Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ва иваз намудани номи он, инчунин, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб

№78-79 (4818-4819) 21.06.2024

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Маҳали аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Некобод иваз карда шавад.

2. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Варзоб иваз карда шаванд:

- деҳаи Тошбулоқи деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Наврӯзчашма;

- деҳаи Пурзабади деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба деҳаи Пурзавот;

- деҳаи Бегари деҳоти Варзобқалъа ба деҳаи Беғар;

- деҳаи Косатароши поёни деҳоти Лучоб ба деҳаи Косатароши Пойин.

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 524