Ҷаласаи ҳаштуми пленарии АП СААД

№163 (3464) 01.12.2015

Общий снимокНимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид.

Дар кори Ассамблея дар қатори ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳбарии Раиси Ассамблеяи миллии Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Вулус Ҷиргаи Ассамблеяи  миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Скупшинаи халқии Сербия ва дигарон ширкат варзиданд.

Ассамблея кори худро аз баррасии масъалаи ташкилӣ шурӯъ намуд. Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз нав Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин интихоб гардид.

Дар Ассамблея як зумра лоиҳаҳои тавсияҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ва батанзимдарории қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Барномаи фаъолияти Ассамблея барои солҳои 2016 — 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти Ассамблея ба як гурӯҳ вакилон ва намояндагони парламентҳои аъзои  иштирокчии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мукофотҳо супорида шуданд.

Аз ҷумла намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил Ибод Раҳимов бо Грамотаи фахрии Ассамблеяи  парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сарфароз гардонида шуд.

Х. ҚУРБОНОВ, мудири  шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ