Нигаронии аъзои ҲКТ

№111 (3412) 19.08.2015

Аз ҷониби як додгоҳи шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баста шудани Ҳизби коммунисти ин кишвар масъулини Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар суҳбат бо мо чунин изҳори назар кард: «Ин чиз дар замони ҷаҳонишавӣ, албатта, боиси нигаронӣ аст, зеро Ҳизби коммунист дар давлате баста шудааст, ки он узви кишварҳои АврОсиё мебошад. Фикр мекунам, ки дар ин бора аъзои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Қазоқистон садо баланд хоҳанд кард. Бояд ин амали Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди интиқод қарор бигирад».

- Дар солҳои навадум аз ҷониби мухолифин Ҳизби коммунист баста шуда буд. Аммо, имрӯз мо некбинем, ки дар Тоҷикистон ба сари Ҳизби коммунист чунин ҳолат нахоҳад омад, зеро мо дар доираи қонунҳо ва оинномаи расмӣ амал намуда, манфиатҳои миллиро аз манфиати шахсиву гурӯҳӣ боло медонем,- афзуд И. Талбаков.

Бояд гуфт, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз даврони шӯравӣ фаъол буда, беш аз 45 ҳазор аъзо дорад ва ҳоло роҳбарии он бар дӯши Шодӣ Шабдолов аст.

Хусрав ШОҲСАИДОВ, сомонаи «Озодӣ»