12 октябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
8. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем.
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммад Иброҳим дода мешавад.
ОСИМЗОДА Муҳаммад Иброҳим: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Дар раванди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мукаммал гардонидани меъёрҳои алоҳидаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ба танзим даровардани татбиқи ягонаи меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шудааст.
Қисми 1 моддаи 75-и кодекси номбурда пешбинӣ намудааст, ки ҳангоми зарурати пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба парванда дар мавриди ҷинояти содирнамудаи шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ва ё маҳкумшудае, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ ё муассисаҳои тарбиявӣ бояд адо кунад, мумкин аст бо иҷозати прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ё сарпрокурори ҳарбӣ ба муҳлати то чор моҳ дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотӣ ё маҳбас нигоҳ дошта шавад.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаҳои 19 ва 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи мақоми худ ба прокуророни ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар буда, бо онҳо як хел ваколат дорад. Вале қисми 1 моддаи 75 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми баробари прокурори нақлиёти Тоҷикистонро бо прокуророни ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе истисно намудааст. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи баррасишаванда дар қисми 1 моддаи 75-и кодекси номбурда баъд аз калимаҳои «шаҳри Душанбе» илова намудани калимаҳои «нақлиёти Тоҷикистон»- ро пешниҳод намуда, мухолифати онро бо меъёрҳои дахлдори Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамояд.
Моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафтор ва муносибати маҳкумшудагон ба меҳнат аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронида шудани маҳкумшудагонро пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, қисми 5 моддаи мазкур тағйир додани намуди муассисаи ислоҳиро бо аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассиса аз ҷониби суд муқаррар намуда, гирифтани розигии прокурори назоратбарандаро пешбинӣ накардааст.
Ҳол он ки тибқи муқаррароти моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорати қонунӣ будани иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ предмети бевоситаи назорати прокурорӣ мебошад.
Бинобар ин, лоиҳаи қонун дар қисми 5 моддаи 80 кодекси мазкур баъд аз калимаҳои «сардори муассиса» илова намудани калимаҳои «ва розигии прокурор»- ро пешниҳод менамояд.
Моддаи 98 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ ба маҳкумшудагон додани иҷозати сафари кӯтоҳмуддатро берун аз муассисаҳои ислоҳӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳангоми додани чунин иҷозат бояд хусусият ва вазнинии ҷинояти содирнамуда, муҳлати адои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ ба эътибор гирифта шавад. Яъне, қабули қарори мазкур хеле масъулиятнок буда, гирифтани розигии прокурори дахлдорро тақозо менамояд. Вале меъёри зикршуда гирифтани чунин розигиро пешбинӣ накардааст.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ҳангоми қабули қарор аз ҷониби сардори муассисаи ислоҳӣ оид ба маҳкумшудагон додани иҷозати сафари кӯтоҳмуддат берун аз муассисаҳои ислоҳӣ, дар қисми 5 моддаи 98 кодекси мазкур баъд аз калимаҳои «рафтори ӯ» калимаҳои «бо розигии прокурор» илова карда мешаванд.
Муқаррароти мазкур дар баробари сардорони муассисаҳои ислоҳӣ, масъулияти прокуроронро низ дар самти мазкур қатъӣ гардонида, ба манфиати таъмини риояи қонуният дар муассисаҳои ислоҳӣ мебошад.
Лоиҳаи мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнуддин Сафаров дода мешавад.
Зайнуддин САФАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2016 №841 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда ҷиҳати мутобиқ гардондани қонуни амалкунанда ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 таклиф пешниҳод гардид, ки 10 пешниҳод қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 2 пешниҳоди дигар рад карда шуд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Вобаста ба ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Толибхон Азимзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми мантиқии санадҳое мебошад, ки баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашта, ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудаанд.
Диққати шуморо ба ду масъалаи муҳим, ки то ҳол дар сатҳи қонунгузорӣ муайян нагашта буданд, ҷалб менамоям.
То ба имрӯз аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал дар бораи тартиби пешниҳоди иваз кардани намуди муассисаҳои ислоҳӣ, яъне аз намуди адои ҷазои вазнин ба сабук ва баръакс, пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон қабул гашта, амал мекард, ки тибқи он омӯзиши пешниҳодҳо аз тарафи прокурор пешбинӣ гашта бошад ҳам, қувваи қонуниро доро набуд ва дар баъзе ҳолатҳо нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меовард. Дар ин замина пешниҳод гаштани тағйиру иловаҳо чунин духӯрагиҳоро аз байн хоҳад бурд.
Ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд, тартиби гузаронидани онҳо аз маҳкамаҳои тафтишотӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ ва баръакс, гарчанде ваколати зинаҳои амалкунандаи мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунгузорӣ муқаррар шуда бошад ҳам, дар нисбати мақомоти Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян нашуда буд. Аз ин рӯ, қабули қонун дар ин самт ваколатҳои прокуратураи мазкурро пурра гардонида, баъзе мушкилиҳои мустақилиятии мавҷударо аз байн хоҳад бурд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сухан ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим дода мешавад.
ДАВЛАТЗОДА Нусратулло Муқим: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо мақсади ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда ва бо назардошти дуруст ба роҳ мондани назорати ба Буҷети давлатӣ ворид гаштани маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмии дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинигардида, инчунин, муайян намудани тартиби пешниҳоди ҳисобот ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ таҳия гардидааст.
Қаблан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» 28 июли соли 2006 таҳти №197 бо он мақсад қабул шуд, ки номгӯй ва намуди пардохтҳои ҳатмӣ дар як қонуни алоҳида пешбинӣ гардида, асоси ҳуқуқии тартиби ҳисоб ва ҷамъоварӣ намудани пардохтҳои ҳатмӣ тавассути ҳамин қонун ба танзим дароварда шавад. Аммо корҳои таҳлиливу назоратӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки ҳоло намудҳои алоҳидаи пардохтҳои ҳатмӣ бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва соҳавӣ ба танзим дароварда шуда истодааст. Ҳолати мазкур боиси вайрон шудани принсипи қонунгузорӣ гардида, маъмурикунонии маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмиро душвор гардонида истодааст.
Чунончӣ, баъзе аз намудҳои алоҳидаи пардохтҳои ҳатмӣ на бо қонун, балки бо қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда истодаанд, ки чунин ҳолат, бо назардошти асосҳои қайдгардида, ба мақсад мувофиқ намебошад.
Инчунин, баъзе аз маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Буҷети давлатӣ ворид нашаванд ҳам, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ваколати ҳисоб ва ҷамъоварӣ намудани маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, барои рӯёнидани ин маблағҳо сари вақт чораҷӯйӣ карда нашуда, бар хилофи тартиби муқарраргардида барои маблағҳое, ки сари вақт пардохт нашудаанд, фоизҳо ҳисоб карда намешаванд. Чунин ҳолатҳо боис мегарданд, ки минбаъд супорандагони маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ иҷрои уҳдадориҳои худро таъмин намекунанд ва қарзи маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ ба миён меояд.
Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии пардохтҳои ҳатмӣ, дар лоиҳаи қонун намудҳои нави пардохтҳои ҳатмӣ ба номгӯй илова карда шудааст, ки пешниҳоди ҳисоботи онҳоро ба мақоми давлатӣ пешбинӣ мекунад.
Мавриди амал қарор додани лоиҳаи қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб наменамояд. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам намудҳои алоҳидаи дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва соҳавӣ ба танзим дароварда шуда истодааст, ки агар ҳолати мазкур, аз як тараф, ба вайрон намудани принсипи қонунгузорӣ оварда расонад, аз тарафи дигар, маъмурикунонии маблағҳои мазкурро душвор мегардонад.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон барои такмили он 19 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 13-тоаш қабул шуд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни амалкунанда ворид мегарданд, ба соҳибкорони хурду миёнаи дохилӣ ва хориҷӣ кадом имтиёзҳоро пешбинӣ менамояд?
Баъдан, то ҳол чанд корхонаи амалкунанда аз пардохти андоз канораҷӯйӣ менамоянд ва маблағи ба Буҷети давлатӣ вориднашуда чӣ қадар аст?
ДАВЛАТЗОДА Нусратулло Муқим: — Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо мутобиқ намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои алоҳида қабул шудаанд, ба қонуни мазкур мебошад. Бо вориди ин тағйиру иловаҳо ҳеҷ гуна имтиёзҳо пешбинӣ нашудааст.
Вобаста ба саволи дуюм ҳаминро гуфтаниам, ки қарзи андозҳо то 1 сентябри соли ҷорӣ 825 млн. сомониро ташкил медиҳад ва он 125 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салоҳ дода мешавад.
ИКРОМӢ Сироҷиддин Салоҳ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни мазкур дар асоси талаботи (моддаи 8 ва 14) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯйӣ (ФАТФ), инчунин меъёрҳо ва талаботи созмонҳои байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Зарурати қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ба роҳ мондани пешниҳоди маълумот аз низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бармеояд.
Инчунин, лоиҳаи қонуни мазкур ба амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ғайриқонунии ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилотӣ тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, тибқи талаботи «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 № 355 тасдиқ шудааст, лоиҳаи қонуни мазкур аз баҳогузории дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуд.
Илова бар ин, хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ вобаста ба лоиҳаи зикршуда аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор нагардидани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ворид гардидааст.
Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон такмил додани қонунгузории кишвар таҳия шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2016 № 804 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, 5 таклиф пешниҳод намуданд.
24 августи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида қабул шуданд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло дода мешавад.
МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими масъалаҳои додани иҷозатнома ба субъектони хоҷагидор барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Мувофиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома ба муҳлати 5 сол дода мешавад. Аз ҷониби дигар, мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар заминаи дархости вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти талаботи соҳаҳои иқтисоди мамлакат ба мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 1 сол муқаррар карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ба муҳлати 5 сол додани иҷозатнома барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати зиёд мебошад ва номутобиқатии мазкур дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самт боиси суиистифода аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори иҷозатномадошта дар ҷалби қувваи кории хориҷӣ ва риоя нагардидани квотаи муқарраршуда гардидааст.
Ҳолати мазкур назорату пешгирии воридшавии ғайримақсадноки қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳисобгирии дақиқи онро мушкил намудааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи таҳлилҳои мавҷуда муҳлати ҷалби мутахассисони хориҷӣ вобаста ба махсусияти иҷрои корҳо, аз ҷумла дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва калонҳаҷми сармоягузорӣ, ки тавассути созишномаҳои байниҳукуматӣ амалӣ мегарданд ва дар дигар корхонаву муассисаҳо гуногун буда, метавонад аз 1 то 3 сол давом ёбад.
Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонун ба моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қисми сеюм илова карда мешавад, ки мувофиқи он муҳлати амали иҷозатнома ба субъектони хоҷагидор барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то 3 сол пешниҳод мегардад.
Зарурати ҷалби мутахассиони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан бо дарназардошти эҳтиёҷоти соҳаҳо ба кормандони баландихтисоси хориҷӣ, аз ҷумла барои насб намудан, ба кор андохтани таҷҳизот ва технологияи нави истеҳсолӣ асос ёфта, таносуби шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамаи корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ на зиёдтар аз 20 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил менамояд.
Аз ҷумла, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2016 № 637 теъдоди қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 8000 нафар муқаррар гардидааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2016 дар доираи квотаи муқарраргардида ба 4506 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дода шудааст. Дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ дар ташкилоту муассисаҳои иҷозатномадошта, дар ин давра 21606 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур номутобиқатии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин самт аз байн бурда, риояи квотаи муқарраршуда, афзалияти ишғоли ҷойҳои кориро аз ҷониби мутахассисони ватанӣ, назорату пешгирии воридшавии ғайримақсадноки қувваи кории хориҷӣ ва баҳисобгирии дақиқи онро таъмин менамояд.
Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ савол дорад? Марҳамат.
Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ: — Дар қонунгузории амалкунанда ду намуди соҳибкорӣ –инфиродӣ ва бо ташкили шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Он шахсони хориҷие, ки инфиродӣ меоянд, бо кадом тарз иҷозатнома мегиранд?
Баъдан, оё мумкин нест он квотаҳое, ки шумо ёдрас намудед, бардошта шаванд, зеро баъзе давлатҳо хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар сармоя гузоштанро доранд?
МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло: - Иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ барои ташкилоту муассиса, аз ҷумла соҳибкорони инфиродие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ эҳтиёҷ доранд, дода мешавад.
Зарурати квота аз талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» бармеояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани квота, ки маънои маҳдуд карданро дорад, хеле зарур аст. Зеро бе квота бозори дохилии меҳнатиро аз ишғоли ҷойҳои корӣ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ҳимоя карда наметавонем.
МУҲИДДИНИЁН Пӯлод: - Шахсоне, ки дар асоси созишномаи қарзӣ меоянд, ба рӯйхати тибқи квота дохил мешаванд?
МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло: — Шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, ба квотаи муқарраршуда ворид нестанд ва онҳо озоданд.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар ҷумҳурӣ касбҳои нав хеле зиёданд, аммо дар бораи онҳо маълумоти кофӣ нест. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд корхонаи муштарак фаъолият доранд ва таносуби кормандони дохилию хориҷӣ чанд фоиз аст?
МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло: — Дар ин самт бо воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дорем. Дар корхонаҳои муштарак 70 фоизи кормандонро шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
АСОЗОДА Хайрулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, мақсади танзими масъалаҳои додани иҷозатнома ба субъектҳои хоҷагидор барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Тибқи моддаи 8 қонуни мазкур айни замон барои намуди фаъолияти ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома ба муҳлати 5 сол дода мешавад. Аммо тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳар сол ба имзо мерасад, квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ аз рӯи соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва минтақаҳо ба муҳлати 1 сол муқаррар карда мешавад.
Ҳадафи асосӣ аз 5 то 3 сол муайян намудани муҳлати иҷозатнома дар лоиҳа аз он иборат аст, ки иҷрои корҳо дар баъзе лоиҳаҳои афзалиятнок ва иншооти бузург, ки тавассути созишномаҳои байниҳукуматӣ амалӣ мегарданд, ба муҳлати зиёдтар, яъне то 3 сол идома меёбанд. Ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар чунин ҳолатҳо ба муҳлати иҷрои корҳо вобастагӣ дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 августи соли 2016 таҳти № 798 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаи масъул лоиҳаи қонунро бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ баррасӣ намуда, онро ҷонибдорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ, 8 тағйиру илова пешниҳод гардид, ки ҳамааш қабул шуд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» сухан ба муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода дода мешавад.
Адолат АБДУРАҲМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» бо мақсади пешгирии интиқоли ашё ва ё моддаҳои таркандаю зараровар, ашёҳои нодири таърихию фарҳангӣ, маблағгузории ташкилотҳои террористӣ, истифода шудани хизматрасониҳои алоқаи почта бо дарназардошти талаботи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки асос ва сабабҳои иҷозатномакунонии фаъолият ва зарурати гирифтани иҷозатномаро муайян намудааст, таҳия шудааст.
Дар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон ва дигар давлатҳо низ хизматрасонии алоқаи почта бо гирифтани иҷозатнома пешниҳод карда мешавад.
Қабул гардидани лоиҳаи қонуни зикршуда барои пешгирии ҷиноятҳои номбаршуда, танзими хизматрасонии алоқаи почта ва дар оянда ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи почта дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шаффоф ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 799 аз 16 августи соли ҷорӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Он бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба хизматрасониҳои алоқаи почта, аз қабили интиқоли ашё ва моддаҳои тарканда, зараровар ва интиқоли маблағҳо барои ташкилотҳои террористӣ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани маводи нодири таърихию фарҳангӣ ва ғайра таҳия шудааст. Тибқи лоиҳаи қонун минбаъд хизматрасониҳои алоқаи почта бо иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаҳои 2, 3, 9, 14 ва номи боби 2 тағйиру иловаҳо ворид ва ба қонун моддаи 11 илова карда мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои мукаммал гардонидани он 9 таклифу пешниҳод намуданд.
Кумитаи масъул 25 августи соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дод. Зимни он дархосту пешниҳодҳо омӯхта шуд ва 7 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул шуда, 1 таклиф қабул нашуд.
Лоиҳаи зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» сухан ба директори Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода дода мешавад.
Ҷумахонзода Ҷамшед: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 1 Нақшаи кории Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 таҳия шудааст.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2011 узви яке аз созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ – Санади женевагии (1999) Созишномаи Гаага «Оид ба бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ» гардид, ки он аз 21 марти соли 2012 эътибор пайдо намуд.
Тағйироте, ки дар қисми 3 моддаи 5, қисми 4 моддаи 6, сархати сеюми қисми чоруми моддаи 11, қисми чоруми моддаи 18 пешбинӣ шудаанд, бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба талаботи муқарраргардидаи Созишномаи Гаага, яъне хориҷ намудани номгӯйи аломатҳои асосии намунаи саноатӣ нисбат ба муҳлати амали патент ва инчунин содагардонии расмиёти гузаронидани экспертизаи моҳиятии дархост барои гирифтани патент ба намунаи саноатӣ равона шудааст.
Дигар тағйиру иловаҳо ба бартараф намудани камбудиҳои техникӣ, имлоӣ ва истилоҳотӣ равона шудааст.
Аз шумо, муҳтарам вакилони халқ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни ба баррасӣ пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.
Абдуназар Хисрав: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 августи соли 2016 таҳти № 800 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар ин робита ҷаласаи кумитаи масъул 25 августи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иштирокчиён лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» сухан ба директори Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода дода мешавад.
Ҷамшед Ҷумахонзода: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 1 Нақшаи кории Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 таҳия шудааст.
Мақсад аз ворид намудани қисмҳои нав ба моддаи 4 қонуни мазкур ин шароит фароҳам овардан ба ихтироъкороне, ки дар соҳаи дорусозӣ фаъолият менамоянд, мебошад.
Дорусозӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин ба шумор меравад ва ихтироъкори ин соҳа пас аз гирифтани патент бояд ҳатман санҷиши клиникии дорувориро гузаронанд ва аз мақомоти салоҳиятдор барои истифодаи он иҷозат гиранд. Ин амал дар баъзе мавридҳо муҳлати дарозро талаб намуда, дар ҷараёни гузаронидани он маблағи зиёд сарф мешавад.
Бинобар ин, то гирифтани иҷозатнома, татбиқи ихтироъ номумкин аст, ихтироъкор як муддати муайянро пас аз гирифтани патент барои гирифтани иҷозатнома сарф менамояд ва имконияти татбиқ ва ба даст овардани фоидаро аз даст медиҳад, ки чунин ҳолат ба манфиати ихтироъкор набуда, умуман ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
Ин меъёр дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи дунё, хусусан кишварҳои Аврупо, давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он мебошад, аллакай ба роҳ монда шудааст. Аз дигар тараф, дароз кардани амали муҳлати патент барои ихтирооти ба ин соҳа дахлдошта омиле мебошад, ки оқибат ба натиҷаҳои мусбати ҳифзи тандурустӣ оварда мерасонад.
Тағйироти қисми 3 ва сархати 2 қисми 3 моддаи 21 барои ислоҳи камбудиҳои имлоӣ ва техникӣ равона гардидааст. Тағйирот ба сархати 3 қисми 3 моддаи 21 бо мақсади беҳтар намудани имконияти гузаронидани экспертизаи аризаҳо барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ пешбинӣ гардидааст.
Айни ҳол меъёри амалкунанда имконият намедиҳад, ки коршиносони Идораи патентӣ яке аз принсипҳои асосии ҳифзпазирии ихтироъ, яъне навии онро ба пуррагӣ санҷанд. Масалан, аз сарчашмаҳои дастраси умумбуда, аз он ҷумла сомонаҳои интернетӣ истифода баранд.
Аз шумо, муҳтарам вакилони халқ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни ба баррасӣ пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 августи соли 2016 таҳти №801 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Тибқи банди 1 Нақшаи кории Шӯрои миллӣ яке аз чорабиниҳои асосӣ ин омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.
Пас аз қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда ба Идораи миллии патентӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида муҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатии патентро дароз кунад.
Ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур кумитаи масъул 25 августи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор намуд. Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» — ро ҷонибдорӣ намуданд.
Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» сухан ба директори Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» Зокир Зоҳидов дода мешавад.
Зокир ЗОҲИДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки марҳила ба марҳила рушд ёфтани соҳаҳои таркибии комплекси нақлиёти кишвар ба амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ намудани кишвари азизамон мусоидат карда истодааст.
27 апрели соли ҷорӣ Созишномаи грантӣ ба андозаи 3,5 миллион доллари амрикоӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шуд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 1 июли соли ҷорӣ барои хариди 100 адад автобуси нави мусофиркашонии таъиноташон шаҳрӣ аз рӯи шартҳои техникӣ озмуни кушод эълон намуд. Дар маросими кушодани озмун 18 августи соли ҷорӣ маълум шуд, ки аз 5 ширкати ҳуҷҷатҳои тендериро харидоринамуда танҳо як ширкат ба озмун дархости худро пешниҳод кардааст.
Ҳоло натиҷаҳои озмун ҷамъбаст мешаванд. Бинобар ин, ҷиҳати бунёд ва рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд аз шумо, муҳтарами вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки Барномаи мазкурро, ки созишномаи ба ин лоиҳа вобаста имрӯз муҳокима шуда истодааст, дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
Асозода Хайрулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ !
Созишномаи грантӣ (46288) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки 27 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 26 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва тавассути 2 марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якум дар ҳаҷми 10 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 6,5 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун қарз, 3,5 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант ва марҳилаи дуюм 16 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 11 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 5 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун грант татбиқ карда мешавад.
Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,84 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод гардидааст.
Мақсади лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Лоиҳа маблағгузории қисматҳои зеринро дар бар мегирад:
- қисмати 1 – харидории то 100 автобус бо фаршҳои паст;
- қисмати 2 – таҷдиди иншооти таваққуфгоҳ ва харидории таҷҳизот барои таваққуфгоҳ;
- қисмати 3 – татбиқи низоми чиптавӣ.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2016 таҳти №843 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Тибқи созишнома татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то 31 декабри соли 2017 идома хоҳад ёфт.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулоса тасдиқ намудани Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои тасдиқи Созишнома овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарофиддинова Мавзуна Шамсиддиновна дода мешавад.
Мавзуна Шарофиддинова: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани талаботи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии сиёсии шаҳрвандон тавассути арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 августи соли 2016 таҳти №797 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, баҳри такмили он 6 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 3 таклиф қабул ва 3 таклифи дигар қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 30 августи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ ва лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта асосан хусусияти мутобиқгардонӣ дошта, он бо тағйироте, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, алоқамандӣ дорад. Дар лоиҳаи қонун хориҷ намудани калимаҳои «Сарқонун», «Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин, мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 2 моддаи 5 қонуни амалкунанда ворид намудани илова пешбинӣ мегардад, ки тибқи он ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи Парчам дода мешавад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Фикр мекунам, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчам бояд дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди меҳанпарасти кишвар доимо ҷой дошта бошад.
Бо қабули меъёри мазкур шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ пайдо мекунанд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ аз ин рамзи асосии давлат истифода намоянд.Муқаррароти мазкур эҳтирому қадршиносиро ба Парчами Тоҷикистон ҳидоят менамояд.
Муҳтарам вакилон, хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.
Равшан РАҶАБОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қодирӣ, Ф. Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Холиқов, Г. Ашурова ва Р. Раҷабов пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2016 №622 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи қонун мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф сохтани мухолифатҳои меъёрҳои ҷойдошта ба шумор меравад.
Тағйирот ба моддаҳои 1 ва 5 бо назардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баробарҳуқуқии зан ва мард ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба қисми 1 моддаи 8 бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки дар соҳаи оила ваколатҳои мушаххасро муайян намудааст, манзур гардидаанд. Тағйирот ба номи боби 3 ва моддаи 11 хусусияти муайянкунанда дошта, сархати даҳуми моддаи 14 ва сархати якуми моддаи 93 бо истифодаи мафҳумҳои ягонаву якхела ба асосҳои умумии қонунгузории гражданӣ мутобиқ карда шудаанд. Бо тағйирот ба моддаи 17 ҳуқуқи мард барои бекор кардани ақди никоҳ такмил дода шуда, ҳамзамон бо тағйирот ба моддаи 23, ки дар таҳрири нав ифода шудааст, ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ барои оштӣ шудан аз ҷониби суд то шаш моҳ муҳлат дода мешавад. Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 28 (беэътибории ақди никоҳ), 29, 31, 32, 33, 34 ва 39, ки хусусияти муайянкунанда ва танзимкунанда доранд, бо дарназардошти мутобиқ намудани онҳо ба талаботи қонунҳои зикршуда ворид шудаанд.
Тағйирот ба моддаҳои 44, 45, 46 ва 47 ба хотири такмили институти аҳдномаи никоҳ пешниҳод шудааст. Бо тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда моддаҳои 57, 571 , 63, 64, 93, 121, 122, 123, 124, 125 ва 155 ба талаботи қонунҳои соҳавӣ — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», Кодекси гражданӣ ва ғайра мутобиқ гардонида шуда, ҳуқуқу уҳдадорӣ ва масъулияти падару модар дар робита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақвият ёфта, ба Кодекси оила муқаррарот бобати тарбия дар оилаҳои (мураббии) парастор ворид карда шуд.
Зимни баррасӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 99 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 57 таклиф қабул, 5 таклиф қисман қабул шуда, 37 таклифи дигар қабул нашуд.
Кумитаи масъул 30 августи соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, лоиҳаи қонуни мазкурро такмил дод.
Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки 7 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров чанд таклифу пешниҳод доир ба лоиҳаи қонун манзур гардид, ки дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо истифода аз онҳо қисмҳои 2 моддаи 17, моддаи 23, моддаи 571 ва қисми 1 моддаи 64 такмил дода шуд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич дода мешавад.
Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Оила ниҳоди устуворе мебошад, ки дар он марду зан шарики ҳаётӣ гардида, умр ба сар мебаранд ва насл ба дунё меоранд. Ин ниҳод бояд ҳамаҷониба сиҳатманд бошад ва тифли солимро тарбия намуда, ба ин восита бақои миллатро устувор гардонад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти бештар диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад».
Зимнан лоиҳаи қонун, ки дар баррасии мо имрӯз қарор дорад, тақвияти ин гуфтаҳост. Зимни таҳияи ин лоиҳаи қонун, пеш аз ҳама, мутобиқгардонии он ба талаботи дигар қонунҳо, алалхусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф» ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.
Дар қисми 10 лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби суд муқаррар намудани муҳлат барои оштишавии зану шавҳаре, ки фарзандони ноболиғ доранд, муайян гардидааст. Ин муҳлат ба кам гардидани шумораи ҷудошавии оилаҳо мусоидат мекунад.
Мо хуб медонем, ки дар ҳаёти фарзанд оила нақши муҳим мебозад, зеро муҳити оила дар таълиму тарбияи ӯ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ