Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№16 (3496) 06.02.2016

Дар бораи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Кабиров М. С.

 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Кабиров Мизроб Саидович Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 3 феврали соли 2016 № 349

 

DSC_1305

Кабиров Мизроб Саидович

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Соли 1983 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В . И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) — ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияташро аз соли 1975 дар мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар мансабҳои муовин, раиси Президиуми Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2010 Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Дорои рутбаҳои дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тахассусии  Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо ордени «Шараф» сарфароз гардонда шудааст. Оиладор.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2016 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.