Участкаҳои интихоботӣ омодаи кор мебошанд

№16 (3317) 05.02.2015

То баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ камтар аз як моҳ мондааст. Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ба ин маъракаи муҳим омодагии ҷиддӣ мебинанд. Аз ҷумла дар ноҳияи Файзобод раванди омодагиҳо хуб ҷараён дошта, то ин муддат бисёр корҳо анҷом ёфтаанд. Хабарнигорамон зимни боздид аз ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 бо раиси он Абубакр Буриев роҷеъ ба омодагӣ ба интихоботи дарпешистода ҳамсуҳбат шуд.

-Аввалан мехоҳам гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёмашон ба Маҷлиси  Олии кишвар ёдовар шавам, ки чунин таъкид доштанд: «Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.

Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем.». Ин нуктаи бисёр муҳимро дар арафаи интихобот мо- масъулон бояд сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем ва барои шаффофу демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳим ҷидду ҷаҳд намоем.

Ҳавзаи интихоботии мо аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (24 декабри соли 2014 №12) ба фаъолият шурӯъ кард ва нақшаи кории комиссия ва реҷаи навбатдориро тасдиқ намуд, — иброз дошт А.Буриев.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Файзобод №11 60 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 45 рӯз пеш аз интихобот (то 15 январи соли 2015) ба итмом расид. Дар натиҷа, панҷ номзад — ду нафар аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби конференсияҳои ҳизбӣ ва се нафар бо тариқи худпешбарӣ пешниҳод карда шуданд. Дар айни ҳол омӯзиши ҳуҷҷатҳои номзадҳои пешбаришуда дар арафаи анҷомёбист.

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон иттилоъ дод, ки мутобиқи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори комиссияи ҳавзавии интихоботӣ аз  28 декабри соли 2014 таҳти №1  дар ҳудуди ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, қисми шаҳри Ваҳдат ва қисми ноҳияи Нуробод 108 участкаи интихоботӣ таъсис ёфт. Дар ин участкаҳо комиссияҳои участкавии интихоботӣ таъсис дода, то 25 январи соли ҷорӣ бо аъзои участкаҳо оид ба гузаронидани интихобот машваратҳои дастурдиҳӣ гузаронида шуд.

Бинои ҳавзавии интихоботӣ ва ҳамаи участкаҳои ба он вобасташуда мутобиқи талабот оро дода, таҷҳизонида шудааст. Дар участкаҳои интихоботӣ барӯйхатгирии интихобкунандагон то 5 феврали соли ҷорӣ идома меёбад ва 15 рӯз пеш аз интихобот ин рӯйхат барои шиносоӣ овехта мешавад.

29 январи соли ҷорӣ таҳти сарварии роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додозода дар маркази ноҳия бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мулоқот доир гардид. Дар он рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими дарпешистода баррасӣ гардида, мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»