Қарори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

№173 (3474) 18.12.2015

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ P. М. Раҷабов «Оид ба рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016» ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Н. Сангинзода, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Д. Кучакшоев ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ш. О. Салимзода «Оид ба рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016» ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).

4. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.

5. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

6. Назорати иҷрои Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гузошта шавад.

 Раисикунанда — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо ЮСУФӢ ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2015  №1

 

Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 30 ноябри соли 2015 №1

Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ

Оид ба рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016»

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 таҳти №684 тасдиқ гардидааст, баррасӣ намуда, тавсия медиҳад:

1. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият) ва шарикони иҷтимоӣ:

- ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016» пешниҳоди комили маълумотро таъмин намоянд;

- тибқи талаботи моддаи 16 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» ҷиҳати таъсис додани Хадамоти ҳифзи меҳнат дар корхона, ташкилот ва идораҳо чораҳои амалӣ андешанд;

- дар Шабакаи интернет таъсис додани сомонаи махсуси соҳавӣ барои чопи маводҳои таблиғотӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳиро дар ташкилоту муассисаҳо пурзӯр намоянд.

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур фаъолиятро тақвият бахшад;

- дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нави «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2020» чораҳои судманд андешад;

- бо мақсади ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи кормандон дар муассисаву ташкилотҳо «Шартномаи меҳнатии намунавии корфармо бо корманд»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардидани «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016» дар доираи сметаҳои хароҷотии вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола дар моддаи алоҳида (банди алоҳида) маблағҳо пешбинӣ намояд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷиҳати тақвияти гурӯҳҳои алоҳидаи таълимӣ бо ихтисоси «Ҳифзи меҳнат» чораҳо андешад.

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо бо мақсади сарфаи вақти корӣ, ҷиҳати гузаронидани муоинаи тиббии кормандон дар ҷойи корашон чораандешӣ намоянд.

6. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои ташкили чорабиниҳо ва огоҳгардонии шаҳрвандон оид ба ҳифзи меҳнат ва ташвиқу тарғиби қонунгузории меҳнат баргузории барномаҳои махсусро бо даъвати мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монад.

7. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҳамасола ҷиҳати баргузории озмуни «Беҳтарин ташкилотчии кор оид ба ҳифзи меҳнат» чораҳои судманд андешанд.