Шашуми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар мавзӯи «Беҳтар намудани нақш ва мақом, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид.
Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки вакилони парлумон ҳамкориро бо Дафтари САҲА дар Душанбе қадр мекунанд, ки ба шарофати он имкони шиносоӣ, табодули таҷриба ва иштирок дар вохӯриҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин такмили меъёрҳои қонунгузорӣ дар масъалаҳои гендерӣ вусъат ёфтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир карданд, ки ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар мамлакат нигаронида шудааст.
Бо дарназардошти вижагиҳои ҷомеаи мо роҳбарияти кишвар тадбирҳои мушаххаси институтсионалиро таҳия кардаанд, ки ба ташаккул ва таҳкими қонунгузории миллӣ, иҷрои уҳдадориҳое, ки аз санадҳои байналмилалӣ бармеоянд, алоқаманданд.
Дилрабо Мансурӣ, ҳамчунин, таъкид кард, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Нақшаи миллии чорабиниҳои мазкур тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули захираи кадрҳоро барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунӣ аз рӯи гендер пешбинӣ менамояд.
Зикр гардид, ки барои тарбия ва пешбарӣ кардани занони роҳбар «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тотористон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022» таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022» низ қабул шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид.
Барои беҳтар кардани дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расидааст. Инчунин, дар кишвар даҳҳо қонун, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, занону духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ изҳори назар карда афзуд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ феълан яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мо барои табодули таҷриба бо парлумонҳои дигар кишварҳо ва шарикони байналмилалӣ робитаҳои бисёрҷониба барқарор мекунем ва инчунин, дар татбиқи ҳадафҳоямон саҳм мегузорем, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон