Танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ

№46 (3526) 07.04.2016

 Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ буда, ба сифати танзимгари асосии муносибатҳои ҷамъиятии бавуҷудомада баромад намояд. Дар ин маврид сухан оид ба санади асосии ҳуқуқӣ — сиёсӣ, яъне, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, ки на фақат танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки ба сифати муайянкунандаи самти рушди минбаъдаи он, барномаи давлатсозии оянда, роҳнамои инкишофи кишварамон дониста мешавад. Аз ин рӯ, лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, саривақтӣ буда, сазовори дастгирист.

Мехоҳам чанд нуктаро аз лоиҳа, ки мувофиқи онҳо самтҳои рушди консепсияи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда мешаванд, махсус қайд намоям.

Дар Конститутсия дақиқ нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мебошад, чунки шакли идораи давлат бояд дар меъёрҳои он бевосита инъикос ёбад.

Тағйироти дигаре, ки мувофиқи қисми панҷуми лоиҳа ба моддаи 8 — уми Конститутсия ворид карда мешавад, дар Тоҷикистон манъ будани фаъолияти ҳизб­ҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидош­та, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин муқаррарот дар сатҳи Конститутсияи кишвар хеле муҳим ва зарурист. Дар шароити бениҳоят ҳассос ва пуртазоди ҷаҳони муосир маблағгузории ҳизбҳои сиёсии ҷудоихоҳ ва характери милливу динидошта яке аз воситаи асосии заиф гардонидани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Таҷрибаи талхи баъзе аз давлатҳои имрӯзаи ҷаҳон гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ, дар сатҳи конститутсионӣ мус­таҳкам намудани ин меъёр ниҳоят муҳим мебошад.

Тағйироти дигари муҳим ба моддаи 14 — уми Конститутсия, ки дар он сухан оид ба ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, илова намудани категорияҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа ва сиҳатии аҳолӣ» ба сифати асосҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳо мебошад. Дар таҷрибаи давлатдорӣ ва илми ҳуқуқи инсон муайян кардани сарҳади ҳуқуқ яке аз ҷузъҳои таркибии сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, меъёри иловашаванда, ки ахлоқи ҷомеа ва сиҳатии аҳолиро пешбинӣ менамояд, метавонад  садди роҳи воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона гардад.

Моддаи 15 — уми Конс­титутсия, ки мансубият ба шаҳрвандиро муайян мекунад, ба таври мушаххас ва дақиқ гуногунфаҳмиро дар ин ҷода бартараф менамояд.

Муқаррароти дақиқкунандаи лоиҳа, инчунин дар таҳрири нав пешниҳод намудани қисми дуюми моддаи 34 мебошад, ки мувофиқи он падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Ҷорӣ намудани талаботи ягона ба шахсоне, ки дар се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, муҳиму зарурист. Яъне, талабот танҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб будани онҳост. Мувофиқи ин талабот шахсоне, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии дигар давлатро доро мебошанд, ба вазифаҳои пурмасъулияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судя интихоб ё таъин шуда наметавонанд. Агар шахс баъд аз интихоб ё таъин шудан ба ин вазифаҳо шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад, боиси аз вазифа рафтани ӯ мегардад.

Нисбат ба ҳамин категорияҳои мансабдорони давлатӣ талаботи ёд кардани савганд муқаррар шудааст.

Ҳамчунин, мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мақоми конститутсионӣ дода шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои ӯро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Тағйироти дигар низ, ки ба мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судяҳо равона гардидааст, саривақтӣ ва қобили дастгирист.

 Д. Сафарзода, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе