Ҳамкории байнипарлумонӣ – ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ

№73 (4656) 05.06.2023

DSC_3380Дуюми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарёв ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ карда, сарони ҳар ду давлат бо таҳкими равобит ба ҳамкории дуҷониба мақоми шарикии стратегӣ додаанд. Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия низ ба таври қобили мулоҳиза тавсеа ёфтааст.

«Мо ҳамкории байнипарлумониро ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморем, ки тадриҷан ба сатҳи сифатан нав мебарояд»,- иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

DSC_3388Ҳамзамон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният низ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия мулоқот намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон