27 марти соли 2015 - интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар ин маърака нақши ҳалкунанда доранд

№38 (3339) 16.03.2015

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014 таҳти №306 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» 27 марти соли 2015 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2015 баргузор гардид, масъалаи ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихоб оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ таври якҷоя як комиссияи ҳавзавӣ, ҷамъ панҷ  комиссияи ҳавзавии интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раис, муовини раис, котиби комиссия ва ҳашт нафар аъзои комиссия таъсис дода шуд.

Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ 25 рӯз баъд аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ дар ин интихобот нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд, зеро аз чор се ҳиссаи номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳо пешбарӣ карда, аз ҷониби ин вакилон ба тариқи пӯшида интихоб мешаванд.

Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пӯшида қабул карда, дар давоми се рӯз ба номзад хабар дода мешавад.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти намондагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо як  номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ аст, пешбарӣ карда метавонанд. Вакилони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он метавонанд на зиёда аз ду номзадро пешбарӣ кунанд. Зимнан, якчанд мақомоти намояндагӣ метавонанд як номзадро пешбарӣ намоянд.

Бақайдгирии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз чор рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад. Ба аъзогии Маҷлиси миллӣ панҷ нафарӣ аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд ва ҳашт нафар аъзои дигари Маҷлиси миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои якумраи Маҷлиси миллӣ аст, ба шарте ки ӯ аз ин ҳуқуқаш даст накашида бошад.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ он гоҳ баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда овоз дода бошанд. Номзадҳое интихобшуда ҳисоб меёбанд, ки агар шумораи зиёдтари овозҳои вакилони интихобкунандаи дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифта бошанд. Дар сурати баробар будани овозҳои гирифтаи номзадҳо афзалият ба номзади синну солаш калонтар дода мешавад.

Номзадҳои ба аъзогии Маҷлиси миллӣ интихобшударо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»