Қарори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин

№80 (3560) 23.06.2016

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин оид ба рафти иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014, №1545 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»

 Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба рафти иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014, №1545 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович оид ба рафти иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014, №1545 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»  ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори директори Агентии давлатии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳомидҷон Ҳасан оид ба рафти иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014, №1545 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд. (Замима мегарданд).

4. Тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳо барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.

5. Назорати иҷрои қарори муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин гузошта шавад.

6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

 

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фелалиев А.С.

ш. Душанбе, 10 июни соли 2016, №2

 

Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ  аз 10 июни соли 2016 № 2

 

Тавсияҳои

муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014, №1545 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»

Муҳокимаи парламентӣ рафти иҷрои Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014, №1545 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, тавсия  медиҳад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани истифодабарии техника ва воситаҳои барномавии дар доираи Лоиҳа дастрасшуда, бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ҷудо намудани маблағҳоро дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ намоянд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ барои соли 2017 масъалаи баланд бардоштани музди маоши кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд.

3. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мониторинг ва арзёбии татбиқи ҳамаи бандҳои Лоиҳаро ба роҳ монда, бо назардошти ба итмом расидани муҳлати иҷрои он таклифҳои мушаххасро ҷиҳати истифодаи техника ва дигар воситаҳои барномавӣ таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа оид ба ташаккули низоми маркетинг ва менеҷменти самаранок тадбирҳои саривақтӣ андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор механизми аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки истифодабарии иттилооти гидрометеорологиро то охири соли 2016 омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ» таклифу пешниҳодҳои марбут ба такмили идоракунии соҳаро ирсол намояд.

4. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани муносибатҳо вобаста ба соҳибият, истифодабарӣ ва ҳифзи қитъаҳои замини дидбонгоҳҳои обсанҷӣ ва стансияҳои ҳавосанҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.