Ҳадафҳои стратегии кишвар ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ равона гардидаанд

№117 (4067) 01.10.2019

DSC_421127 сентябри соли равон дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти ислоҳоти иқтисодии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайниддин Сафаров гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти иқтисодиро оғоз намуд, ки он барои таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ замина гузошт. Дар ин давра раванди ислоҳот батадриҷ фарогири соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, низоми идоракунии давлатӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт — саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гардид.

DSC_4191Ислоҳот ба эҳёи шаклу усулҳои нави хоҷагидорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар пешбурди сиёсати иқтисодӣ ва такмили сохтории он мусоидат карда, дар маҷмӯъ, рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намуд.

Номбурда иброз дошт, ки танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду маротиба зиёд шуда, суръати рушди миёнаи он дар як сол 7 фоизро ташкил намуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ тақрибан ду маротиба яъне, то 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ имкон дод, ки кишвар аз рӯйхати давлатҳои дорои сатҳи пасти даромад берун равад.

- Солҳои қаблӣ омилҳои асосии таъмини рушди иқтисодиёт афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ва зиёдшавии истеъмолот, ки аз интиқоли маблағҳо вобаста аст, ба ҳисоб мерафтанд. Бо мақсади кам кардани вобастагии рушди иқтисоди миллӣ аз омилҳои беруна зарурати гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ба миён омад. Дар ин робита фаъолияти асосӣ ба истифодаи пурра ва самараноки захираҳои иқтисодию табиӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, дигаргунсамтии содирот ва воридотивазкунӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ равона карда шуд, — афзуд ӯ.

Зайниддин Сафаров, ҳамчунин, ёдовар шуд, ки доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи асосӣ ҳамчун дурнамои рушди устувор тарҳрезӣ гардид — таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар.

Зикр гардид, ки тибқи нишондоди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ бояд се маротиба зиёд ва сатҳи камбизоатӣ аз нишондиҳандаи имрӯза ду маротиба кам карда, то ба 15 фоиз расонида шавад.

Ба андешаи Зайниддин Сафаров, татбиқи ин ҳадафҳо барои ҳалли се вазифаи асосӣ, аз ҷумла, ноил шудан ба суръати рушди иҷтимоию иқтисодии бо кишварҳои даромадашон миёна муқоисашаванда, таъмин намудани рушди устувор тавассути диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, инчунин афзоиши синфи миёна, мусоидат хоҳад кард.

Аз идомаи суханони муовини раиси кумитаи зикршуда маълум гардид, ки айни замон, сатҳи бахши хусусӣ дар ММД 70 фоизро ташкил медиҳад ва 65 фоизи аҳолиро бо кор таъмин менамояд. Ҳамчунин, 85 фоизи воридоти андозӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ мебошад.

Бо мақсади рушди минбаъдаи бахши хусусӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «300 — рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сармоягузорӣ» -ро эълон намуданд.

Бахши хусусӣ, тибқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», бояд ба муҳаррики асосӣ дар ташаккулёбии иқтисодиёти Тоҷикистон ва саноатикунонӣ бо ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ки афзоиши ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз се маротиба пешбинӣ шудааст, табдил ёбад.

Барои амалӣ гардонидани ин вазифаҳо дар ҷумҳурӣ ислоҳоти институтсионалӣ оид ба фароҳам овардани муҳити сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ бо воситаи такмили заминаи қонунгузорӣ, таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқи амвол ва коҳиш додани хатари сармоягузорӣ, аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, инчунин, рушди минбаъдаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ идома дорад.

Зайниддин Сафаров, ҳамчунин таъкид намуд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар имкониятҳои маҳдуд дар муқобили омилҳои беруна хеле осебпазир мебошад. Дар чунин шароит, бо мақсади кам кардани таъсири манфии омилҳои беруна ва дохилӣ ба рушди устувори иқтисодиёт Ҳукумати кишвар як қатор чораҳои таъхирнопазирро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло мониторинг ва арзёбии натиҷаҳои фосилавии татбиқи чорабиниҳо оид ба ноил шудан ба ҳадаф ва вазифаҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайянгардида идома дорад. Дар ояндаи наздик корҳо дар самти таҳияи «Барномаи навбатии рушди миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021 — 2025» оғоз мегарданд, ки марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи миллӣ ба ҳисоб меравад.

- Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт, қабули қарорҳо ҷиҳати таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ тақвият бахшида шавад. Таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва пеш бурдани ислоҳоте, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд, на танҳо вазифаи Ҳукумати кишвар, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, ки ҳамчун шарикони боэътимоди раванди рушди миллиянд, ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, бояд дар ҳамбастагӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, ки дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста равона гардидаанд, тадбирҳо андешем, — афзуд Зайниддин Сафаров.

Дар семинар вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»