Беҳтарин мукофот маҳбуби мардум будан аст

№138 (4558) 11.11.2022

IMG_1948Дар ҷомеа шахсиятҳои бузурге ҳаёт ба сар мебаранд, ки кору пайкорашон нисбат ба зиндагии шахсиашон ба аҳли ҷомеа бештар ­иртибот дорад. Ин шахсиятҳо барои беҳбудии зиндагии мардум ҳама вақт дар талош буда, тақдирашонро бо тақдири халқу Ватан мепайванданд. Яке аз онҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мебошад.

    Саидмурод Фаттоҳзода зиёда аз сӣ сол боз яке аз шогирдони содиқ ва дастпарвари мактаби бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамеша баҳри амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад. Шиносоии мо бо ин шахсияти бузург ҳанӯз аз овони таҳсил дар факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи М. Ломоносови шаҳри Москваи Федератсияи Россия маншаъ мегирад.  Ӯ дар курси боло таҳсил мекарду ҳамон хислатҳои самимию хоксоронаи овони донишҷӯияш то ҳол мондааст.

Ҳамин одобу хислатҳои ҳамида,  дониши саҳеҳу мукаммал буд, ки ӯ дар сиёсат нисбат ба дигар ҳаммаслаконаш  тез ба қуллаҳои баланд роҳ ёфт. Доктори илмҳои фалсафа буда, ба қалами ӯ садҳо мақолаю рисолаи илмӣ тааллуқ дорад.

Дар парлумони касбии мамлакат вакилон ӯро самимона дӯст медоранд ва ҳамеша ҳурматашро ба ҷо меоранд. Мо ба хоксории ин олими забардаст офарин мегӯем.

Рӯи мизи кориаш доимо пур аз китоб буда, мутолиаи китобҳои сиёсию бадеиро дӯст медорад. Донандаи хуби адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик аст.

Бузургии Саидмурод Фаттоҳзода дар он аст, ки ӯ аз гуфтани гапи рост ҳеҷ гоҳ ҳарос надорад. Хеле мулоиму оҳиста,  вале  ҳақ мегӯяд. Мавсуф ҳеҷ гоҳ дурӯягию гуфтори духӯраро намепазирад.

Аз нуқтаи назари коршиносони масоили сиёсӣ Саид­мурод Фаттоҳзода ба сифати саpмеъмоp, на танҳо дипломатияи парлумони касбии мамлакатро аз ҷиҳати сиёсӣ таpмим намуд, балки сохтмони онpо баp пояҳои yстyвоpy сифатан нав баpпо намуд.

Дар зиндагии рӯзмарра ҳам ӯро боре музтариб ё ҳаросон надидаам. Тамкину шаҳоматаш нишоне аз кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон аст. Ӯ дар деги ҳаёт ҷӯшида, дар кӯраи зиндагӣ обутоб ёфта, аз мактаби рӯзгори халқ баҳраҳо бардошта, таҷриба андӯхта, рушду камол ёфтааст.

Роҳи тайкардаи Саидмурод Фаттоҳзода метавонад намунаи ибрати аҳли ҷомеа бошад. Хизматҳои пурарзиши ӯ боиси сарбаландию қадри баландаш гаштаанд. Маҳз бовариву эътимоди Сарвари давлат нисбат ба Саидмурод Фаттоҳзода буд, ки ба вазифаи ниҳоят масъулиятноки давлатӣ — Мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамин садоқату боварӣ буд, ки меҳри мавсуф дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт ва соли 2020-ум ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Фаъолияти Саидмурод Фаттоҳзода ба сифати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бори дигар собит сохт, ки донишу маҳорат, таҷрибаву малака ва шеваи роҳбариаш дар ин мақоми олии қонунгузор барои насли оянда як парлумони аз ҳама лиҳоз омода ва пуртаҷрибаро боқӣ мегузорад.

Ҳамаи ин заҳмату талошҳои Саидмурод Фаттоҳзода аз чашми роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, сазовори чандин мукофотҳои давлатӣ гардидааст.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон