Сиёсати давлатии ҷавонон

№22 - 23 (3659 - 3660) 02.03.2017

DSC_0923

Аз қабули Қонуни нахустин дар ин соҳа 25 сол пур мешавад

Бисту чоруми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандон роҷеъ ба масъалаи «Фазилатҳои эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон» ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён изҳор дошт, ки яке аз дастовардҳои арзишманд, ояндадор барои ҷавонони мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани соли 2017 Соли ҷавонон аст.

Бино ба гуфти ӯ, дар умум эълон гардидани соли 2017-ро ҳамчун Соли ҷавонон ба панҷ далел  асоснок кардан мумкин аст: рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани насли ҷавон,  аксарияти аҳолиро ташкил додани ин қишри ҷомеа, дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ неруи асосӣ маҳсуб ёфтан, ояндаи ҷомеа ба ҳисоб рафтан ва рост омадани ду ҷанбаи таърихии солгарди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ба соли 2017.

Воқеан,  соли 2017 аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 25 сол ва ба фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад.

Ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ саҳм гузоштаанд. Тибқи таҳлилҳо, тақрибан 55 фоизи аҳолии қобили меҳнат ва 80 фоизи шаҳрвандони дар соҳаи иқтисодиёт машғулбударо ҷавонон ташкил медиҳанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён дар охир иброз дошт, ки иқдоми таърихии Соли ҷавонон эълон гардидани соли равон фурсати муносиб ва имконияти фарох барои ҷавонон мебошад, ки рисолати худро бештар ба аҳли ҷомеа муаррифӣ намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев