Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

№62 (3856) 19.05.2018

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» аз 1 марти соли 2018, №73 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳаи Боявут ба деҳаи Сабзазор, деҳаи Тӯқузҷелак ба деҳаи Ковиён, деҳаи Қӯруқ ба деҳаи Сеосиёб, деҳаи Уяс ба деҳаи Ободдара, деҳаи Уялӣ ба деҳаи Навкати деҳоти «Зарҳалол», деҳаи Тошбек ба деҳаи Курушкат, деҳаи Тапқоқ ба деҳаи Бодомзори деҳоти «Гули Сурх», деҳаи Обқарчағой ба деҳаи Оби зулоли деҳоти «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан, деҳаи Янги Равот ба деҳаи Работи нави деҳоти «Пӯлотон», деҳаи Қизилнур ба деҳаи Нурафшони деҳоти «Патар»-и шаҳри Конибодом, деҳаи Тол ба деҳаи Яккабед, деҳаи Кичиколчали ба деҳаи Арчазор, деҳаи Оқкур ба деҳаи Кондара, деҳаи Каттаолчали ба деҳаи Олучазори деҳоти «Чашмасор», деҳаи Терак ба деҳаи Сафедорон, деҳаи Уяс ба деҳаи Оҳучашма, деҳаи Қароҷингил ба деҳаи Заркони деҳоти «Исмоил», деҳаи Учбоғ ба деҳаи Боғи болои деҳоти «Ёва», деҳаи Сотсиализм ба деҳаи Соҳилоби деҳоти «Хистеварз» ва деҳаи Максим Горкий ба деҳаи Дашти Амини деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иваз карда шаванд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 545