Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№35 (3515) 14.03.2016

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» баррасӣ намуда, бо мақсади таҳкими минбаъдаи қонуният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият,  давлат ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:

1. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» ба инобат гирифта шавад.

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо:

- назорати прокурориро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақвият бахшад;

- бо истифода аз имконоти ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва кадрии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вазъи худкушӣ, ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва ҳолати феълии фарогирии фарзандонро бо таълиму тарбия дар раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди омӯзишу таҳлили амиқ қарор дода, бобати бартараф сохтани норасоиҳо тадбирҳои  мушаххас амалӣ гардонад;

- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байниидоравии байнидавлатии дахлдор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, тадбирҳои муассирро  амалӣ намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

- фаъолияти прокурориро ҷиҳати таъмин ва татбиқи талаботи қонунгузорӣ оид ба замин ва шаҳрсозӣ, ҳифз ва истифодаи моликияти давлатию  коммуналӣ  тавсеа ва тақвият бахшида, дар ин самт чораҳои иловагиро амалӣ созад;

- назорати иҷрои қонунҳои андоз ва гумрукро таҳким ва баҳри риояи ҳуқуқи андозсупорандагон тадбирҳои саривақтӣ ва заруриро анҷом диҳад;

- назорати риояи қонунгузориро ҷиҳати дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ, пешгирии санҷишҳои ғайриқонунӣ ва дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ пурзӯр намояд;

- назорати риояи қонунҳо оид ба фаъолияти бонкӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва танзиму назорати асъорро бо мақсади роҳ надодан ба муомилоти ғайриқонунии асъор, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тақвият бахшад;

- назорати риояи қонунҳоро «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ пурзӯр намояд;

- бо назардошти таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 муборизаро дар ин самт ва зидди ҷиноятҳои киберӣ тавсеа ва тақвият бахшида, чораҳои пешгирикунандаро ҷиҳати шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистӣ пурзӯр намуда, ҷиҳати таъмини риояи дакиқ ва иҷрои якхелаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои заруриро амалӣ созад;

- бо мақсади мусоидат ба таҳкими амнияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, риоя ва иҷрои талаботи қонунгузориро дар сохторҳои ҳарбӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин даъват ба хизмати ҳарбиро пайваста  зери назорати қатъӣ қарор диҳад;

- ҷиҳати таъмини низоми бақайдгирии ҷиноятҳо, тафтиши пурра ва ҳамаҷонибаи парвандаҳои ҷиноятӣ, риояи муҳлати тафтиш ва барқароркунии зарари аз ҷиноятҳо расонидашуда то марҳилаи судӣ чораҳои иловагӣ андешад;

- назорати иҷрои қонунгузорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, махсусан ҷинояткории муташаккилона, куштор, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро тавсеа дода, ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ,  беасос оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ чораҳои заруриро татбиқ намояд;

- назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақвият дода, тадбирҳои иловагиро барои фароҳам овардани фазои воқеан оштинопазир бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва аз байн бурдани он амалӣ гардонад;

- иштироки фаъол ва самараноки прокуроронро дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ таъмин намуда, барои баамалбарории адолати судӣ  мусоидат намояд;

- тавассути  воситаҳои ахбори омма сокинони кишварро аз фаъолияти корӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мунтазам воқиф  намояд;

- бо ҷамъбасти самтҳои мухталифи фаъолияти прокурорӣ ва мониторинги татбиқи  қонунҳои мушаххас ҷиҳати такмил додани онҳо таклифҳои  заруриро  пешниҳод намояд;

-  фаъолияти прокурориро роҷеъ ба тарғибу ташвиқи қонунҳо дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ҷиҳати густариш додани  донишу фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро ба роҳ монад;

-  фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткориро бо дарназардошти Қарори мазкур ва таъмини волоияти қонун дар қаламрави кишвар тавсеа ва тақвият бахшад.

3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори мазкур ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори расмӣ  пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. Убайдуллоев 

ш. Душанбе, 3 марти соли 2016  № 169

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор» №30 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ноҳияи Ҳисор ба категорияи шаҳр мансуб дониста шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 202

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини  Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Шӯроободи вилояти Хатлон

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Шӯроободи вилояти Хатлон»  №32 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9  ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи ноҳияҳои зерини вилояти Хатлон:

ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ноҳияи Ҷиликӯл ба ноҳияи Дӯстӣ

ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун

ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 203

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд» №29 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи шаҳрҳо ва ноҳияи зерини вилояти Суғд:

шаҳри  Қайроққум ба шаҳри Гулистон

шаҳри  Чкалов ба шаҳри Бӯстон

ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 204

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷиргатол оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш» №31 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш тағйир дода шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев         

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 205

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор» №33 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор тағйир дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 206

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» №788 аз 30 декабри соли 2015 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар ҳудуди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 207

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тағйир додани сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов, таъсис додани шаҳраки Қубодиён ва муқаррар намудани маркази маъмурии ноҳияи Қубодиёни  вилояти Хатлон

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар бораи тағйир додани сарҳадҳои деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов ва таъсис додани шаҳраки Қубодиён» №83 аз 1 марти соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 4, 9, 14, 16  ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён тағйир дода шуда, аз ҳисоби хурд кардани ҳудуди онҳо шаҳраки Қубодиён таъсис дода шавад.

2. Шаҳраки Қубодиён маркази маъмурии ноҳияи Қубодиён муқаррар карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 208

 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис додани деҳаи нав ва Раҳмонобод номгузорӣ кардани он

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва номгузорӣ намудани он» №50 аз 9 феврали соли 2016 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Маҳалли аҳолинишини воқеъ дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи деҳа мансуб дониста, ба он номи Раҳмонобод гузошта шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе,  3 марти соли 2016 № 209