1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ташаббускорию масъулиятшиносӣ ӯро ба мартабаи баланд расонд

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Муаррифинома

DSC_0702Мирзодавлат Абдолиевич Сабуров якуми июли соли 1964 дар хоҷагии ба номи Телмани ноҳияи Қубодиён дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) соли 1985 ба ҳайси нозир- тафтишотчии хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш  фаъолияти меҳнатиашро оғоз менамояд.

Минбаъд дар вазифаҳои мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо  кадрҳои Кумитаи комсомолии ноҳияи Вахш, раиси Маркази фарҳанги тоҷикони шаҳри Магнитогорски Федератсияи Россия, мушовири намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой фаъолият намудааст. Солҳои 2002- 2003 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи агросаноатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, солҳои 2003- 2008 муовини якуми раиси ноҳияи Ҷиликӯл кор кард.

Мирзодавлат Сабуров аз соли 2008 то соли 2011 раиси ноҳияи Панҷ ва аз соли 2011 то моҳи марти соли 2014 мудири бахши растанипарварии шуъбаи кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз моҳи майи соли 2014 инҷониб сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор мекунад.

Солҳои 2010- 2011 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

7 январи соли 2015 Конференсияи якҷояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл ва Панҷ номзадии ӯро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудааст.

Мирзодавлат Сабуров, вақте ки ҳамчун мутахассиси ҷавон дар хоҷагии ба номи  Кирови ноҳияи Вахш ба кор шурӯъ намуд, аз худ маҳорати кордонӣ ва ташкилотчигӣ нишон дод. Он солҳо дар деҳот бисёр ташаббусҳои наҷиб аз ҷониби  комсомолону ҷавонон пешниҳод мешуданд. Бахусус  бригадаҳои зарбдори аз ҳисоби  комсомолону ҷавонон ташкилёфта дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносиб мегузоштанд. Яке аз ин фаъолон мутахассиси ҷавон Мирзодавлат Сабуров буд, ки ҷавонон ӯро котиби озоди комсомолии хоҷагии ба номи Киров интихоб намуданд. Баъди се сол ӯ мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо  кадрҳои Кумитаи комсомолии ноҳияи Вахш таъин шуд.

Ҳамин тариқ, ин мутахассиси ҷавон дар кори роҳбарӣ таҷриба ва малака пайдо намуда, ба вазифаҳои баланд пешбарӣ мегардад. Ӯ нисбати вазифаи хеш бо ҳисси масъулият муносибат менамуд ва мекӯшид, ки ҳар супоришро сазовори боварӣ иҷро намояд.

Бо андӯхтани таҷриба, донишу маҳорат ба дараҷаи сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.

Ҳоло Мирзодавлат Сабуров ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи пешазинтихоботии худро ба интихобкунандагони ҳавза муаррифӣ намуда истодааст. Ин Барнома дар заминаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дарбаргирандаи муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020 мебошад, таҳия шудааст.

Ӯ мехоҳад, ки дар дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ иштироки бевосита дошта бошад.

Барномаи пешазинтихоботии ӯ ҷалби занон, хусусан дар деҳот, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва танзими оила, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дастгирии ҷавонон, бо омӯзиши илму фарҳанг, касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо, рушди минбаъдаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанги миллӣ ва ғайраро фарогир мебошанд.

Дар Барномаи пешазинтихоботии Мирзодавлат Сабуров рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорию боғдорӣ, зикр шудааст. Ҳамчун мутахассиси бахши кишоварзӣ солҳои зиёд дар ноҳияҳое, ки ӯро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, кору фаъолият намудааст. Хуб медонад, ки кадом минтақа барои парвариши кадом навъи зироат мутобиқ мебошад. Агар ноҳияи Панҷ барои парвариши пахтаи маҳиннах мутобиқ бошад, пас дар ноҳияҳои Қумсангиру Ҷалолиддини Румӣ зироати ситрусӣ, бахусус  лимӯ, ҳосили фаровон  медиҳад. Кишоварзон дар ин соҳа таҷрибаи бой доранд. Мақсад дорад, ки ба рушди соҳаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштироки фаъолона дошта бошад.

Дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии ҷойдоштаи ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ, арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон то ҳадди имкон ҳиссагузор будан мехоҳад.

М. АЪЗАМ, «Садои мардум»