Ҳамкориҳо назаррас ва пурсамаранд

№165-166(3466-3467) 04.12.2015

DSC_1952Сеюми декабри соли 2015 Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони Форуми парламентарҳои Осиё оид ба нуфус ва рушд ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Форуми парламентарҳои Осиё оид ба нуфус ва рушд ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки мо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳидро ба сифати муассисаи муқтадири байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушд мешиносем ва аз талошҳои бардавоми он ҷиҳати ҳалли мушкилоти печидаи башарият комилан огоҳем.

Расо бист сол муқаддам намояндагии Хазинаи мазкур дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта буд. Ин муассиса дар Тоҷикистон кори худро дар заминаи барномаи минтақавӣ ё худ ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ кардааст. Айни замон барномаи нави минтақавӣ таҳия гардидааст ва татбиқи он аз соли 2016 оғоз мешавад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки намояндагӣ зимни  фаъолияти худ ҳамеша ба афзалиятҳои миллӣ такя мекунад ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкории зич дорад. Ин ҳамкориҳо бахусус дар самтҳои солимии репродуктивӣ, баробарии гендерӣ, нуфус ва рушд назаррас ва пурсамаранд. Дар ин давра, тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон таври назаррас коҳиш ёфтааст, солимии репродуктивӣ дастраси ҳамагон шудааст ва фавти модарону атфол бамаротиб камтар гаштааст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар самти дифоъ аз ҳуқуқи занону духтарон ҳам дастовардҳо зиёданд. Баробарии гендерӣ меъёри ҳаётан муҳими ҷомеа эътироф гаштааст. Аз ин рӯ, бонувони тоҷик аз ҳуқуқу имкониятҳои худ беҳтару бештар истифода намуданро ёд гирифтаанд. Занҳо дар Тоҷикистон нисфи аҳолиро ташкил медиҳанд ва дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми шоиста доранд. Аз ҷумла онҳо неруи пешбарандаи соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд. Мо иштироки бонувонро дар ҳаёти сиёсии мамлакат низ унсури муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими субот мешуморем.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ба узвияти Форуми парламентарҳои Осиё оид ба нуфус ва рушд пазируфта шудааст. Вакилони парламенти Тоҷикистон ба хотири ҳамкорӣ ва андӯхтани таҷрибаи бештар дар чорабиниҳои Форуми мазкур фаъолона ширкат меварзанд.

Соли 2014 дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои нуфус ва рушд таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин кумита таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои нуфус  ва рушд миёни вакилони парламент, ниҳодҳои ҳукуматӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ  мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки бо пешниҳоди роҳбарияти Форуми парламентарҳои Осиё оид ба  нуфус  ва рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи Гурӯҳи парламенти Кумитаи доимоамалкунандаи сармоягузорӣ  дар соҳаи фаъолияти ҷавонон интихоб гаштааст. Мо итминон дорем, ки дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ва Форуми парламентарҳои Осиё оид ба нуфус ва рушд тадбирҳои саривақтӣ андешидааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои амалигардонии онҳо» (соли 2005), Барномаи давлатӣ «Оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз ҳамин қабил асноди ҳуқуқианд, ки ба такомули маънавӣ ва пешрафти иҷтимоии бонувони тоҷик мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи давлатҳои аввалин аст, ки «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонун қабул кардааст. Соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» таҳия ва қабул шуд. Ҳамчунин бо тавсияи Парламент Ҳукумати Тоҷикистон «Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон»-ро тасдиқ кард.

Ҳамкориҳои мо самари нек ба бор овардаанд, вале мушкилоти ҳалношуда, аз ҷумла дар самти боз ҳам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, боқӣ мондаанд, ки бо кӯшишҳои якҷоя мо метавонем ин мушкилотро низ ҳал намоем.

Хонум Мика Марумото — директори иҷроияи ташкилоти байналмилалии АФПНР аз сатҳи ҳамкориҳои созмонҳояшон бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки омодаанд, ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш диҳанд.

Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова иштирок намуданд.

    Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ