Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳдномаи никоҳ такмил меёбад

№137 (3617) 05.11.2016

DSC_0287Сеюми ноябри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ масъалаи мазкурро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф сохтани мухолифатҳои меъёрҳои ҷойдошта, инчунин баробарии гендерӣ, пешниҳод гардидааст.

Аз ҷумла, бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии зан ва мард қисми 2-юми иловагардидаи моддаи 17, ки ҳуқуқи шавҳарро ҳангоми ҳомиладории зан ва давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод карданро маҳдуд менамуд, бартараф кард, дар ҳолате ки агар дар муҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад.

Инчунин, ба моддаҳои 46 ва 47, ки «Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ» ва «Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар»-ро муайян менамояд, бо мақсади такмил тағйирот ворид гардид.

Дар поёни ҷаласа хулосаи кумита оид ба масъалаи мазкур ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ