Робитаҳои байнипарламентӣ

Ассамблеяи байнипарламентӣ ҷавонони ИДМ-ро муттаҳид месозад

№137 (3617) 05.11.2016

ПетербургҶумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (моҳи декабри соли 1991) узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб меравад.

Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушд ва мус­таҳкам намудани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои ИДМ диққати махсус зоҳир шуда, аз рӯзҳои аввали таъсиси он давлатҳои аъзо таҳкурсии мустаҳками ташкилӣ ва ҳуқуқиро гузошта, тавонистанд, ки дар ин ҷода ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил гарданд.

Барои тавсеаи ҳамкориҳои мақомоти миллии қонунгузори давлатҳои аъзои ИДМ 27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчун институти машваратӣ, ташкил шуда, статуси расмии созмони байнидавлатиро дошта, бо дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқи баимзорасонии шартномаҳоро дорад. Яке аз шохаҳои он Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ ба ҳисоб меравад, ки бо қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 22 ноябри соли 2012 таъсис ёфтааст.

Мақсади асосии таъсиси Ассамблея ҷалби ҷавонон ба раванди рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубоҳиса ва мубодилаи таҷрибаи чавонон дар фаъолияти парламентӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъол будан дар ҷомеаи шаҳрвандии  ИДМ мебошад.

29 марти соли 2013 дар шаҳри Санкт–Петербург аввалин ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 Ассамблеяи мавриди назар дорои нишони худ гардид, ки он дар ҷамъбасти озмуни байналмилалии ҷавонон қабул шуд.

Ҷаласаи ҳаштуми Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуд, аз 24 то 27 октябри соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир гардид. Дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати парламентии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин, мушовири калони Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Асроров, сармутахассиси котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Наҷибулло, сармутахасиси шуъбаи иттилоотии техникии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Аҳмадзода Оятулло, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Холиқова ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Томирис» Раъно Ҷумъаева намояндагӣ карданд.

Дар ҷаласа фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкории он бо Агентии федеролӣ оид ба кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ, асосҳои рушди демократия ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати Тоҷикистон дар мавзӯи «Нигоҳи ҷавонон ба ояндаи ИДМ: роҳҳои асосии ҳамгироӣ ва дурнамои инкишоф» баромад карда,

бо раиси Кумита оид ба сиёсати ҷавонон ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии Санкт-Петербург Р. Абдулина ва ҳайати мушовараи ҷавонони Санкт-Петербург вохӯрӣ анҷом дод.

Соли 2017 бо ибтикори Ассамблея Соли маориф эълон гардидааст. Дар робита ба ин, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд донишгоҳи бонуфузи ин шаҳр, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ мақоми хос доранд, дидан намуданд. Шиносоӣ бо роҳбарияти Донишкадаи шимолу шарқии идоракунии Академияи Россия оид ба хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, донишҷӯёни ин академия ва боздид аз китобхонаи он таассуроти фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.

Наҷибулло ОҚИЛЗОДА, сармутахассиси котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон