Қарори

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016»

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016» ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмудинов Сафаралӣ Маҳсудинович «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016» ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).

4. Гузоришу тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.

5. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия гузошта шавад.

6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

 Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            А. Азизӣ

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2016, №3