Ғанигардонии маҳсулот — гарави солимии аҳолӣ

№№ 48 (4631) 03.04.2023

DSC_819831 — уми марти соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрок­вории ғанигардонидашуда» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки кафолат ва вазъи иқтисодии давлат аз истеҳсолоти дохилию бехатарии озуқаворӣ вобастагии калон дошта, ба ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии аҳолӣ мусоидат менамояд.

- Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, омили аввалиндараҷа, ки ба саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ таъсир мерасонад, ғизо мебошад. Имрӯз вайроншавии мубодилаи ғизо, аз ҷумла норасоии ғизо, нокифоягии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан ва фарбеҳӣ, инчунин бемориҳои ғайрисироятӣ (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон), бо ғизои носолими асоснокшуда дар як қатор давлатҳо боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ гардидааст, — иброз намуд Сумангул Тағойзода.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 таъкид карданд, ки: «Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чор­яки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки барои таъмин намудани ҳадафи стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем».

Қонунгузории кишварамон барои ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқавории мамлакат, тамоми имкониятро фароҳам овардааст ва мақомоту идораҳои дахлдор бояд татбиқи онҳоро самаранок ба роҳ монанд.

Бештар аз даҳ сол аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» амал намуда, сиёсати давлатро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, чун қисми ҷудонашавандаи сиёсати амниятии давлат тибқи талабот ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.

Сумангул Тағойзода афзуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» соли 2019 қабул гардид. Моҳи декабри соли 2021 дар асоси тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», ки 28-уми майи соли 2021 баргузор гардида буд, ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода зикр кард, ки ғизои солим асоси саломатии инсон ва гарави масъунияти қавӣ мебошад. — Риояи талаботи умумӣ ва талабот ба дарёфти сертификатсияву тамғагузорӣ нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, хусусияти истеҳсолу муомилот, санаду ҳуҷҷатгузорӣ, объекту субъектҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, бо назардошти нигоҳдорӣ, фурӯш, воридот ва тартиботи маҳдудкунию партовкунии онҳо, хусусият ва тартибу низоми ғанигардонии намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орди гандум, шир, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои дар асоси шир истеҳсолшаванда, шарбат, шаҳди меваву сабзаҷот, нӯшокиҳои мевагию сабзавотӣ, хамирмояи нонпазӣ, йодноккунию ғанигардонии обу нӯшокиҳои ташнагишикану намаки ошӣ ва хусусан маҳсулоти ғизоӣ барои кӯдакон, дар раванди гузаронидани корҳои бозрасии нозирони кумита мавриди санҷиш қарор дода мешаванд, — гуфт Маҳмуд Ширинҷонзода.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки норасоии микронутриентҳо дар натиҷаи кофӣ набудани витаминҳо, оҳан ва микроэлементҳо, ки ҷисми инсон ба онҳо ҳамарӯза барои инкишоф ва фаъол будан ниёз дорад, метавонад боиси пайдоиш ва инкишофи бемориҳои норасоии оҳан, йод ва дигар бемориҳо гардида, ба инкишофи умумии кӯдакон ва занон дар давраи ҳомиладорӣ таъсири манфӣ расонад.

- Тибқи талаботи қонуни мазкур, ғанигардонии як қатор маҳсулот, аз ҷумла орди гандумии навъи олӣ ва якум, хамирмояи нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмаза, аз ҷумла барои ғизои кӯдакон пешбинигардида, шарбат, шаҳди мева ва ё сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва ё сабзавотии шарбатдор, оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиршуда, инчунин нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва намаки ошӣ тавассути моддаҳои минералӣ ва микро­нутриентҳо пешбинӣ гардидааст, — таъкид намуд Наврӯз Ҷаъфаров.

Мувофиқи «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2027» соли 2022 «Дастурамал оид ба ғанигардонии орди навъи олӣ ва якум бо микронутриентҳо» омода гардида, барои чоп ва паҳн намудан дар байни корхонаҳои истеҳсолӣ ба намояндагии Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар Тоҷикистон пешниҳод шуд. Инчунин, дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёр бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.

Доир ба масъалаи мазкур, инчунин муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Рустамзода, сардори Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Абдулназаров маълумоти муфассал доданд.

Зимни саволу ҷавоб зикр гардид, ки дар баробари комёб гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ, дар самти батанзимдарории санадҳои меъёрӣ ва паҳн намудани иттилоот дар байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон то ҳол масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, то ин дам маблағгузорӣ ҷиҳати дарёфт ва харидории маводи иловагии «Премикс», инчунин воридоти мутамаркази он ба ҷумҳурӣ ҳалли худро наёфтааст. Ғайр аз ин, тибқи таҳлилҳо дар корхонаҳои истеҳсолии орди гандум насби таҷҳизоти зарурӣ барои ғанигардонии маҳсулот ва назорати он дар истеҳсолот низ ниёз ба дахолат ва маблағгузорӣ дорад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод намуд, ки бинобар барои солимии миллат муҳим будани масъалаи мазкур дар ин хусус муҳокимаи парламентӣ баргузор шавад.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки оид ба санҷиши таркиби примексҳо дар маҳсулоти ғанигардонидашаванда рефренс — озмоишгоҳ таъсис додан лозим аст.

Дар поёни чорабинӣ Сумангул Тағойзода таъкид намуд, ки аз норасоии ғизо бештар духтарони наврас, ҳомиладорон, занони кӯдаки ширмакдошта, кӯдакони хурдсол, сокинони камбизоати шаҳру деҳот ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ранҷ мекашанд. Махсусан, дар оғози ҳаёт — аз батни модар то дусолагӣ истеъмоли ғизои камсифат оқибатҳои ногувору ҷуброннопазир дорад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ