Баргузории аввалин ҷаласаи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон

№34 (4296) 16.03.2021

DSC_558715 марти соли 2021 ҷаласаи Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тариқи фосилавӣ доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, Содиқӣ Насиба, Матробиён Саодатшо, Гиёзода Азиз, Наҷмидиниён Файзулло, Табарӣ Абдулло, Раҳматзода Рустам иштирок намуданд.

Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуда, аз ҷумла, гуфт:

- Зарурати роҳандозӣ ва тав­сеаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон борҳо дар вохӯриҳои сатҳи баланд миёни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон — Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Эрон ҷаноби оқои дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ, инчунин, дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар баррасӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст омадааст.

DSC_5589Инчунин, таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикис­тон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқарор шуда, сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҳар ду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷанбаи парламентҳо, боз­диди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин, дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳар ду ҷониб сурат гирифтанд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ баробари диплома­тияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми бориз дошта, Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар фаъолияташ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳад дод.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон