Бемории саратонро пешгирӣ мебояд

№137 - 138 (3774-3775) 18.11.2017

ХАмоиш (1)10 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Рашт бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва фаъолони ноҳия суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хайринисо Юсуфӣ дар ин робита иброз намуд, ки ҳар сол теъдоди зиёде аз аҳолии сайёра гирифтори омосҳои бадсифат мешаванд ва қисмате аз онҳо мефавтанд.

Тибқи таҳқиқоти эпидемиологии солҳои охир тамоюли марговари бемории саратон дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ низ ба назар мерасад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ эҳтимол меравад, ки соли 2030 шумораи гирифторон ба ин беморӣ то ба 22 миллион ва фавтидагон то ба 14 миллион расад. Минтақаи Осиё аз ҷиҳати шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.

Аз маълумоти Ташкилоти байналмилалии назорати (саратон) тиббӣ («International Cancer Control») бармеояд, ки соли ҷорӣ дар ҷаҳон аз бемории саратон зиёда аз 8 миллион нафар фавтидаанд. Синни фавтидагон аз 30 то 69 — соларо ташкил медиҳад. Хайринисо Юсуфӣ, ҳамчунин афзуд, ки созмони мазкур 10 намуди саратон — шуш, ғадуди ширӣ, рӯдаи хурд, мақъад, меъда, ҷигар, гарданаки бачадон, сурхрӯда, масона ва лимфомаи хочкинро, ки босуръат дар ҷаҳон афзоиш ёфта истодааст, ба қайд гирифтааст.

- Дар миёни онҳо ҷойи аввалро саратони шуш ва ҷойи дувумро ғадуди ширӣ ишғол мекунад. Саратони гарданаки бачадон бошад, дар сохтори бемориҳои саратони занона, дар ҷойи сеюм қарор дорад, — гуфт Хайринисо Юсуфӣ.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон дар идома зикр кард, ки тайи даҳсолаи охир шумораи беморони гирифтори омосҳои бадсифат дар Тоҷикистон, чун дар тамоми ҷаҳон, босуръат афзуда истодааст. Аз ин хотир, ҳалли масъалаҳои бемориҳои саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад. Бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати ин бемориҳо дар чорчӯбаи татбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ солҳои охир аз ҷониби мақомоти марбута чорабиниҳои мақсаднок ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA), Дастгирии молиявии консорсиуми Ҷопонӣ «Токио FM» (HelloSmile) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) ташхиси бемории саратони гарданаки бачадонро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Бохтари вилояти Хатлон ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

- Боиси таассуф аст, ки новобаста аз корҳои анҷомшуда вазъи паҳншавӣ бақайдгирӣ ва фавт аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб боқӣ мемонад. Ҳадаф аз ҷамъ омадани мо ин аст, ки дар якҷоягӣ оид ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин масъала тадбирандешӣ намоем, — ҷамъбаст намуд Хайринисо Юсуфӣ.

Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, вобаста ба мавзӯъ Умарзода Саида-муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаҷимэ Китаока — Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиқзода Қаноатшо – раиси ноҳияи Рашт андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифт.