Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, дар қатори роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, олимону донишмандони варзида инчунин ду нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ин мақоми олии қонунбарори кишвар интихоб шуданд, ки яке аз онҳо раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна мебошад. Номбурда аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоб гардидааст.
С. Дадаҷонова дар сохторҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ адои вазифа карда, дар пешрафти ҷомеа ба қадри имкон саҳмгузорӣ намудааст. Ӯ қабл аз он ки раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода интихоб гардад, вазифаи раисии Ҷамоати деҳоти «Зайнабобод»- и ноҳияи Рӯдакиро бар уҳда дошта, дар ободонию пешрафти деҳоти мазкур саҳми худро гузоштааст.
12 марти соли 2009 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода таъсис дода шуд ва роҳбарияти ноҳия бо дарназардошти таҷрибаи кофӣ ва маҳорати ташкилотчигии Саёҳат Дадаҷонова номзадии ӯро ба ҳайси раис пешбарӣ намуд ва ӯ ба ин вазифа интихоб гардид…
Саёҳат Дадаҷонова узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои ҷумҳуриявии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия мебошад…
Саёҳат Дадаҷоноваро машғули гулкории ду канори шоҳроҳи Душанбе — шаҳраки Сомониён (маркази ноҳияи Рӯдакӣ) дарёфтем.
Ҳангоми суҳбат ӯ иброз дошт, ки мо ба Сарвари давлатамон пайравӣ мекунем. Вақте мебинем, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ба даст бел гирифтаю дар сафи пеш истода, ба кор шурӯъ мекунанд, чаро мо дар канор бошем? Чунин иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон худ як даъват ва ҳидоятест ба сӯи ободонию сарсабзсозии мулки азизамон. Дар ҷавоб мардум низ кӯшиш мекунанд, ки баҳри корҳои ободонӣ камари ҳимматро боз ҳам маҳкамтар банданд. Ман, ки худам пайваста дар миёни аҳолӣ ҳастам, ин ҳолатро бевосита мушоҳида менамоям.
Вақти идоранишинӣ ҳеҷ гоҳ дер намешавад, вале мавсими ниҳолшинонӣ, гулкорӣ хеле зудгузар аст, панди мардум низ: «вақт рафт, нақд рафт» моро ба он водор месозад, ки ҳар корро дар вақту соаташ ба субут расонем.
Ба ин мақсад бо қарори раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода аз 20 январи соли 2015 ситоди ободонӣ ва кабудизоркунӣ таъсис дода шудааст ва ситод дар асоси нақшаи тасдиқшуда пайваста машғули иҷрои вазифаи худ мебошад. Чунончӣ, бо ташаббуси ситоди мазкур ва ҷалби доираи васеи сокинон дар мавсими баҳори имсола 175 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан ва беш аз ду ҳазор адад гулу гулбуттаҳо шинонда шудааст. Дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ бошад, бо усули ҳашари умумӣ дар ду канори шоҳроҳи Душанбе — шаҳраки Сомониён беш аз 18 ҳазор бех гулҳои гуногуни ба хунукӣ тобовар шинонда шуд.
Зимнан, раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода дар таъмини иҷрои нақшаҳо пайваста аз кумаку дастгириҳои раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ёдовар мешавад.
Мо бо фаъолияти раиси Ҷамоати шаҳрак, тарзи корбарии эшон шинос шудем. Низоми кор ин ҷо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи Ҷамоати шаҳрак пеш бурда мешавад.
Кормандони масъули Ҷамоати шаҳрак Сабоҳат Ризоева ва Эгамназар Назаров ҳуҷҷатҳои заруриро ба ихтиёри мо гузошта, онҳоро тавзеҳ медоданд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ба ғайр аз нақшаи кори нимсолаву солона боз нақшаи ҳафтаинаи корӣ мавҷуд аст, ки мутобиқи он корҳои асосӣ ба таври мушаххас рӯз ба рӯз тақсимбандӣ шудаанд.
Комиссияҳои доимии ҷамоат низ корҳои худро тибқи нақшаҳои тасдиқгардида ба роҳ мондаанд. Қобили зикр аст, ки раисони ин комиссияҳо аз ҷумлаи мутахассисони варзидаи соҳаҳои дахлдор интихоб гардидаанд. Чунончӣ, вазифаҳои раисии комиссияҳои доимиро оид ба қонуният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ номзади илми ҳуқуқ, профессор Раҳмонқул Шарифзода, оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Уғулой Бутаева ва оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзишро устоди соҳибтаҷриба Ислом Идиев бар дӯш доранд.
Комиссияҳои ҷамъиятӣ ва кумитаҳои маҳалла низ дар байни аҳолӣ фаъолона кор мебаранд. Натиҷаи фаъолияти якҷояи кормандони Ҷамоати шаҳрак, комиссияву кумитаҳо ва мақомоти дахлдор мебошад, ки дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон самараи дилхоҳ дода истодааст. Аз ҷумла дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ соли ҷорӣ ҷавонписарони ҳудуди шаҳрак ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд ва нақшаи даъват пеш аз муҳлат иҷро гардид.
Корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинон боис шуд, ки ҳафт нафар ҷавони сокини ҷамоат, ки дар таълимгоҳҳои гуногунравияи хориҷи кишвар таҳсил мекарданд ва ё шомили гурӯҳҳои ифротгаро буданд, ба Ватан баргарданд. Ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият карда истодаанд ва бо роҳбарияти ҷамоат робитаи доимӣ доранд.
Фаъолияти кормандони ҷамоатро махсусан дар «Соли оила» нишонрас номидан мумкин аст. Дар семинари ҷумҳуриявие, ки 4 ноябри соли равон ба ин муносибат дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳои мамлакат доир шуд, оилаи Мустафоқуловҳо аз Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ғолиби озмуни «Оилаи намунавӣ» гардид, ки гувоҳи ин гуфтаҳост.
Дар шаҳраки мазкур махсусан бо оилаҳои ҷавон бештар кор бурда мешавад. Дар дафтари махсус ному насаби оилаҳои ҷавоне сабт гардидааст, ки пеши роҳи вайроншавии онҳо дар лаҳзаҳои пошхӯрӣ гирифта шудааст. Умуман, шумораи ҷудошавии оилаҳо дар шаҳрак торафт кам мегардад. Ба гуфтаи кормандони идораи ҷамоат дар кори оштӣ додан ва барқарорсозии оилаҳои ҷавон раис қобилияти хос дорад, зеро ӯ дорои маълумоти омӯзгорию ҳуқуқшиносӣ мебошаду дар ҳар ду соҳа муддати тӯлонӣ фаъолият намудааст. Дар мавриди зарурӣ аз таҷрибаи дар ин самтҳо андӯхтааш моҳирона истифода бурда метавонад.
- Мо ҳама саъю талошамонро ба харҷ хоҳем дод, то ҷамоати шаҳракамон сазовори номи неки Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири шуҳратёр ва ходими сиёсию ҷамъиятии сатҳи байналмилалӣ Мирзо Турсунзода бошад, — гуфт дар интиҳо Саёҳат Дадаҷонова.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»