21-уми майи соли 2024 вакилони Маҷлиси намояндагон бо роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода бо муовини раиси Комиссияи доимии Конгресси халқии музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Лян ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро равобити муштарак мепайвандад ва Чину Тоҷикистон ҳамеша ҳамсоя ва дӯстони хуб, шарикони боэътимод ва бародар буданд. Ин далели он аст, ки байни сарварони Тоҷикистон ва Чин — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои неки корӣ ва дӯстии шахсӣ густариш ёфта, барои рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мустаҳками сиёсӣ ва дурнамои рушд муайян гардидааст.
Таъкид гардид, ки ба шарофати ирода ва талошҳои ҳар ду ҷониб муносибатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои бисёрҷанба заминаи мусоид фароҳам мебошад. Аз ин рӯ, густариши муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо ба манфиати на танҳо Тоҷикистон ва Чин, балки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа ҷавобгӯ буда, ҳар ду ҷониб минбаъд низ ин равандро ҳамчун самти стратегии ҳамкорӣ мақсаднок пеш мебаранд.
Гуфта шуд, ки мубодилаи мақомоти қонунгузор ҷузъи муҳими муносибатҳои ҳар ду давлат мебошад, ки бо роҳбарии сарварони ҳар ду давлат дар сатҳи баланд бо натиҷаҳои судманд рушд мекунад.
Дар солҳои охир мақомоти қонунгузори Тоҷикистон ва Чин равобити наздик ва ҳамкориро ҳифз карда, дар густариши он нақши муҳим бозидаанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Чин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ