Баргузории ҷамъомад таҳти унвони «Тоҷикистон – ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» дар Маҷлиси намояндагон

№55 (4638) 20.04.2023

18-уми апрели соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Тоҷикис­тон — ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» ­ҷамъомади парламентӣ баргузор гардид. 

Дар он роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи обу иқлим, раиси Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии Наҷоти Арал иштирок намуданд.

Ҷамъомадро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳо ва ҷамъомадҳои минтақавию байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим, ки ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, нақши муассир ва ҳалкунанда бозида истодааст.

Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони соли 2023 «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сайдмурод Фаттоҳзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Далер Ҷумъа, фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи обу иқлим, раиси Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии Наҷоти Арал Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ­Рустам Латифзода роҷеъ ба раванди ташаб­бусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об маърӯза карданд.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни ҷамъбасти ҷамъомад аз сафари чанде пеш доиршудаи ҳайати парлумонии кишвар ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ёдовар шуда, чунин гуфт:

- Дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 55-уми Ассамблеяи байнипарлумонӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат роҷеъ ба масъалаҳои обу иқлим сухан ронда, аз ҷумла таъкид доштам, ки кишвари мо мавқеашро нисбат ба мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълон кардааст, ки танҳо ҳамкории судманди мутақобила, аз ҷумла дар сатҳи байнипарлумонӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ – шарикони рушд ягона, василаи оқилона ва самараноки ҳалли онҳо мебошад.

Дар фарҷоми ҷамъомад мутобиқи банди 277 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи баррасишаванда, бо назардошти таклифу эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо қайд гардиданд, қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон