Ҷаласаи Ассамблеяи парламентӣ дар Марокаш

№124 (4074) 17.10.2019

Рӯзҳои 3 — 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокко ҷаласаи 18-уми тирамоҳии Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Баъди бозгашт аз ин ҳамоиши бонуфуз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳмонова доир ба натиҷаҳои сафар чунин ибрози андеша кард:

- Дар ин ҷаласа, ки бори аввал дар шаҳри Марокаш баргузор шуд, аз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ман ва вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ ва Насиба Содиқова иштирок доштем. Пеш аз оғози кори ҷаласа таҳти унвонҳои «Моделҳои ҳамкории Шимол ва Ҷануб» ва «Робитаҳои иқтисодии кишварҳои баҳри Миёназамин дар замони ҷаҳонишавӣ» форумҳои кишварҳои баҳри Миёназамин доир гардиданд, ки дар он ширкаткунандагон масъалаҳои мубрами вазъи сиёсии ҷаҳонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сипас, таҳти раёсати раиси Ассамблея Георгий Серетели ҷаласа оғоз ёфт, ки дар он роҳбарони палатаҳои болоӣ ва поёнии парламенти Марокаш — Раиси Палатаи мушовирон Абдулҳаким Беншамаш ва Раиси Палатаи намояндагон Ҳабиб ал-Малки суханронӣ карданд. Нақши САҲА ва шарикони он дар пешбурди амният, чораҳо оид ба таҳкими субот ва таҳаммулпазирӣ дар минтақаи баҳри Миёназамин, мубодилаи навовариҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати экологӣ, инчунин, мубориза бар зидди таҳаммулнопазирӣ ва табъиз аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди баррасӣ буданд.

Зимни суханронӣ узви ҳайати парламентии Федератсияи Россия, вакили Думаи давлатӣ Александр Фокин пешниҳод намуд, ки дар ҷаласаи тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки соли 2020 дар шаҳри Ванкувери Канада баргузор мегардад, масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла, эълон гардидани соли ҳифзи иқлим, баррасӣ карда шаванд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»