Ба рушди энергетика такмили қонунгузории соҳа низ таҳрик бахшид

№28 (3978) 14.03.2019

Чунин андеша дорад муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба кор даромадани агрегати аввали НБО «Роғун»-ро аз дастовардҳои муҳими соли 2018 арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки аз оғози бунёди неругоҳ 24 миллиард сомонӣ, соли 2018-ум 3,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба наздикӣ агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли сипаришуда 19 млрд. 742,7 млн. кВт. соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 1 млрд. 628,5 млн. кВт. соат зиёд аст.

Дар кишвар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика бомуваффақият ҷараён дорад. Алҳол корҳои сохт­монӣ дар доираи лоиҳаҳои «Минтақавии интиқоли неруи барқ», «Сохт­мони ХИБ 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», «Сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе — 2», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди НБО-Сарбанд», «Таҷдиди зерист­гоҳи барқии 220 кВ «Равшан», «Беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», «Таҷдиди неругоҳи барқи обии хурди Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб» ва «Сохтмони зеристгоҳ ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ барои Минтақаи озоди иқтисодии Данғара» идома доранд. Илова бар ин, татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и «Қайроққум», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва «Барқтаъминкунии ҷамоати деҳоти «Ромит» ба наздикӣ бояд шурӯъ шавад. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

- Табиист, ки бо зиёд шудани истеҳсоли неруи барқ имконоти содироти он низ зиёд мегардад…

- Бале, кишвар дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикист. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самаранок аз ин неъмати бебаҳо тадбирҳои зиёд меандешад. Дар баробари бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ, неругоҳҳои мавҷудаи хурду бузург таҷдид мешаванд.

Натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки дар ду соли охир 3 миллиард киловат — соат неруи барқ содирот гардид.

Соли 2018 ҳаҷми умумии содироти неруи барқ 2 млрд. 422,1 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум ­1 млрд. 138,7 млн. кВт зиёд аст. Яъне, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 921,1 млн.кВт.соат, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 млрд. 480,9 млн., Ҷумҳурии Қирғизистон 2,8 млн., Ҷумҳурии Қазоқис­тон 12,1 млн.кВт.соат неруи барқ интиқол дода шуд.

- Дар самти такмили қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои нав чӣ корҳо анҷом ёфтанд ва раванди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чӣ тавр ҷараён дорад?

- Соли 2018 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ба 17 лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва як Стратегияи рушди саноат барои солҳои 2030 хулоса пешниҳод кард, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гид­ротехникӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, қабул гардид. Он таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншооти гидротехникиро ба танзим медарорад.

Якчанд созишнома низ тасдиқ шуд. Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки 30 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз ҳамин ҷумла аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки маблағи умумии лоиҳа 2 190 000,000 йени ҷопонӣ (тахминан 20,0 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Агентӣ тасмим гирифтааст, ки зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (дар шафати Амфитеатр) бо насби ду трансформатори 40 МВА ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Промышленная»-ро тавассути иваз намудани ду трансформатори 25 МВА ва пурра иваз намудани чашмакҳои барқии 35 ва 10 кВ маб­лағгузорӣ намояд.

Инчунин, созишномаи грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» низ тасдиқ гардид. Ҳадафи он таҷдиди неругоҳи зикршуда — ивази агрегатҳо, таҷҳизоти механикӣ ва барқарорсозии сарбанд мебошад. Тибқи созишномаи қарзӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи зикршуда 126,0 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз он 38 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 50,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 23,0 млн. доллар грант ва 27,0 млн. доллар қарзи Фонди иқлими сабз ва 38,0 млн. доллар қарзи Бонки сармоягузории Аврупо мебошад.

Татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо ба рушди соҳаи энергетика ва некуаҳволии мардум равона гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, ба иҷрои бомуваффақияти ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»