Муҳокимаи парламентӣ

Барномаи давлатӣ. Чаро он пурра маблағгузорӣ нашуд?

№153 (3633) 17.12.2016

DSC_0339Вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» 15 декабри соли ҷорӣ муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Онро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ оғоз намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Пешвои  муаззами миллат барои арҷгузорӣ ва гиромидории ёдгора, нигораву омӯзаҳои таърихию фарҳангӣ аввалин ибтикору ифтитоҳҳоро зимомдорӣ  кардаанд, ки дар ин бобат иқтибосеро аз мулоқоташон бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2001) зикр намудан айни матлаб аст:

«Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон,  ҳифз  кардану  ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии  халқ  чун  самти  афзалиятноки  сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст».

Бинобар ин, яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ дар соҳаи фарҳанг таҳия ва тасдиқи «Барномаи давлатии  ҳифзи  мероси  таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» мебошад.

Раиси  Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид  ба  илм,  маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова иброз дошт, ки фарҳанг бузургтарин дастоварди инсон буда, омили муҳимест, ки шинохту гиромидошти мероси таърихию фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани он ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2011 «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»-ро қабул намуд, ки ҳоло дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати  ҷавонон бевосита дар маҳалҳо бо рафти иҷрои ин барнома шинос шуд. Тибқи «Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ» дар кишвар 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барномаи номбурда бояд дар ду марҳила амалӣ гардад. Марҳилаи якум солҳои 2012-2015-ро дар бар гирифта, таъмиру барқарорсозии 20 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба нақша гирифтааст. Марҳилаи дуюми амалигардонии он солҳои 2016-2020-ро фаро мегирад ва ба он 23 ёдгории  нисбатан бузург ворид гардидааст. Маблағи умумии барои барнома пешбинишуда 67,8  миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллиони он маблағҳои буҷетӣ мебошанд.

Даҳ соли охир дар доираи барномаи мазкур ва берун  аз он  барои ҳифз ва тармиму барқарорсозии даҳҳо ёдгории таърихиву меъморӣ, аз ҷумла қалъаҳои Истаравшан, Хуҷанд, Ҳисор, осори таърихиву меъмории Панҷакент, шаҳристони қадимаи Саразм, ҳамчунин тармиму бозсозии яке аз ёдгориҳои нодири асримиёнагии пойтахти Хатлон – шаҳри Ҳулбук, ёдгориҳои Тахти Сангин, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мазори Ҳазрати Султон, чанд музею осорхона ва дигар ёдгориҳои меъмориву таърихӣ маблағи зиёд ҷудо шудааст.

Муайян гардид, ки маблағгузории барнома дар соли 2013 аз 6.064.000 сомонии пешбинишуда 834.000 сомонӣ ё ин ки  13,7 фоиз иҷро гардидааст. Дар соли 2014 аз 6.662.000 сомонии пешбинишуда  2.060.000 сомонӣ ё ин ки 30,92 фоиз, дар соли 2015 аз 9.334.000 сомонии пешбинишуда 1.090.000 сомонӣ ё ин ки 11,67 фоиз ва дар соли 2016  4.125.000 сомонии пешбинигардида 500.000 сомонӣ ё ин ки 9,69 фоиз маблағ ҷудо  гардидааст. Дар маҷмӯъ, барнома  ба маблағи 4.384.000 сомонӣ маблағгузорӣ шуда, таносуби иҷрои он дар давраи аз соли 2013 то моҳи августи соли 2016 нисбат ба маблағи пешбинишуда ҳамагӣ 16,7 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра барқарорсозии қалъаи Балҷувон, мақбараи Хоҷа Аюби Ансории ноҳияи Ховалинг, тармиму барқарорсозии Ҷувозхонаи Восеъ дар ноҳияи Ховалинг, тармиму барқарорсозии ҷузъии қалъаи Мӯъминободи ноҳияи Мӯъминобод пурра маблағгузорӣ шуда бошад ҳам, дар атрофи ин иншоот корҳои ободонӣ ба анҷом нарасидаанд ё ин ёдгориҳои таърихӣ бо барқ ва об таъмин карда нашудаанд. Атрофи як қисми дигарашон бо девор иҳота нашудаанд, роҳ ба сӯи ин иншоот ба талабот ҷавобгӯй нест ва ё корҳои сохтмонӣ ва барқароркунӣ дар ин иншоот нотамом мондааст.

Аз соли 2013 то моҳи августи соли 2016 тибқи банди 24-уми барнома барои ворид намудани ёдгориҳо ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО 150.000 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Соли 2010 ёдгории 5500-солаи шаҳраки Саразми Панҷакент ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳоло барои ҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Абрешим» ҷиҳати ворид намудан  ба мероси номбурда ҳуҷҷатҳои 8 ёдгории дигар, аз ҷумла қалъаҳои Ҳулбук, Ҳисор, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти сангин, Панҷакенти қадима ва ғайра таҳия шуда истодаанд.

Бо сабаби пурра маблағгузорӣ нашудани банд­ҳои барнома то ба ҳол корҳои тармиму барқарорсозии як қатор ёдгориҳои таърихии дар барнома зикргардида мавқуф гузошта шудаанд, аз ҷумла иншооти «Дайри буддои Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, «Қалъаи Шаҳритус»-и ноҳияи Шаҳритус, «Мақбараи Мавлоно Фатҳуллои Чуст»-и ноҳияи Шаҳринав, «Мақбараи Ҳоҷӣ Сангхок»-и ноҳияи Варзоб, «Масҷиди таърихии Дар-дар»-и ноҳияи Айнӣ, «Сангнигораҳои Сабағи Кӯҳистони Мастчоҳ» ва «Қалъаи Урда»-и шаҳри Исфара.

Таҳлили иҷрои барномаи мазкур камбудиҳои ҷиддиро низ ошкор намуд. Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки ҳамкории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба тармим ва эҳёи ёдгориҳои таърихие, ки ба нақшаи чорабиниҳои барнома ворид шудаанд, дар сатҳи паст буда, ислоҳи вазъро талаб менамояд. Иҷрои кор аксар вақт бе назорати доимии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, бе ҷалби васеи доираи ҷамоатчигӣ, олимону  бостоншиносон сурат гирифтааст.

Ҳарчанд соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» қабул шуда бошад ҳам, то ҳол мақомоти ваколатдори давлатӣ Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва тартиби амалӣ кардани онро омода накардааст. Дар натиҷа, аз лиҳози ҳуқуқӣ шакли аксари ёдгориҳои таърихӣ то ҳол муайян  нашудааст ва шиноснома надоранд. Алалхусус, аксарияти объектҳои мавриди санҷиш қарорёфта танҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Тартиби гузаронидани экспертизаи таърихию фарҳангии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ то ҳол ба расмият дароварда нашудааст. Дар натиҷа, миқдори зиёди чунин объектҳо аз лиҳози илмӣ асоснок нагардидаанд. Объектҳое  низ ҳастанд, ки воқеан пурра нобуд шудаанд ё арзиши онҳо ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз байн рафтааст. Аз ин рӯ, имрӯз миқдори аслии чунин ёдгориҳои таърихиро муайян намудан ғайриимкон  мебошад.

Аз объектҳои дар марҳилаи I пешбинишуда ва умуман маблағгузоринашуда вазъи ёдгории таърихии «Сангнигораҳои Сабағ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ниҳоят ташвишовар мебошад. Ёдгории таърихии «Масҷиди деҳаи Дар-Дар»-и ноҳияи Айнӣ, гарчанде маблағгузории пешбинишуда амалӣ нагардида бошад ҳам, бе мувофиқа бо мақоми ваколатдор, худсарона аз тарафи аҳолӣ таъмир гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ташаббускории аҳолӣ боиси дастгирӣ мебошад, аммо он бояд бо ҳамоҳангсозии  мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои мутасаддӣ ба роҳ монда шавад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки як қисм ёдгориҳои таърихӣ барои қабул омода нестанд. Шиносоӣ  бо ёдгориҳои таърихии пурра фаъолияткунанда муқаррар намуд, ки фаъолияти онҳоро дар самти тарбияи ифтихор аз Ватан, худшиносӣ, маърифатнокии насли наврас ва ҷавонон, инчунин рушди туризми дохилӣ ва туризми байналмилалӣ самаранок истифода бурдан имконпазир ва ба мақсад мувофиқ аст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба иҷрои нақшаи барномаи мазкур сухан ронда, минҷумла гуфт, ки вазифаи муҳими ҳар як миллати соҳибтамаддуну давлати соҳибихтиёр ҳифз, эҳё ва афзун гардонидани сарватҳои фарҳангии хеш мебошад ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 ҳангоми мулоқот бо зиёиён қайд карда буданд: «Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳанги миллат мебошанд. Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори нодири фарҳангиро ҷустуҷӯву пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем».

Ба низом даровардани ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ, мустаҳкам ва муҳайё намудани заминаи моддӣ — техникии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ тавассути бақайдгирӣ, шаҳодатномадиҳӣ, муайян намудани ҳудудҳои ҳифзшаванда, сертификаткунонӣ, ворид намудан ба рӯйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ ва хатсайрҳои туристӣ, тармим ва барқарор намудани ёдгории тармимталаб, равнақи туризми фарҳангӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар як ёдгорӣ, истифодаи дуруст ва пурмаҳсули ҳар як иншоот, ташвиқу тарғиби онҳо, ворид намудани муҳимтарини онҳо ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ мақсадҳои асосии барнома муайян гардиданд.

Таҳлилу санҷиш нишон дод, ки дар ду иншоот — Қалъаи Балҷувони ноҳияи Балҷувон ва Ҷувозхонаи Восеъ корҳои барқарорнамоӣ анҷом ёфта,  болопӯш намудани мақбараи Хоҷа Аюби Ансории ноҳияи Ховалинг ва барқарорсозии мақбараи Хоҷаи Заррини ноҳияи Данғара дар арафаи анҷом­ёбӣ мебошад. Дар баробари барқарорнамоии Ҷувозхонаи Восеъ дар ноҳияи Ховалинг, дар заминаи осорхонаи «Шӯриши Восеъ» Муассисаи давлатии «Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Восеъ» ташкил шуд, ки  ба густурдатар истифода гардидани ин мавзеи таърихӣ мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки маблағгузории «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012- 2020» аз соли 2013 оғоз гардида, то соли 2015 аз маблағи 14 миллиону 35 ҳазор  сомонии пешбинишуда танҳо 3 миллиону 984 ҳазор сомонӣ тибқи смета маблағгузорӣ гардидааст, ки 28,4 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2016 доир ба ҳифз ва истифодаи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012- 2020» дар марҳилаи дуюм 4125000,0 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи  Буҷети давлатӣ 443000,0 сомонӣ ҷудо  гардидааст, ки 11, 67 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Соли 2017 марҳилаи асосӣ ва муҳими дар амал татбиқ гардидани барномаи мазкур оғоз меёбад, зеро миқдори маблағи пешбинигардида нисбат ба  солҳои пешин зиёд буда, ҳаҷми корҳои тармиму  барқарорсозӣ хоҳад афзуд.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова ва муовини раиси Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азимӣ зимни баромад  бобати сабабҳои кам  маблағгузорӣ шудани  чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи ин барнома ва  истифодаи  маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда изҳори назар  карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим  Ғаффоров, Олимҷон Сафаров, Дилшод  Исматуллоев, Миралӣ Достизода, Аҳматҷон Қобилов, Иброҳим Абдуллозода, Хайрулло Сӯфиев, Ҳаёт  Одинаев ва  Мирзодавлат Сабурзода оид ба  паҳлуҳои гуногуни вазъи иҷрои Буҷети давлатӣ барои татбиқи ин барнома ба вазири фарҳанг  ва дигар даъватшудагон савол дода, посух гирифтанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Гулбаҳор НазирӣҶамшед Саидов ва Насиба  Содиқова пешниҳодоти муфид иброз доштанд, ки аксари онҳо ба лоиҳаи қарор ва тавсияҳои муҳокимаи  парламентӣ ворид гардиданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар хотима таъкид дошт, ки  баҳри татбиқи барномаи мазкур маҷмӯе аз тадбирҳои судманду созанда роҳандозӣ шудаанд, вале он ҳама ҳанӯз басанда нест. Таъсиси Бозрасии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили пойгоҳи илмии омӯзишӣ ва ҳафриётӣ дар таркиби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмондиҳии ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар маҳалҳо ва ҳамгуни онҳо ба татбиқи барнома мусоидат хоҳанд кард.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суртагир Аҳлиддин ИСОЕВ