1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ҳомии қонун

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Ист1Равшан Раҷабов 6 майи соли 1967 дар шаҳри Конибодом дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, фаъолияти меҳнатии худро соли 1984, баъди хатми мактаби миёнаи № 4 дар Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом ба ҳайси коргар оғоз кардааст. Солҳои 1985 — 1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Челябинск ва дар Ҷумҳурии Демократии Германия хизмат намуда, соли 1987 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1992 бомуваффақият хатм мекунад. Аз моҳи августи ҳамон сол то августи соли 1993 дар кафедраи «Назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ»-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст.

Фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву илмии ин марди донишманд ва мураббии ҷавонон бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд гардид. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккулёбии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ-методологӣ» ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидааст. Муаллифи беш аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла ду монография, ду курси мухтасари лексияҳо, зиёда аз даҳ китобу воситаҳои таълимӣ мебошад. Бо кӯшишу эҳтимоми ӯ чандин барномаҳои таълимӣ ва методӣ омода гаштаанд, ки ҳамчун роҳнамо барои донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.

Равшан Раҷабов — мутахассиси шинохтаи соҳаи назарияи масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ, олими барҷастаи мактаби ҳуқуқшиносии кишвар, ҳамзамон бо таҳияи чандин лоиҳаҳои қонунҳо ва асосноккунии илмии онҳо дар инкишофи давлат ва такмили соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Барои хизматҳои шоён ва дастовардҳо дар кори илмию омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас Равшан Раҷабов бо медали «Барои хизматҳои шоён» ва як қатор «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Бахши Конибодомии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии ӯро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 пешбарӣ намудааст.

Барномаи пешазинтихоботии ӯ таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» таҳия гардидааст, ки муҳтавои он аз Барномаи амали ҲХДТ бармеояд. Масъалаҳои ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди Тоҷикистон, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шахс, рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки меҳвари асосиаш ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад, аҳамияти аввалиндараҷа додан ба ҳимояи манфиатҳои табақаи ниёзманди аҳолӣ, нафақахӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён, тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили сохтори иқтисодиёт ва ғайра асоси Барномаи пешазинтихоботии Равшан Раҷабовро ташкил намудаанд.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом № 19 Равшан Раҷабов дар мавриди интихоб шуданаш ба ин маснади баланд ба нақша гирифтааст, ки дар кори ҳалли як идда қазия ва мушкилоти дар қаламрави ин ҳавза мавҷудбуда саҳм гузорад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»