Андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи тамоюлҳои хатарзо зарур ва ногузир аст

№92 (3393) 08.07.2015

Сеюми июли соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе   Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири намояндагии Иттиҳоди  Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Хидаёт Бишчевичро  бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти номбурдаро дар тавсеа ва рушди робитаҳои ҳасана  миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Парламенти он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, саҳми ин институти байналмилалиро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарламентӣ ва давлатӣ, ки муттасил тақвияти тоза касб менамояд, махсус таъкид сохт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили осебпазир гардидани амният ва суботу ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳони пуртазоди муосир, афзоиши таҳдиди таассубу хурофот, ифротгаройӣ ва хатарҳои экологӣ, терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нуфузёбии ниҳоди ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба андешидани тадбирҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо изҳори назар намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни пойтахтҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва шаҳри Душанбе оид ба рушди инфрасохторӣ, ташкили корхонаҳои муштарак баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна тавассути бунёди институтҳои қарзии молиявӣ  матраҳ ва мувофиқаҳои дилхоҳ ҳосил гардиданд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Ш. Саидов