»