-Интихобот аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад,- гуфт дар суҳбат раиси комиссияи ноҳиявии интихоботии ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадисо Ғафуров. -Бинобар ин, комиссия, пеш аз ҳама, талош мевазад, ки ҳар як сокини ноҳия масъулияти хешро зимни иштирок дар интихобот барои интихоби вакилони арзанда дарк намояд. Аз ин рӯ, шинос намудани овоздиҳандагон бо қонуни интихобот ва дастурамалу дигар санадҳои меъёрии марбут ба ин маърака хеле зарур аст. Ба ин хотир аъзои комиссия бо раисон ва аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ пайваста суҳбатҳо ва семинарҳо гузаронида истодаанд.
Дар 32 участкаи интихоботии ноҳия 21300 нафар овоздиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 743 нафарашон бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд. Ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 75 нафар номзадҳо аз ҳизбҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта ва тариқи худпешбарӣ барои соҳиб шудан ба мандати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ шудаанд.
Диловари МИРЗО,«Садои мардум»