«Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шамсзода А.С.»
Мутобиқи моддаҳои 24 ва 63 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо дарназардошти қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №2 аз 15 феврали соли 2016, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 3 марти соли 2016, № 214
Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин
роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин 22 январи соли 1962 дар шаҳри Кўлоб таваллуд шудааст.
Соли 1985 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) — ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияташро соли 1986 аз иҷрокунандаи вазифаи муфаттиши прокурори ноҳияи Восеъ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), ёрдамчии прокурори ноҳияи Данғара, прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Кўлоб, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, прокурори ноҳияи Восеъ, муовини прокурори вилояти Хатлон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Ҳисор ва сардори раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Дорои рутбаҳои махсуси генерал — майори милитсия ва дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 мебошад.
Бо медали «Ҷасорат» (соли 2004) сарфароз гардонда шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2016 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.