Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Табобати ройгони бемории сил таъмин карда шавад

№127 (3607) 08.10.2016

DSC_0070Панҷуми октябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34 -уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Вакилони гиромӣ!

Ҷаласаи навбатии мо, хушбахтона, ба рӯзи таваллуди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтод.

Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Роҳбари муаззами давлатамон зодрӯзашонро самимона табрик гуфта, барояшон ба хотири шукуфоии аз ин бештари Тоҷикистони азиз сиҳатии комил, умри дарози пурбаракат ва сиёсати муваффақи дохиливу хориҷро таманно менамоям.

Ҳамчунин, мехоҳам ба Пешвои миллат барои таваҷҷуҳи ҳамешагиашон ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, инчунин барои ин ҳама иқдомҳои тақдирсоз, ки рушди муътадили кишварамонро таъмин ва зиндагии миллатамонро осудаву рангин гардонидаанд, сипоси бепоён изҳор намоям.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон боз як ҷашни муҳим дорад. Ҳар сол дар кишвари маҳбубамон 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ бо шукӯҳи ба худ хос таҷлил мешавад.

Ин ҷашн таърихи қариб 30-сола дорад. Ҳанӯз соли 1989 баъди талабу исрори зиёди фарзандони бедордили тоҷик дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Қонуни забон қабул шуд. Ҳамин қонун буд, ки забони тоҷикиро расман забони давлатии Тоҷикистон эълон намуд, ба истиқлолияти фарҳангии мо оғоз бахшид ва худшиносии миллии тоҷиконро бамаротиб боло бурд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон забони шево ва шоиронаи  тоҷикӣ  мақоми  шоистаи худро соҳиб гашт ва берун аз кишварамон, аз ҷумла аз минбари созмони бонуфузтарини ҷаҳон – Созмони Милали Муттаҳид, баланд садо дод.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳиб­истиқлол  барои рушди густурдаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он шароит фароҳам оварда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ таҳия  мегарданд, коргузорӣ ва чорабиниҳо ба забони тоҷикӣ сурат мегиранд.

Мо забони модариамонро, ки аз Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Турсунзода ба мерос гирифтаем, мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ медорем ва нуфузу асолати онро фидокорона  ҳифз менамоем. Чунки маҳз ба шарофати забони модарӣ мо — тоҷикон дар замони бедавлатиҳо  тавонистем ҳувияти хешро  нигоҳ  дорем ва аз нобудӣ раҳо ёбем.

Ба ин маънӣ, бузургдошти забони  тоҷикӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Метавон гуфт, ки Рӯзи забони давлатӣ  ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини мо пойдор хоҳад монд.

Мо – вакилони мардумӣ ҳам бояд дар баробари аҳли илму қалам парчамбардори забону фарҳанги миллати худ бошем, бояд барои рушду таҳкими  бештари забони модарӣ аз тамоми имконот истифода кунем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф, албатта, бояд дар қадами аввал ба татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намоем. Мо вазифадорем забони тоҷикиро, ки як рукни муҳими миллат ва давлати мост, ба наслҳои ояндаамон поку беолоиш ва соҳибмақому бонуфуз бирасонем. Ин қарзи муқаддас ва рисолати таърихии ҳар як соҳибзабон аст.

Бо баёни ин ҳама андеша Рӯзи забони давлатиро ба  шумо – вакилони гиромӣ ва дар симои шумо ба мардуми азизи кишварамон табрик гуфта, ба забони модариамон умри ҷовидонӣ таманно менамоям.

Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи рӯзномаи ҷаласа пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Ба овоз мемонам.

Хоҳиш мекунам, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ба рӯзнома масъалаҳои зерин ворид шуданд:

1. Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Латифов У.Б.»

2. Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон

3. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004

4. Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007

5. Оид ба Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот

6. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният

7. Дар бораи Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ

8. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон»

9. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ.

 РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем:

Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Латифов У.Б.».

Оид ба ин масъала чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Латифов Умед Баротович»-ро ба овоз мемонам.

Хоҳиш мекунам, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Масъалаи дуюми рӯзнома — «Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммад Иброҳим дода мешавад.

 Муҳаммад ОСИМЗОДА: - Муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров! Муҳтарам Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷонибаи шумо дар ташаббусҳои пешгирифтаи мақомот дар самти назорати иҷрои якхела ва дақиқи қонунгузорӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ дар мамлакат арзи сипос менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагонро пешниҳод намуданд, ки яке аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии муҳим дар самти ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ба Тоҷикистон овардани шаҳрвандоне, ки барои содир кардани кирдори ҷиноятӣ дар давлати мазкур маҳкум шудаанд, мебошад.

Созишномаи мазкур дар асоси талаботи моддаи 16 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти маҳкумшудагон ба Ватан, ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо дар кишвари шаҳрвандии хеш 17 марти соли 2016 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расидааст.

Созишнома аз 20 модда иборат буда, тартиби пешниҳоди дархост, мақоми салоҳиятдори кишварҳои аҳдкунанда, шакл ва мазмуни дархост, шартҳои супоридани маҳкумшуда, асосҳои рад намудани супоридани маҳкумшуда, иҷрои ҷазо ва идомаи он, татбиқи авф, бахшиши ҷазо ва хароҷоти вобаста ба интиқоли маҳкумшударо ба танзим медарорад.

Боиси қайд аст, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб аллакай Созишномаи байнидавлатӣ оид ба экстрадитсия ва Созишномаи байнидавлатӣ дар хусуси расонидани кумаки мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ арзи вуҷуд дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон онҳоро дар фаъолияти ҳаррӯза истифода мебаранд.

Созишномаи ба муҳокимаи шумо пешниҳодгардида ҳамчун санади ҳуқуқии байналмилалӣ асоси ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Амороти Муттаҳидаи Араб адои ҷазо менамоянд, равона шудааст. Онро эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров дода мешавад.

 Зайнудин САФАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2016 № 805 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 18 августи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намоянда­гони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид ва он ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2014 аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои ин Созмон дар ҷаласаи Шӯрои он 19-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Москва ба имзо расонида шудааст. Бо Протоколи мазкур ба Созишномаи зикргардида тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид гардида, меъёрҳои он вобаста ба талаботи давлатҳои аъзои Созмон дар самти ҳифзи иттилооти махфӣ мукаммал шудааст.

Қобили қайд аст, ки «Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13-уми апрели соли 2005 № 46 тасдиқ шудааст.

Дар асоси талаботи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Протоколи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Лоиҳаи қарор ва Протоколи зикргардида ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳишмандам лоиҳаи Қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ, №35 Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004, ки 19 декабри соли 2012 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №820 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Протоколи мазкур бо мақсади бо дарназар­дошти манфиатдорӣ дар амалӣ намудани Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи нигоҳдории иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004 ва муҳимияти таъмини ҳифзи иттилооти махфӣ зимни иҷрои вазифаҳои ба уҳдаи Созмони номбурда вогузоргардида тибқи Оинномаи он равона карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 30 августи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намоян­дагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004 аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид ва он ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 июни соли 2004» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

 РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007», ки барои баррасӣ пешниҳод гардидааст, 23-юми декабри соли 2014 дар шаҳри Москва аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расонида шудааст.

Тағйироти ба Созишнома воридгардида хусусияти таҳрирӣ дошта, ба мукаммал гардонидани меъёрҳои он равона шудаанд, аз ҷумла ҷиҳати таснифи мафҳумҳо. Таъкид ба маврид мебошад, ки «Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2010 № 187 тасдиқ карда шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 24-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Протоколи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қарор ва Протокол ба меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Амалӣ намудани онҳо аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ, № 8 Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.

 Хайрулло СУФИЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №821 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Бо мақсади бо дарназардошти манфиатдорӣ дар муҳайё намудани шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ равона карда шудааст.

Дар бораи мазмун ва моҳияти Протокол муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров маълумоти муфассал дод ва такрори онро лозим намешуморам.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 30 августи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намоян­дагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007 аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки Протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – «Оид ба Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот», ки барои баррасӣ пешниҳод шудааст, аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 23-юми декабри соли 2014 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст.

Моҳияти санад ба фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои судманди мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои созмон дар самтҳои ҳимояи фазои иттилоотии тарафҳо равона мебошад.

Пешгирӣ намудани амалҳои тахрибкорӣ ва истифодаи шабакаҳои интернетӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатҳо, сулҳ ва бехатарии башарият, ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз мақсадҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Дар асоси талаботи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Протоколи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Лоиҳаи қарор ва Протокол ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани онҳо аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандам, ки қабули Қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи интихоботии Спитамен, №25 Аҳматҷон Қобилов дода мешавад.

 Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №819 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Протоколи мазкур бо мақсади зарурати ногузири ҳифзи фазои иттилоотӣ ва манбаъҳои иттилоотӣ, кӯшиш ба таъмин намудани ҳамкории дастаҷамъонаи самарабахш ҷиҳати муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот ва муҳайё кардани асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тарафҳои аҳдкунанда дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ равона карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 30 августи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намоян­дагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ва мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзнома – «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният», ки барои баррасӣ пешниҳод гардидааст, дар робита бо иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 № 217 ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 15 майи соли 2016 дар пойтахти ин давлат – шаҳри Ал-Кувайт ба имзо расонида шудааст.

Созишнома заминаи ҳуқуқиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Давлати Кувайт фароҳам овардааст. Самтҳои мубодилаи иттилоот, таҷриба, коршиносон ва ташкили давраҳои омӯзишӣ барои кормандони ҳар ду ҷониб вобаста ба масъалаҳои ошкор ва пешгирии терроризм ва маблағгузории он, истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.

Ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси Кувайт дар самти коҳиш додани будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ғайрирасмӣ дар макотиби теологӣ бо омӯзиши равияҳои мамнуи динӣ машғул мебошанд, мусоидат менамояд. Ҳамчунин, имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯ ва дастгир намудани шомилбудагон ба муқовиматҳои ҷангӣ дар давлатҳои Сурия ва Ироқ, онҳое, ки дар сафҳои ташкилотҳои террористӣ қарор доранд, ба роҳ монда шавад.

Лоиҳаи қарор дар асоси талаботи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи зикршуда заруранд, барои баррасӣ ва қабул пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қарор ва Созишномаи баимзорасида ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб мекунад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки қабули Қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Рустам Қудратов дода мешавад.

 Рустам ҚУДРАТОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 №818 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мақсади Созишнома аз дастгирии равобити мавҷудаи дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, дарки аҳамияти тавсеаи муассири ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ дар заминаи масъалаҳои амниятӣ дар мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккил, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иборат мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 30 августи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандем Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ» ном дорад. Сухан аз рӯи ин масъала ба президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

 Фарҳод РАҲИМӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Нуҳуми декабри соли 2015 дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 546 аз 29 августи соли 2015) Созишнома ба имзо расонида шуд.

Маркази байналмилалии илмию техникӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи таъсиси Маркази байналмилалии илмию техникӣ 27 ноябри соли 1992 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Россия таъсис ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 772 аз 5 феврали соли 2003 оид ба тасдиқи Созишномаи таъсиси Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва фиристодани санад дар бораи воридшавӣ, ки 5 марти соли 2003 аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ фиристода шуда буд, ворид гардид. Мақсади асосии Маркази байналмилалии илмию техникӣ ин бо роҳи ҳамкориҳои илмию техникӣ роҳ надодан ба паҳншавии силоҳи қатли ом мебошад, ки комилан бо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ аст.

Инчунин, ташаббусҳои мақсаднок дар мавзӯъҳои бехатарии биологӣ, таҳқиқоти дуҷонибаи истифодашаванда ва назорати содиротӣ, мониторинги сейсмологӣ, кам намудани хатари заминларза ва дигар офатҳои табиӣ, манъи паҳншавии яроқи ядроӣ, кам намудани хатари манбаъҳои нурафзо (радиологӣ), самаранокии манбаъҳои энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаю барқароршаванда ва энергияи оянда низ аз ҷониби Маркази мазкур маблағгузорӣ карда мешаванд.

Сабаби асосии таҳияи лоиҳаи Созишномаи нав дар он аст, ки бинобар сабаби аз Созишномаи соли 1992 баромадани Федератсияи Россия, қароргоҳи Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МБИТ) аз шаҳри Москва ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон кӯчонида шуд, яъне суроғаи ҳуқуқии Маркази байналмилалии илмию техникӣ тағйир ёфт.

Бо назардошти тағйироти нав, лоиҳаи ин Созишнома аз ҷониби кишварҳои аъзо аз нав ба имзо расид. Ба иттилои шумо мерасонем, ки дар зарфи 13 соли ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ 71 лоиҳаю барномаҳои олимону мутахассисони тоҷик ба маблағи зиёда аз 17 миллион доллари амрикоӣ аз тарафи Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дастгирӣ шуданд, ки ин барои илми тоҷик кумаки бузург мебошад. Аз ҷумла, аз ин маблағҳо барои муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти ҳозиразамони озмоишгоҳӣ харидорӣ шудааст. Айни замон 12 лоиҳаи илмии олимони тоҷик дар баррасии Маркази байналмилалии илмию техникӣ қарор дорад ва давоми соли 2016-ум 10 лоиҳаи илмӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, дар ин муддат баргузории 30 конфронсу симпозиум, семинару мизҳои мудаввар ва сафари 300 олими тоҷик ба хориҷи кишвар ҷиҳати иштирок дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллион доллари амрикоӣ аз тарафи Маркази мазкур маблағгузорӣ шудааст. Тасдиқи Созишномаи мазкур ва амалӣ гардидани он ба рушди илми ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумииҷумҳуриявӣ Лутфия Раҷабова дода мешавад.

 Лутфия РАҶАБОВА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2016 №808 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ аз дебоча ва 18 модда иборат мебошад. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникиро ҷонибдорӣ намуданд.

22 августи соли 2016 ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд.

Дар ин робита, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории Созишномаи мазкур овоз диҳед.

(Давомаш дар шумораи оянда)

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ