Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани ризоят барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-47 аз 2 марти  соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ризоят дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 764