Вохӯрӣ бо нозирони байналмилалӣ

№22 (3323) 17.02.2015

13 феврали соли 2015 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён як гурӯҳ нозирони байналмилалиро бо сардории муовини якуми раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ва ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ Андрей Наумов қабул намуд.

Дар мулоқот раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба интихобот, раванди омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла зикр шуд, ки барои фаъолияти нозирони байналмилалӣ шароит муҳайё шудааст, то ба ҷараёни омодагиҳо ба интихобот дар маҳалҳо шинос шаванд.

Сипас, бо иштироки нозирони байналмилалӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Зикр гардид, ки онҳо дар ин муддат бо фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде аз ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ шинос шуданд. Бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Нозирони байналмилалӣ рафти интихоботро мушоҳида намуда, хулосаи худро омода менамоянд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»