1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Омодагӣ хуб аст

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

Ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8-и ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ҳавзаҳои калонтарини ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳисоб меравад. Бобати рафти тайёрӣ ба интихобот ва ҷараёни пешбарии номзадҳо ба ин ҳавза хабарнигори рӯзнома бо раиси комиссияи ҳавзаи мазкур Арбобов Зайниддин Ҷӯраевич ҳамсуҳбат гардид, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон магардонем.

 -Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонӣ №8, воқеъ дар шаҳраки Сомониён, кӯчаи Исмоили Сомонӣ №32 нуҳ шаҳраку деҳоти ноҳияро дар бар мегирад. Аъзои комиссия, ки дар ҳайати 11 нафар ташкил ёфтааст, то ба имрӯз доир ба омодагии маъракаи интихобот корҳои зиёдро анҷом додааст. Ҳавзаи интихоботии мазкур 78 участкаи интихоботӣ ва 125929 нафар овоздиҳанда дорад.

Дар назди ҳавза тибқи «Дастурамал дар бораи муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо,ноҳияҳо ва ҷамоатҳо»  комиссия дар ҳайати панҷ нафар таъсис дода шудааст. Баъди баргузор намудани нахустин ҷаласа ва шинос шудан бо Дастурамал комиссия ба кори худ оғоз намуд. Дар асоси ҳамин Дастурамал бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат гузаронида шуд.

Ба ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар номзад- панҷ нафар тариқи худпешбарӣ ва як нафар аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.

Баъди таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои номзадҳо комиссияи дахлдор номзадии панҷ нафарро ба қайд гирифт. Инҳо Хайрулло Суфиев аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Тавакал Бобоев аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳасан Сафаров аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон( ба таври худпешбарӣ), Фарҳод Тоҷиев аз  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ба таври худпешбарӣ), Салоҳиддин Тағойбеков аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ба таври худпешбарӣ) мебошанд.  Комиссия номзадии Бузургмеҳр Ёровро аз Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон (ба таври худпешбарӣ), ки дар ҷараёни  пешбарии ӯ ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор камбудиҳоро ошкор намуда буд, ба қайд нагирифт.

Барои боз ҳам пурзӯр намудани рафти омодагиҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 январи соли равон бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯзҳо аъзои комиссия ба тартиб додани нақшаи  вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон, баргузор намудани семинарҳо бо раисон, котибону аъзои участкаҳои интихоботӣ ва омода намудани рӯйхати интихобкунандагон машғуланд.

Зикр кардан зарур аст, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сомонӣ №8-и ноҳияи Рӯдакӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тамоми шароит мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ комиссияи ноҳиявии интихоботӣ дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шудааст. Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Шарипов ба уҳда дорад. Дар 16 шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия 40 ҳавза ва 133 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 220187 нафар овоздиҳанда ба рӯйхат гирифта шудааст. Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарии номзадҳо аз 10 то 25 январи соли 2015 идома ёфт ва аз ҷониби ҳизбҳои фаъолиятдошта ва тариқи худпешбарӣ 133 нафар номзад барои соҳиб шудан ба 40 мандати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»